ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Аксарияти дунё, ки 85%-и аҳолии кураи Заминро ташкил медиҳад, тарафдори тақсимоти одилонаи захираҳои ҷаҳонӣ, эҳтироми гуногунии тамаддун, демократиконии мунтазами ҳаёти байналхалқӣ мебошанд.
Ин нуктаро вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров дар мақолаи ҷадид, ки ниҳоди тобеяш нашр кардааст, зикр намудааст. Ӯ аз ҷумла навиштааст:
Ғарби дастаҷамъӣ баробариро эҳтиром намегузоранд, ба дигарон аз боло ба поин назар меандозанд. Амрикоиҳо ва ҳаммаслакони аврупоии онҳо дар асоси мантиқи "пешво" – "пайрав" одат кардаанд ва аксар вақт ӯҳдадориҳоро аз ҷумла ҳам хаттӣ ва ҳам ҳуқуқӣ ба уҳда мегиранду иҷро намекунанд.
Тавре президенти Русия, Владимир Путин қайд кард, Ғарб воқеан "империяи дурӯғ" аст. Инро мо медонем. Лозим ба ёдоварист, муттаҳидони мо то торумори гитлерчиён, аз ҷумла Вашингтон ва Лондон дар соли 1949 тарҳи амалиёти ҷангӣ алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ кашиданд.
ИМА нақшаи зарбаи ҳастаӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ дошт, аммо танҳо ихтирои бомби ҳастаии ҷавобӣ онҳоро аз роҳашон гардонд.
Пас аз ба охир расидани Ҷанги сард, вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар муттаҳид кардани Олмон ва мувофиқа кардани сохтори нави амнияти Аврупо нақши ҳалкунанда бозид, ба роҳбарияти шӯравӣ ва баъдан Русия дар бораи васеъ накардани НАТО ба Шарқ кафолати мушаххас дода шуд. Сабтҳои дахлдори гуфтушунид дар бойгонии мо ва Ғарб мавҷуданд.
Аммо сарфи назар аз уҳдадориҳояшон, аз ҷумла дар доираи САҲА наздикшавӣ ба марзи Русияро идома доданд.
Дар охири соли 2021 - ибтидои соли 2022 пешниҳодҳои мо дар бораи бастани созишномаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО дар бораи кафолатҳои амнияти мутақобила дар Аврупо бидуни тағир додани мақоми ғайриблокии Украина бо такаббур рад карда шуданд.
Ғарб мусаллаҳсозии мунтазами режими Киевро, ки дар натиҷаи табаддулоти хунин ба сари қудрат омада буд ва ҳамчун пойгоҳ барои эҷоди таҳдидҳои мустақими низомӣ ба кишвари мо ва нобуд кардани мероси таърихии он дар сарзаминҳои манфиатҳои қонунии Русия идома дод.
Силсилаи машқҳои муштараки ахири Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни аврупоии НАТО, аз ҷумла сенарияи озмоиши истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, аз замони анҷоми ҷанги сард бесобиқа буд. Вазифаи эълонкардаи "шикасти стратегӣ" ба Русия дар ниҳоят чашмони сиёсатмадорони бемасъулиятро, ки ба беҷазоии худ мутмаинанду ҳисси ибтидоии худҳифозатиро гум кардаанд, кӯр кард.
Зуҳуроти нави хавфноки паҳнавии НАТО кушиши васеъ кардани майдони масъулияти блок ба тамоми нимкураи Шарқӣ мебошад. Бо ин мақсад Вашингтон дар таҳти назорати худ иттифоқҳои мини-сиёсию ҳарбӣ ба монандаи АУКУС, сегонаи ИМА, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва чоргонаи Токио — Сеул — Канберра — Веллингтонро ташкил кардаст.
Иштирокчиёни онро ба ҳамкории амалӣ бо НАТО мекашад, ки инфрасохтори худро дар театри Уқёнуси Ором роҳандозӣ мекунад.
Тамаркузи бепарвоёнаи чунин кӯшишҳо алайҳи Русия ва Чин, ба суқути меъмории амнияти минтақавии фарогир ва ба консенсус асосёфта оварда, хатари пайдоиши як макони нави таркиши шиддати геополитикиро ба вуҷуд меорад.
Чунин таассурот пайдо мешавад, ки гуё ИМА ва "коллективи Ғарб", ки комилан ба он тобеанд, қарор доданд, ки "доктринаи Монро"-ро ба тамоми ҷаҳон паҳн созанд. Ин нақшаҳо мисли пештара хатарноканд, аммо он идеологҳои "Рax Americana"-ро бознамедорад.
