Ҳодисаҳоро мо бо тартиби хронологӣ ҷо ба ҷо кардем, аммо аснои интихоби матолиб ба вокунишҳои марбут ба рухдодҳо дар ҷомеъа авлавият додем.
Интихобот бар пояи бе интихоб ва ё ночорӣ?
Якуми март дар Тоҷикистон интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон баргузор шуд.
Ин панҷумин интихоботи парлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб мегардид ва дар он 63 вакил интихоб шуданд.
Ҳизби ҳокими мансуб ба президент- ҲХДТ соҳиби 65,4% раъйи мардум гашт.
Тавре интизор меравт, ҳеч яке аз аҳзоби мухолифи кишвар натавонистанд ҳадди панҷдарсадии ороро убур кунанд.
ҲНИТ бо 1,6% ва ҲКТ (2,2%) дигар ҳизби мухолиф нестанд, инчунин ҲДТ (1,7%) ва ҲСДТ (0,5%) аз корзори баъдӣ берун шуданд.
Натоиҷи интихоботро нозирон интиқод накарданд, дар баробари ин "садо"-и мухолифин чунон сусту заиф буд, ки ба гумон аст, касе ӯро мешунид.
Ҳамин тавр, барои аввалин бор дар 15 соли ахир палатаи поёнии парлумон бе мухолифин монд.
Қатли Умаралӣ Қувватов
Шаби 5 март дар Истамбул роҳбари созмони мухолифи мавсум ба "Гуруҳи 24" кушта шуд. Ӯ ҳадафи тири шахси номаълум қарор гирифта, ба ҳалокат расид.
Коршиносон ба ин назар буданд, ки мақсади аслии супоришгарони куштори Умаралӣ Қувватов ноором кардани вазъи ҷомеъа дар Тоҷикистон буд. Аммо, бояд қайд кард, ки тайи муддати арзи вуҷуд намудани "Гуруҳ" дар бораи он мақомот медонисту хабарнигорон.
Ҳоло ҳам теъдоди аъзоёни созмон норушан аст, ки кӣ шомили он мебошад (ба истиснои чанд нафар, ки билофосила баъди марги Умаралӣ худро ҷойгузини мақтул эълом карданд).
Ба ҳар васила ҳадафи он номаълум боқӣ мемонад. Дар аввал Қувватов иброз дошт, ки дар интихоботи президентии соли 2013 номзадиашро пешбарӣ хоҳад кард, аммо ин ҳам амалӣ нашуд. Баъдтар эълом дошт, ки дар маркази пойтахт гирдиҳамоӣ баргузор менамояд, ин ҳам рух надод.
Дар Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов бо иртикоби ҷиноёти сангини иқтисодӣ муттаҳам дониста мешуд. Дар охири соли 2012 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд. Додситонии кулли ҶТ ба АМА барои истирдоди ӯ ба ватан нома ирсол кард. Аммо додгоҳи Дубай ин дархости Душанберо нодида гирифт ва Қувватов баъди чанде аз боздошт раҳо гардид.
Пас аз раҳоӣ Қувватов ба Туркия омад ва саранҷом дар Истамбул ба қатл расид.
Бедодгарии офоти табиӣ
Имсол дар Тоҷикистони азиятдида ҳаводиси табиӣ зиёд иттифоқ уфтод. Сеюми апрел дар рустои кӯчаки Яккабеди ноҳияи Файзобод кӯҳпора лағжида дар зери он 10 нафар сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд, миёни фавтидагон навраси 16-сола низ буд.
20-21 июл дар пайи боришоти зиёд ва фаромадани сел дар навоҳии водии Рашт хисороти ҳангуфт ворид гардид. Дар деҳаҳои Бедак ва Ҳалқарф беш аз сад манзили зист комилан тахриб шуд.
Роҳҳо валангор гардида пулҳои муҳим вайрон шуданд, интиқоли неруи барқ ба бархе манотиқи минтақа қатъ гардид.
