Собиқ фармондеҳи ОМОН дар бораи пайвастанаш ба ДИ изҳор доштааст

© SputnikАкс аз навори интернетии Гулмурод Ҳалимов, ки дар бораи пайвастанаш ба ДИ иброз доштааст
Акс аз навори интернетии Гулмурод Ҳалимов, ки дар бораи пайвастанаш ба ДИ иброз доштааст - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шабакаи интернет навори видеоие дар бораи фармондеҳи ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр шуд, ки зимни он ӯ мегӯяд ба Давлати исломӣ пайвастааст.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, полковник Гулмурод Ҳалимов, ки бино ба хабарҳо аз 23-юми апрели соли равон бедарак шуда, овозаҳое паҳн гашта буд, ки ба Сурия рафтааст, дар як навори видеоӣ мегӯяд, ба "Давлати исломӣ" пайвастааст, менависад Радиои Озодӣ.

Гулмурод Ҳалимов дар ин навор, ки Радиои Озодӣ ба он истинод мекунад, бо забони русӣ худро комилан муаррифӣ менамояд ва хотирнишон мекунад, ки дар Русия ва солҳои 2003 ва 2008 дар Амрико давраҳои омӯзишии низомиро гузаштааст. Инчунин мегӯяд, ки Академияи ВКД-и Тоҷикистонро бо рутбаи майор хатм намудааст.

Рамазон Раҳимзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи мақомот дар бораи "гумшавӣ"-и фармондеҳи “ОМОН”

Ҳамчунин мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо Ислом ошноӣ дошт ва намоз мехонд: "Замоне дар мактаб мехондам, таърихи тоҷикон, таърихи исломро омухтам. Онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд. Замоне "Давлати исломӣ" пайдо шуд мегуфтанд, ки гуруҳи давлати исломӣ аст, вале дар воқеият ин "Давлати исломӣ" мебошад ва тасмим гирифтам, ки ба он бипайвандам".

Маврид ба тазаккур аст, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё "ОМОН"-и Тоҷикистон як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ба иттилои расонаҳо, ки ба мақомоти қудратӣ такя карда матлаб нашр карданд, силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда буд. Дар пайи ғайб задани Ҳалимов расонаҳои Тоҷикистон аз пайвастани ӯ ба созмони террористии "Давлати исломӣ" хабар доданд, аммо мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Лентаи хабарҳо
0