Кор ба дараҷае расидааст, ки доираҳои хукмрони Ғарб хилофи оинномаи СММ ба дигар мамлакатҳо таҳмил месозанд, ки муносиботи байнидавлатиро бо кӣ ва чӣ гуна ба роҳ монанд. Амалан ҳаққи онҳоро ба мустақилият ва манфиатҳои миллӣ маҳдуд мекунад.
Дар эъломияи Вилнюси НАТО "шарикии афзояндаи Русия ва Чин"-ро ҳамчун “таҳдид ба НАТО” тавсиф кардаанд. Макрон ба наздикӣ дар назди сафирони Фаронса изҳори нигаронии самимӣ аз тавсеаи БРИКС карда, ин ҳодисаро ҳамчун далели “мураккаб шудани вазъ дар арсаи байналмилалӣ, ки хатари заиф шудани Ғарб ва бахусус Аврупоро дорад, арзёбӣ кард.
Ин аст, ошкор, ки аагар касе дар ягон ҷо бе мо ҷамъ шавад, бе мо ё бе иҷозати мо дӯстӣ кунад, пас ин ҳамчун таҳдид ба ҳукмронии мо ҳисобида мешавад. Пешравии НАТО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором кори хуб аст, аммо тавсеаи БРИКС хатарнок будааст.
"Коллективи Ғарб", таҳти роҳбарии ИМА худсарона мартабаи ҳаками тақдири тамоми инсониятро ба худ гирифта, худро истисно медонанду мероси асосгузорони СММ-ро торафт бештар сарфи назар кардаанд.
НИят доштанд, меъмории хеле мутамаркази СММ-ро бо як навъ "тартибот бар пояи қоидаҳо" иваз кунад. Ин қоидаҳоро ҳеҷ кас надид (дурусттараш, онҳоро ба касе нишон надоданд), аммо бо мушоҳидаи амалҳои дуҷониба ва риёкоронаи англосаксонҳо ва дигар муҳандисони геополитикӣ фаҳмиши равшанеро ташаккул додан мумкин аст, ки ин авантюра дар амал чӣ гуна амалӣ мешавад.
Ба ибораи дигар, Ғарб зарурати эҳтироми меъёрҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳидро инкор накарда, ҳамеша ба таври интихобӣ ба онҳо муроҷиат мекунад ва танҳо он чизеро, ки дар лаҳзаи фурсатталбона ба ниёзҳои ғаразноки геополитикии он хидмат мекунад, берун мекунад.
Зимнан, тамоми принсипҳои он бояд на ба таври интихобӣ, балки ба таври куллӣ, куллӣ ва пайвастагии онҳо ба манфиати танзими одилонаи муносибатҳои байналмилалӣ риоя карда шаванд: баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии онҳо, эҳтиром ба тамомияти арзӣ, баробарӣ ва худшиносӣ, уҳдадории иҷрои қарори Шӯрои амнияти СММ ва мустаҳкам намудани СММ ҳамчун маркази ҳамоҳангсозии амалҳо аз ҷумлаи онҳоянд.
Ҳеҷ гоҳ дар ҳеҷ ваҷҳ Вашингтон, Лондон ва иттифоқчиёни онҳо аз принсипи асосии оиннома, ки "СММ ба баробарию соҳибихтиёрии давлатҳо асос ёфтааст", на танҳо истифода намебаранд, балки ҳатто зикр намекунанд.
Ин принсип ба он нигаронида шудааст, ки ба ҳамаи мамлакатҳо, сарфи назар аз андоза, шакли давлат, системаи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ мавқеаи сазовор дар ҷаҳон дошта бошанд.
Ғарб кушиш мекунад, ки дунёро ба "демократия" тақсим кунад, ки ба онҳо ҳар кор иҷозат аст ва боқимондаҳо, ки вазифадоранд ба манфиатҳои "миллиарди тилоӣ" хизмат кунанд.
Нишондоди "худхоҳии истисноӣ"-и Ғарб изҳороти оммавии роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо, Жозеп Боррел буд, ки гуфт "Аврупо боғи биҳишт аст ва тамоми ҷаҳон ҷангал аст". Ин аллакай "баробарҳууқуқии сохибихтиёрӣ" не, балки мустамликадории соф мебошад.