Бар асари ин офати табиӣ ба иқтисоди кишвар беш аз 50 миллион доллар зиён расида, ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи авоқиби он аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ кӯмак хост. Зимнан, Русия, Беларус, ҶМЧ, ИМА, ҶФО ва Британияи Кабир ба дархости Душанбе посухи мусбат дода, ёрии инсондӯстона ирсол доштанд.
Имсол инчунин чанд дафъа дар кишвар заминларза ба вуқӯъ пайваст. Бори аввал 26 октябр зилзила Душанбе ва дигар манотиқи кишварро ҷунбонид ва маркази он дар Афғонистон эълом шуд.
Дар ин заминларзаи 7,5 балла бештар аз ҳама ВМКБ зарар дид. Дар ин ҷо 9 хона комилан ва 31-тои дигар қисман хароб шуданд. Дар пойтахт ҳарчанд ин офат хисоротеро дар пай надошт, аммо тарсу воҳимаро дар вуҷуди сокинон то дергоҳ ба ҷо гузошт.
Бори дуввум- 7 декабр заминларзаи 7-8 баллӣ дар қаламрави Бадахшон ба вуқӯъ пайваста, зарари зиёд ба иқтисоди вилоят ворид кард. Аз маҳалли ҳодиса- водии Бартанги ноҳияи Рӯшон беш аз сад хонавода кӯчонида шуданд, дар маҷмӯъ 500 нафар бесарпаноҳ монданд.
Мақомоти Рӯшон эълом доштанд, ки хисороти воридшуда 24 миллион сомонӣ мебошад. Дар пайи ин офат биноҳои мактабу китобхона, роҳҳо ва иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ хароб шуданд. Ҳоло ҳам ироаи кӯмак ба сокинони водӣ аз гӯшаву канори мамлакат, инчунин аз хориҷа идома дорад.
Хиёнати Гулмурод Ҳалимов
Хабари фирори як низомии воломақом аз Тоҷикистон ва пайвастани ӯ ба гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҷомеъаро ба ҳолати шокӣ овард. 27 май дар шабакаи "ЮТУБ" навори 12-дақиқагӣ пахш шуд. Зимни он Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милисаи ВКД (ОМОН) изҳор дошт, ки ба "ДИ" байъат кардааст.
Ба сафи террористон пайвастани худро ӯ чунин шарҳ дод, ки аз усулу шеваи кори роҳбарияти ВКД норозист. Ҳалимов гуфт, мақомот дар гузоштани намоз ва тарзи либоспӯшии сокинон, алалхусус ҳиҷобпӯшии занон дахолати мустақим доранд.
Баъдтар иттилоъе ба нашр расид, ки тибқи он гӯйё Гулмурод Ҳалимов захм бардошта, ба хӯҷаинони ҷадидаш "нолозим" шудааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар қиболи сарҳанги фирорӣ бар пояи се банди КҶ: хиёнат ба давлат, иштирок дар созмони ҷиноӣ ва мушорикат дар муноқишаҳои низомӣ дар хориҷ аз кишвар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ намуд.
Аснои кӯшиши табаддулоти давлатӣ…
Одатан дар Тоҷикистон фасли тобистон ҳаводиси номатлуб рух дода, ҷомеъаро нигарон мекард, аммо ба таври ғайримаъмул имсол тобистон орому сокит пушти сар шуд. Тирамоҳ бошад, ҳодисае иттифоқ уфтод, ки касе интизораш набуд: кӯшиши ғасби ҳукумат ва табаддулоти давлатӣ.
Чоруми сентябр ба ШВКД дар ноҳияи Ваҳдат афроде ҳамлавар гардида, худи ҳамин рӯз аз Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа теъдоди зиёди силоҳро рабуданд. Баъдтар дар гардиши фурудгоҳ ба дидбонгоҳи ОМОН ҳуҷум карданд. Бар асари ин ҳамалот ҳашт корманди милиса ба ҳалокат расиданд.
