Хайриниссо Юсуфӣ ба намояндагони САҲА чӣ маслиҳат дод?

Обуна шудан
Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон умедворӣ кардааст, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону САҲА минбаъд таҳкиму густариш хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik.  Имрӯз Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Валериу Кивер, роҳбари навтаъини дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Точиикстон мулоқот намуд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: САҲА бояд барои таъмини амният қарорҳои муҳим қабул кунад

Бино бар иттилои манбаъ, Хайриниссо Юсуфӣ ин боздидро омили муҳими барои тақвияти ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва барномаҳои САҲА арзёбӣ кард.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот бо роҳбари навтаъини дафтари барномаҳои САҲА Валериу Киверро, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону САҲА минбаъд таҳкиму густариши бештар паӣдо хоҳанд кард.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоӣии миёни  кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Инчунин зимни мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА,  дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.

Флаг на автомобиле кортежа ОБСЕ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари навтаъйини САҲА дар Душанбе ба кор оғоз кард

Аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар сатҳҳои парлумон  ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ба ҳукми анъана даромадааст. Ин бештар ба тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА дар арсаҳои гуногун мусоидат кардааст.

Зимни мулоқот ҳарду ҷониб ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи ҳамкориҳои оянда ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ таъкид намуданд.

Лентаи хабарҳо
0