"Колекстиви Ғарб" ҳамчунин меъёри асосии дахолат накардан ба корҳои дохилии мамлакатҳои дигарро доимо вайрон мекунад. Мисолҳо бисёранд — аз Америкои Марказӣ, Югославия ва Ироқу Лубнон. Ҳоло ба экспансия дар фазои пасошӯравӣ диққати махсус дода мешавад.
Ғарб баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ошкоро талош мекард, ки Украинаро таҳти назорати худ гирад, сиёсатмодоронро гапдаро, табодулоти давлатӣ дар соли 2014 ташкил намуда, меъёрҳои дахолат накардан ба корҳои дохилиро зери по намуд.
Фавран баъди табаддулот дастандаркорони ба маҳдуд кардани ҳаққи русзабонҳо пардохтанд, сокинони Қриму Донбассро, ки бо ғасби ҳукумат розӣ набуданд, террорист эълон карданду алайҳашон ҷанг эълон намуданд. Дар посух сокинони Қриму Донбасс бар пояи банди дуюми моддаи 1-и Оинномаи СММ тибқи меъёри баробария худихтиёрии халқҳо ҳамапурсӣ гузаронданд. Ин меъёрро дар мавриди Украина кишварҳои ғарбӣ сарфи назар мекунанд.
Қабули қонунҳои нажодпарастона, ки ҳама чизи русиро манъ мекунад - маориф, расонаҳо, фарҳанг, тахриби китобу ёдгориҳо, мамнӯъияти калисои православии украинӣ ва мусодираи моликияти он, ки дар пайи табаддулоти давлатӣ дар замони Пётр Порошенко ва баъдан Владимир еленский сурат гирифт, хилофи банди 3-и моддаи 1-и Оинномаи СММ мебошад.
Ин банд дар бораи эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ барои ҳама - бидуни тафовут аз рӯи нажод, ҷинс, забон ва дин мебошад. Ногуфта намонад, ки ин амалҳо мустақиман хилофи Конститутсияи Украина буданд, ки ӯҳдадории давлатро барои эҳтиром ба ҳуқуқи русҳо ва дигар ақаллиятҳои миллӣ муқаррар мекунад.
Киев ӯҳдадор шуд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар доираи "Маҷмӯи чораҳо оид ба татбиқи созишномаҳои Минск" аз 12 феврали соли 2015, ки бо қатъномаи махсуси 2202 Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, иҷро кунад. Аммо баъдан ба ғайр аз раисҷумҳури Русия, Владимир Путин боқимонда иштирокдорони он гуфтанд, ки ҳатто нияти иҷрои ин тавофуқотро надоштанд.
Вазири номии корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ, Андрей Громико борҳо таъкид карда буд, ки "даҳ соли гуфтушунид аз як рӯзи ҷанг беҳтар аст". Тибқи ин насиҳат мо солҳои тӯлонӣ музокира кардем, барои бастани созишномаҳо дар соҳаи амнияти Аврупо талош кардем, санади калидии Русия ва НАТО-ро дар соли 1997 тасдиқ намудем, эъломияи САҲА дар бораи тақсимнашавандагии амниятро дар сатҳи олӣ қабул кардем ва аз соли 2015 инҷониб мо ба иҷрои бечунучарои созишномаҳои Минск, ки дар натиҷаи гуфтушунид ба амал омадаанд, исрор мекардем.
Ҳамаи ин тибқи Оинномаи СММ, ки "таъмини шароит барои адолат ва эҳтироми ӯҳдадориҳое, ки аз шартномаҳо ва дигар манбаъҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд" талаб мекунад. Аммо ҳамкасбони ғарбӣ ҳангоми имзои санад, пешакӣ медонистанд, ки онро иҷро намекунанд ва ин меъёри СММ-ро сарфи назар намуданд.
Ҳоло дар суханронии ҳарифони мо танҳо шиорҳое ба монанди "таҷовуз, хушунат, забт" мешунавем. Дар бораи сабабҳои асосии мушкил хомӯшанд, ки чӣ гуна солҳо режими ошкоро миллатгароро тарбия карда, натиҷаҳои ҷанги дуюми ҷавҳон ва таърихи худро аз нав навиштаанд. Ғарб аз сӯҳбати моҳиятие, ки ба далелҳо асос ёфтааст ва аз эҳтироми тамоми талаботи Оинномаи СММ мегӯяд, худдорӣ мекунад.