Масъулияти ин ҳама ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) бор карданд. Пас аз ин, генерал бо ҳамроҳонаш ба дараи Ромит паноҳ бурд. Амалиёти хунсо кардани гуруҳи тобеъи Ҳоҷӣ Ҳалим қариб ду ҳафта тӯл кашид.
Чаро Назарзода ба ин кор даст зад ва оё ӯ бо гуруҳаш аз ӯҳдаи амалӣ кардани табаддулот мебаромад? Ин суолест боз ва ҳанӯз посухи мушаххасро дар ин бора касе пайдо накардааст.
Билофосила, пас аз ин ҳодисот роҳбари маънавии табаддулот эълом шуд. Ба қавли мақомот сарварии онро раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба зимма дошт. Далеле, ки ҳайрати коршиносон ва ҷомеъаро ба миён овард.
Фарҷоми ҲНИТ ва боздоштҳо
Баъди ду рӯзи безарар кардани Назарзода боздошт ва ба маҳкама кашидани роҳбарияти воломақоми ҳизби наҳзат шурӯъ гардид. Сараввал аъзои Раёсати олӣ ва пас аз он пайравони оддӣ ва наздикони ҲНИТ-ро дастгир карданд.
Ба парванди маҳбусин муҳри комилан махфӣ гузошта шуд.
Ва анҷоми мантиқии ин "амалиёти тозакунӣ" рӯзи 29 сентябр эълом шуд. Додгоҳи олӣ бо пешниҳоди Додситонии кулли Тоҷикистон ҲНИТ-ро ташкилоти ифротгаро ва террористӣ хонда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мутаваққиф кард.
Дар ҳоли ҳозир 13 узви раёсати ҲНИТ — муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов дар боздошт ба сар бурда, интизори эъломи ҳукми додгоҳ мебошанд.
Марги мармузи тифли тоҷик дар Санкт-Петербург
Шаби 14 октябри соли ҷорӣ Умаралӣ Назарови 5-моҳа, ки чанд соате қабл ӯро иҷборӣ аз модараш Зарина Юнусова ҷудо карданд, дар шароити мармузе дар бемористони шаҳри Санкт-Петербурги Русия даргузашт. Аввал кӯдаки ширхорро ба ихтиёри кормандони умури ноболиғон гузошта ва пас аз бад шудани саломатиаш ба бемористон интиқол доданд.
Дар мавриди марги Умаралӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ин гуна таҳаввулот дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид.
Аммо Умаралӣ пеш аз ба зӯр аз модар ҷудо кардан солим буда ва дар муддати ҳамагӣ 12 соати ҷудоӣ аз модар дучори марг шудааст.
Марги Умаралӣ Назаров мавҷи то кунун бесобиқаи эътирозу маҳкумиятҳо дар Русияву Тоҷикистон ва берун аз онро ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳар ду кишвар изҳори назар карданд.
3000-солагии Ҳисор
27 октябр дар саросари мамлакат аз 3000-умин солгарди Ҳисори бостон таҷлил карданд. Дар ноҳияи мазкур даҳҳо иншооти ҷашнӣ қомат афрохта, чойхонаи "Харбуза" ба истифода дода шуд. Қалъаи Ҳисор пурра таъмиру тармим гардид.
Раисҷумҳурро, ки дар ин ҷашн шахсан ҳузур дошт бо нидоҳои ""Зинда бод, Сулҳ", "Шараф ба Истиқлолият" "Умрат дароз, Шоҳ" истиқбол карданд.
Арҷгузорӣ ба таърихи миллат аз рукнҳои фарҳанги давлатдорист!
"Рақс"-и доллар
Шурӯъ аз аввали сол арзиши доллар дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа (35%) боло рафт, ки назирашро то ҳол дар кишвар надида буданд.
Болоравии нархи доллар, ки рӯз ба рӯз не, соат ба соат эҳсос мешуд, сабабгори басташавии чанд фурӯшгоҳу мағоза гардид.
