Зевар Давлатзода бо роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон мулоқот кард

© SputnikЗевар Давлатова, заместитель министра культуры Таджикистана
Зевар Давлатова, заместитель министра культуры Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар вохӯрӣ инчунин намояндаи Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон Баҳодур Рамазонов ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Муовини вазири фарҳанги ҶТ Зевар Давлатзода бо роҳбари дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо дар Тоҷикистон хонум Тула Юрёла мулоқот кард, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба рушди васоити ахбори омма дар Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорону кормандони техникии соҳа ва ба ин васила таҳия намудани барномаҳои ҷолиб ба воситаи имкониятҳои техникии муосир гуфтушунид намуданд.

Намояндагони САҲА гуфтаанд, ки Дафтари САҲА дар ҳамкорӣ бо Академияи Васоити ахбори оммаи  Тоҷикистон бунёди Маркази захиравии Васоити ахбори оммаро ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, Зевар Давлатзода ин иқдоми дафтари САҲА-ро як воситаи дигари рушди расонаҳо дар Тоҷикистон номид.

Лентаи хабарҳо
0