Чунин таассурот пайдо мешавад, ки ғарбиҳо аз мубоҳисаҳои касбӣ, ки демогогияи онҳоро фош мекунанд, метарсанд. Мустамликадорони собиқ аз иддао дар бораи тамомияти арзии Украина мегӯянд, аммо дар бораи қарорҳои СММ дар бораи барои Париж зарурати баргардонидани Майотто ба Иттиҳоди Ҷазираҳои Комор аз сӯи ва Лондон рафтан аз архипелаги Чагос ва оғози гуфтушунид бо Буэнос-Айрес оид ба ҷазираҳои Малвин нодида мегиранд.
Ин "ҳомиён"-и тамомияти арзии Украина ҳоло вонамуд мекунанд, ки моҳияти созишномаҳои Минскро, ки муттаҳид шудани Донбасс бо Украина бо кафолати эҳтиром ба ҳуқуқи бунёдии инсон, бахусус ҳаққи забони модарии худ буд, дар хотир надоранд. Ғарб, ки ба иҷрои онҳо халал расонд, масъулияти бевоситаи суқути Украина ва барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ дар он ҷоро бар дӯш дорад.
Инчунин оинномаи СММ меъёри ҳалли низоъҳоро аз тариқи созмонҳои минтақавӣ муқаррар кардааст. Мутобиқи ин принсип Русия ҳамроҳ бо муттаҳидонаш пайваста ҷонибдори таъсиси равобити СААД ва НАТО мебошад, то ба иҷрои амалии қарорҳои нишастҳои САҲА оид ба ҷудонопазирии амнияти Аврупо мусоидат намояд.
Аммо ба муроҷиатҳои СААД аз сӯи НАТО беэътиноӣ шуд. Агар НАТО пешниҳодҳои СААД дар мавриди ҳамкориро рад намекард, шояд ин имкон медод, ки аз бисёре аз равандҳои манфие, ки боиси бӯҳрони аврупоӣ шуд, ба далели он, ки тӯли даҳсолаҳо аз гӯш андохтан ба Русия сарпечӣ мекарданд ва ё фирефта шуда буданд, пешгирӣ мешуд.
Тартиботи либералии ғарбӣ бе стандартҳои дугона ғайриимкон аст. Вақте ки принсипи худмуайянкунӣ ба манфиатҳои геополитикии Ғарб мухолиф аст, масалан, дар сурати озодона изҳори иродаи сокинони Қрим, ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, вилоятҳои Запороже ва Херсон, на танҳо интихоби халқро маҳкум мекунад, балки бо таҳримҳо ҷазо медиҳад. Аммо вақте ба судашон аст, онро ҳаққи мутлақ мехонанд. Мисол бидуни раъйпурсӣ аз Сербия кандани Косово кофист.
Ҳоло Брюссел дар ғамхорӣ ба ғаразҳои геополитикии худ, "хизматҳои миёнаравӣ"-и худро бар Озарбойҷон ва Арманистон таҳмил мекунад ва якҷо бо Вошингтон дар Қафқози Ҷанубӣ бесуботӣ меорад. Ҳоло ки Ереван ва Боку соҳибихтиёрии ҳамдигарро эътироф карданду масоилро ҳал намуданд, вақти ба роҳ андохтани ҳаёти осоишта мебошад. Нерӯҳои посдори сулҳи Русия омода аст, ки дар ин кор бо ҳар роҳ саҳм гузорад.
Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он бо мақсади пешгирии демократикунонии муносибатҳои байнидавлатӣ котиботи созмонҳои байналмилалиро беш аз пеш ошкоро ва тантанавӣ хусусигардонӣ намуда, алайҳи онҳое қарор қабул мекунанд, ки ба Вашингтон маъқул нестанд.
Хатти таҷовузкоронаи манфиатҳои ақаллияти Ғарб дар муносибатхои байналхалқлӣ буҳрони ҷиддиро ба амал овард. Хавфи муноқишаҳои ҷаҳонӣ меафзояд. Бо вуҷуди ин, роҳи баромадан аз ин вазъият вуҷуд дорад.
Аввалан, ҳама бояд масъулиятро барои сарнавишти ҷаҳон - дар шароити таърихӣ дарк кунанд, на аз нуқтаи назари фурстталабиҳо дар интихоботи навбатии миллӣ. Тақрибан 80 сол пеш, раҳбарони ҷаҳон бо имзои Оинномаи СММ ба мувофиқа расиданд, ки баробарии ҳамаи давлатҳоро эҳтиром кунанд ва ба ин васила зарурати як тартиботи баробар ва бисёрмарказии ҷаҳониро ҳамчун кафолати устуворӣ ва амнияти рушди онҳо эътироф намоянд.
