ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Раҳбари дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон тасмим гирифтаст, бори нахуст дар ҷумҳурӣ форуми занон баргузор намояд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, форуми мазкур таҳти сарпарастии Сафири Созмони байналмилалии "Занони сиёсатмадори роҳбар" Озода Раҳмон, санаи 9 - уми октябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, дар кори форум ҷавондухтарони фаъол, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва занони баруманди Тоҷикистон иштирок кунанд.
Зимнан, гуфта мешавад, ки форум таҳти унвони "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи ҷомеа" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардида, дар он коршиносони соҳа, олимону муҳаққиқон аз ҳисоби занону бонувон ширкат меварзанд.
Қобили зикр аст, масъалаҳои меҳварие, ки дар ҷараёни форум мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегиранд, инҳо марбут ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, илмию адабӣ ва фарҳангии занони тоҷик хоҳад буд.