Додситонии кулл: Назарзода бо дастури Кабирӣ амал мекард

© Sputnik / Амир ИсаевГенеральная прокуратура РТ. Архивное фото
Генеральная прокуратура РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳорот боздошти дастҷамъии аъзои Раёсати олӣ ва раҳбарони баъзе аз бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии кишварро шарҳ додааст.

Душанбе, 17 сен — Sputnik. 13 узви фаъоли ҲНИТ дар робита ба амалҳои ахири генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини кушташудаи вазири дифои кишвар боздошт шудаанд, омадааст дар изҳороти ин ниҳод, ки онро АМИТ "Ховар" нашр кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ дар парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кабирӣ: масъала дигар бастан ва ё набастани ҲНИТ нест

"Бо мақсади пешгирӣ кардани амалҳои нави террористӣ, ҷалб кардани шаҳрвандон ба содир кардани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта, созмон додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин халалдор намудани оромӣ ва амнияти мардуми Тоҷикистон шахсони зерин, ки аъзои фаъоли ҲНИТ буда, дар амалҳои ҷинояткоронаи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода А.М. гумонбар дониста шудаанд, баъди пурра нобуд гардидани ин гурӯҳи террористӣ кӯшиши пинҳоншавӣ ва фирор аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро доштанд, боздошт гардиданд",- таъкид шудааст дар изҳороти Додситонии кулл.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзи 16 сентябр 13 узви фаъоли зерини ҲНИТ дастгир шудаанд, ки миёни онҳо муовинони Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб ҳам ҳастанд:

  1. Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, соли таваллудаш 1961, зодаи ноҳияи Мӯъминобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Крупская, хонаи 114;
  2. Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб соли таваллудаш 1958, зодаи деҳаи Таҳназарии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Ф. Аттор, хонаи №50;
  3. Давлятов Абдуқаҳор Абдукаримович, соли таваллудаш 1975, зодаи ноҳияи Румӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ушаков, х.110, ҳуҷраи 8;
  4. Каримов Саттор Самадович, соли таваллудаш 1959, зодаи шаҳри Кӯлоб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, деҳаи Деҳи Нав;
  5. Розиқов Зубайдуллоҳ, соли таваллудаш 1946, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, хонаи 337, ҳуҷраи 15;
  6. Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Хоҷанбиёи Поён, хонаи 125;
  7. Ҳикматулло Сайфуллозода, соли таваллудаш 1950, зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Fафуров, бинои 10/1, хонаи 10;
  8. Ҳаитов Махмадалӣ Раҳмонович соли таваллудаш 1957, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, хонаи 17/4, ҳуҷраи 6;
  9. Авазов Қиёмиддин Қурумҷонович, соли таваллудаш 1959, зодаи ноҳияи Вахш, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Fафуров, бинои 10/1 хонаи 10;
  10. Хуҷаева Зарафо Раҳмоновна, соли таваллудаш 1973, зодаи ноҳияи Қумсангир, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев, бинои 132, хонаи 40;
  11. Набиев Маҳмадшариф Маҳмадалиевич, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Фрунзе, хонаи 84;
  12. Fайратов Абдусамад Исмоилович, соли таваллудаш 1962, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, маҳаллаи Тамошотеппа;
  13. Қосидинов Воҳидхон соли таваллудаш 1956, зодаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пулодӣ, бинои 19, хонаи 10;
Қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: боздошти аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ дар Тоҷикистон

Дар изҳороти Додситонии кулли кишвар инчунин таъкид шудааст, ки генерал Назарзода бо дастури бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноӣ ташкил ва роҳбарӣ мекардааст.

"Назарзода тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастур ва роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кабирӣ Муҳиддин беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷумҳои мусаллаҳона давраи моҳи августи соли 2015 сурат гирифта, бо ин мақсад тавассути фондҳои бо ном хайриявии доираҳои муайяни кишварҳои хориҷӣ маблағҳои калони пулӣ ворид шудааст",- омадааст дар баёния.

Изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳолест, ки зуҳри 16 сентябр мақомоти қудратии кишвар аз поён ёфтани амалиёти муштараки худ барои нобуд кардани дастаи генерал Назарзода хабар доданд. Дар пайи ин эълон амалиёти мақомот барои боздошти аъзои фаоъ ва Раёсати олии ҲНИТ ҳам шуруъ кард.

Лентаи хабарҳо
0