Шумораи торафт зиёдтари давлатҳои ҷаҳон барои мустаҳкам намудани соҳибихтиёрии худ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, анъана, маданият ва усули зиндагии худ талош мекунанд. Онҳо намехоҳанд таҳти фармони касе зиндагӣ кунанд, онҳо мехоҳанд бо ҳамдигар ва бо тамоми ҷаҳон дӯст бошанд ва тиҷорат кунанд - танҳо дар шароити баробар ва ба манфиати мутақобила, дар чаҳорчӯбаи меъмории объективии бисёрқутбӣ. Дар нишастҳои ахири БРИКС, G20 ва Осиёи Шарқӣ чунин рӯҳия бартарӣ дошт.
Вазифаи босуръат ислоҳ намудани механизмҳои идораи умумиҷаҳонӣ ба миён меояд. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бояд аз маҳдудиятҳои сунъӣ дар тақсими квотаҳои овоздиҳӣ дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ даст кашанд ва вазни воқеии иқтисодӣ ва молиявии кишварҳои Ҷануби Ҷаҳонро эътироф кунанд. Кори мақомоти ҳалли баҳсҳо дар СҶТ бояд фавран боз шавад.
Васеъ кардани Шӯрои амнияти СММ аз ҳисоби кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои лотинӣ, ки намояндагии кофӣ надоранд. Аъзои ҷадиди Шӯрои амният бояд аз эътибори лозимӣ дар минтақаи худ ва созмонҳои байналмилалӣ бархӯрдор бошанд.
Тамоми талошҳо барои ислоҳоти СММ бояд ба таъсиси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва эҳёи Созмон ҳамчун мақоми марказии ҳамоҳангсози сиёсати ҷаҳонӣ равона карда шаванд. Бояд ба ҷое мубаддал шавад, ки дар он ҳалли мушкилот дар ҳамоҳангӣ ва бо назардошти мунсифонаи манофеъ сурат мегирад.
Ба тамоюлҳои мусбат кушишҳои торафт таҷовузкоронаи Ғарб барои нигоҳ доштани ҳукмронӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ, иқтисодиёт ва молия мухолифат мекунад. Ба манфиати умум аст, ки аз парокандашавии ҷаҳон ба блокҳои алоҳидаи савдо ва минтақаҳо пешгирӣ карда шавад. Аммо агар ИМА ва иттифоқчиёнаш барои додани характери одилонаю баробарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ розӣ шудан намехоҳанд, ба дигарон лозим меояд, ки хулоса бароранд ва дар бораи тадбирҳое андеша кунанд, пойбанди мустамликадорони ҷавдид насозандашон.
Владимир Путин ахиран дар маҳфили "Валдай" гуфт , дар пеши мо вазифаи бунёди ҷаҳони нав қарор дорад. Гап дар бораи аз сифр оғоз кардан нест, нобуд кардани ҳама чизе, ки пешгузаштагон офаридаанд, нест. Барои барпо намудани чаҷони нав замина мавҷуд аст ва он мустаҳкам мебошад, ки Оинномаи СММ аст. Вазифаи асосӣ канорагирӣ аз фурстталабӣ дар иҷрои меъёрҳои оинномаи СММ, балки иҷрои пурраи он бо мусоидати тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад.
Агар аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ тасмим гиранд, ки ба решаҳои худ баргарданд ва ӯҳдадориҳои худро дар Оинномаи СММ амалӣ созанд, он гоҳ башарият имкон пайдо мекунад, ки мероси зараровари давраи якқутбаро бартараф созад.
То чӣ андоза омода будани ҳама барои дарки масъулияти шахсии худ ва дастаҷамъӣ барои сарнавишти ҷаҳонро, омодагӣ ба Саммити оянда дар соли оянда нишон медиҳад, бо ташаббуси Дабири кулли СММ нишон медиҳад.
Тавре Антониу Гутерриш дар нишасти матбуотӣ дар остонаи иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералӣ изҳор дошт, "агар мо сулҳу шукуфоиро дар асоси баробарӣ ва ҳамбастагӣ хоҳем, пас роҳбарон барои созиш дар тарҳрезии ояндаи умумии мо барои манфиати умум масъулияти махсус доранд". Суханони тиллоӣ. Вазифаи Созмони Милали Муттаҳид маҳз дар ҷустуҷӯи ризоият аст, на дар тақсим кардани ҷаҳон ба "демократия" ва "автократия". Русия дар якҷоягӣ бо ҳамфикрҳо омода аст, ки дар татбиқи он саҳм гузорад.