ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тими футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар пайи барканории Ассотсиатсия футболи Кувайт аз ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ пеш аз мӯҳлат ба финали Ҷоми КФО-2015 роҳ ёфт, хабар медиҳад, дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар.
"Дисквалификатсия он вақт аз ин кишвар бардошта мешавад, ки ассотсиатсия ва клубҳо фаъолияти худро мустақилона ба роҳ монанд", — гуфта мешавад, дар изҳороти ФИФА.
Дар натиҷаи ин маҳрумшавӣ дастаҳои мунтахаби футболи Кувайт ва клубҳои футболи ин кишвар аз ин ба баъд наметавонанд, дар мусобиқаҳои зери мушоияти ФИФА ва КФО иштирок кунанд.
Вохӯриҳои ҷавобии нимфинали Ҷоми КФО, ки бояд миёни "Ал-Қадсия" бо "Ҷохор Дорул Такзим"-и Молайзия ва "Кувайт" бо "Истиқлол"-и Тоҷикистон 20-21 октябр баргузор мешуд, манъ карда шуданд.
Маблағи ҷоизаи Ҷоми КФО 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта 250 ҳазор доллар супорида мешавад.
Бозии даври ниҳоии Ҷоми Кфо-2015 миёни дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Ҷохор Дорул Такзим"-и Молайзия 31 октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.