ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҷасади боз 3 қурбонии ярчро дар деҳаи Яккабеди Файзобод аз зери хок пайдо карданд, менависад оҷонсии "Озодагон".
Ориф Нозимов, сухангӯи ин ниҳод 10 апрел ба оҷонсӣ иттилоъ додааст, ки нафарони пайдогардида Худойбердӣ Одинаеви 52-сола, Саид Ҷалилови 18-сола ва Наим Қурбонови 26-сола мебошанд.
Ориф Нозимов қабан ба расонаҳо гуфта буд, ки низомиёни маркази наҷотдиҳии кумита соати 8:00-и рӯзи 7 апрел ҷасади Мақсуд Толибов, соли тавалудаш 1996-ро аз зери хок берун овардаанд. Дар маҷмуъ то ҳол аз 10 қурбонии ярч дар Файзобод ҷасади 6 нафарашон дарёфт шуда, кофтукоби ҷасади 4 нафари дигар идома дорад.
Рӯзи 3 апрели соли равон дар деҳаи Яккабеди ноҳияи Файзобод тақрибан соати 13:10 дақиқа ярч фаромада, 10 сокини деҳаро, ки тариқи ҳашар ба таъмири қубури обгузар машғул будаанд, зер кард. Дар пайи ҷустуҷӯ рӯзи аввал ҷасади ду нафар — Шодмон Алимардонов, соли таваллудаш 1990 ва Муҳаммад Умаров соли таваллудаш 1987 дарёфт шуда, ҷанозаи ҳашт тани дигар дар ҷои ҳодиса хонда шуд.
Бо далели мавҷуд набудани роҳи мошингард ва зиёд будани хоки лағжида корҳои ҷустуҷӯӣ муваққатан қатъ гардид, аммо ба зудӣ он аз сар гирифта шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, то ҷои ҳодиса роҳ кушодаанд ва чанд техника ҳам барои гуруҳҳои наҷотдиҳанда ҷудо шудааст.