https://sputnik.tj/20231010/putin-shiddat-vaz-manfiat-khalq-falastin-1059888685.html
Путин дар бораи Шарқи наздик: аз худхоҳии ИМА то нодида гирифтани манфиати халқи Фаластин
Путин дар бораи Шарқи наздик: аз худхоҳии ИМА то нодида гирифтани манфиати халқи Фаластин
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия шиддати даргирӣ миёни Исроил ва Фаластинро намунаи нокомии сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шарқи наздик номид
2023-10-10T17:59+0500
2023-10-10T17:59+0500
2023-10-10T17:59+0500
дар русия
владимир путин
фаластин
исроил
има
даргирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057934059_0:134:2805:1712_1920x0_80_0_0_9f2322bb3e2a0ca18e73e8db35e6008b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шиддати муноқишаи Фаластин ва Исроил натиҷаи нокомии сиёсати Амрико ва нодида гирифтани қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ аст.Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо нахуствазири Ироқ, Муҳаммад Судонӣ дар Кремл гуфт. "Мутаассифона, мо якбора бад шудани вазъиятро дар Шарқи Наздик мушоҳида карда истодаем, Ба фикрам, бисёриҳо бо ман розӣ мешаванд, ки ин мисоли равшани барбод рафтани сиёсати ИМА дар Шарқи Наздик аст", - гуфт ӯ. Вай таъкид кард, ки ИМА ба инҳисори танзими қазия машғул шуда, мутаассифона мусолиҳа ва пайдо кардани созиши барои ҳарду ҷониб мақбул талош накарданд. Раҳбари Русия идома дод, ки Вашингтон ақидаҳои худро дар бораи чӣ гуна бояд раванди танзим идома ёбад, бо фишор ба ҳарду ҷониб бор мекард. "Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин фишор ҳар дафъа манфиатҳои мардуми бумии Фаластин, зарурати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро нодида мегирифт", - гуфт Путин. Ӯ таъкид кард, ки мавқеи Русия мисли Ироқ пойбанд ба зарурати кам кардани хисорот ба мардуми осоишта ва ба сифр кам кардани он аст.Шиддати даргирӣ миёни Фаластин ва Ироил 7 октябри соли равон сурат гирифта, бар асари зарбаҳои тарафайн ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф куштаю маҷруҳ гардиданд.
https://sputnik.tj/20231010/posukh-pushkov-general-milli-rusiya-1059877851.html
фаластин
исроил
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057934059_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_43c72f38b74069b6e709dcddf7cbea01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, русия, шиддат, исроил, има
владимир путин, раисҷумҳур, русия, шиддат, исроил, има
Путин дар бораи Шарқи наздик: аз худхоҳии ИМА то нодида гирифтани манфиати халқи Фаластин
Раисҷумҳури Русия шиддати даргирӣ миёни Исроил ва Фаластинро намунаи нокомии сиёсати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Шарқи наздик номид
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шиддати муноқишаи Фаластин ва Исроил натиҷаи нокомии сиёсати Амрико ва нодида гирифтани қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ аст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо нахуствазири Ироқ, Муҳаммад Судонӣ дар Кремл гуфт.
"Мутаассифона, мо якбора бад шудани вазъиятро дар Шарқи Наздик мушоҳида карда истодаем, Ба фикрам, бисёриҳо бо ман розӣ мешаванд, ки ин мисоли равшани барбод рафтани сиёсати ИМА дар Шарқи Наздик аст", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки ИМА ба инҳисори танзими қазия машғул шуда, мутаассифона мусолиҳа ва пайдо кардани созиши барои ҳарду ҷониб мақбул талош накарданд.
Раҳбари Русия идома дод, ки Вашингтон ақидаҳои худро дар бораи чӣ гуна бояд раванди танзим идома ёбад, бо фишор ба ҳарду ҷониб бор мекард.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин фишор ҳар дафъа манфиатҳои мардуми бумии Фаластин, зарурати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро нодида мегирифт", - гуфт Путин.
Ӯ таъкид кард, ки мавқеи Русия мисли Ироқ пойбанд ба зарурати кам кардани хисорот ба мардуми осоишта ва ба сифр кам кардани он аст.
Шиддати даргирӣ миёни Фаластин ва Ироил 7 октябри соли равон сурат гирифта, бар асари зарбаҳои тарафайн ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф куштаю маҷруҳ гардиданд.