Аз оғози моҳи декабр табдили озоди доллар дар Тоҷикистон номумкин шуд. Ҳоло арзи амрикоиро бо тасмими вижаи БМТ фақат дар бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳӣ иваз кардан мумкин асту бас.
Таври маълум иқтисоди Тоҷикистон аз доллари амрикоӣ вобастагии зиёд дорад, зеро ҳудуди 70%-и маҳсулоти маҳсулотро аз хориҷа бо қурби арзи ИМА ворид менамоянд. Аз ин рӯ, калавиши доллар ба аҳоли таъсири манфиеро дар пай дорад.
Таманно мекунем, ки дар имсол арзиши арзи хориҷӣ мӯътадил боқӣ бимонад ва кисаи тоҷикистониён ҳамеша пур аз пул бошад!
Эмомалӣ Рахмон ҳамчун Пешвои миллат
18 декабр президенти Тоҷикистон ба ҳайси Пешвои миллат эътироф гардид.
Ин чӣ зарурат дошт ва барои чӣ амалӣ шуд? Ба ин суол якбора чанд нафар посух гуфтанд. Дар оғоз яке аз мубтакирони тарҳи қонун "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат" вакили МН Абдураҳим Холиқзода гуфт, лоиҳаи қонун бо пешниҳод ва дархости мардум омода шудааст.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров бошад дар навбати худ эълом дошт, ки ба ҷонибдории қонуни мазкур "бо даъвати дил ва бар пояи қарзи шаҳрвандӣ" овоз медиҳад. Ба қавли ӯ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллат ва Тоҷикистон хидматҳои беназир кардааст.
Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев иброз дошт, ки "ҳеч кас Тоҷикистонро баробари Эмомалӣ Раҳмон дӯст намедорад.
Ин қонун барои Эмомалӣ Раҳмон чанд имтиёзеро фароҳам меорад. Тибқи ин санад, пас аз мансаб рафтан ҳам президент дахлнопазир боқӣ монда, аз нақлиётӣ хидматӣ таъмин хоҳад буд. Манзили зист, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва дигар навъи имтиёзҳои Раҳмон нигоҳ дошта мешаванд.
Роҳхати дастаи "Истиқлол" ба финали Ҷоми КФО
Барои нахустин бор дар таърихи футбол, тими Тоҷикистон ба даври ниҳоии сабқати Конфедератсияи Футболи Осиё (КФО) роҳ ёфт. Дастаи "Истиқлол" дар даври финалӣ вориди рақобат шуд.
Бале, ин имкон пас аз хориҷ кардани дастаҳои Қувайт барои тими Тоҷикистон фароҳам омад, аммо касбияти футболбозони тоҷикро низ нодида гирифтан хуб нест.
Чунин хабарҳо бояд бештар бошанд, то табъи мо ҳамеша болидаву хуш бошад!
Таърих- зери хатари тахриб
Миёнаи моҳи декабр ҳукумати пойтахт пояи нишони Тоҷикистони шӯравиро аз маркази Душанбе канда, ба осорхонаи таърихӣ- Бунёди рассомон интиқол дод.
Ба ғайр аз аҳамияти таърихӣ доштанаш, ин иншоот маънии дигар- "нуқтаи сифр"-ро низ ба худ касб карда буд. Маҳз аз ин нуқта масофа дар шаҳр чен карда мешуд.
Сармеъмори шаҳр аз шарҳи қазия худдорӣ кард, дар ҳукумати Душанбе бошад, ин пояро чизи зиёдатӣ ва нодаркор унвон карданд.
Чаро мо ба ин ҳодиса ҳамчун рухдоди муҳим руҷӯъ кардем? Барои он ки сокинони пойтахт тавре аз шунидани хабари кӯчонидан ва тахриби биноҳои театрҳои Маяковский, ба номи Лоҳутӣ ва чойхонаи овозадори "Роҳат" нигарон шуда буданд, аз кандани пояи рамзи Тоҷикистони шӯравӣ низ ба изтироб омаданд.