https://sputnik.tj/20231010/posukh-pushkov-general-milli-rusiya-1059877851.html
Посухи Пушков ба суханони генерали амрикоӣ Милли дар бораи ҷанг бо Русия
Посухи Пушков ба суханони генерали амрикоӣ Милли дар бораи ҷанг бо Русия
Sputnik Тоҷикистон
Ин изҳорот эҳсосоти доираҳои ҳокими ИМА-ро инъикос мекунад, ки новобаста аз тағйири қудрат дар Кохи Сафед боқӣ хоҳанд монд, бовар дорад сенатор
2023-10-10T13:20+0500
2023-10-10T13:20+0500
2023-10-10T13:20+0500
дар русия
алексей пушков
сенатор
амният ва мудофиа
ҷанг
мубориза
эҳтимол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033114167_0:258:2725:1790_1920x0_80_0_0_30f7ae11acb11cafcdba65a564be6d96.jpg
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Суханони генерали амрикоӣ Марк Миллӣ дар бораи муноқишаи эҳтимолӣ миёни ИМА ва Русия бояд ҷиддӣ гирифта шаванд. Ин нуктаро сенатор Алексей Пушков дар саҳифааш дар Telegram баён доштаст. Милли қаблан изҳор дошта буд, ки эҳтимоли ҷанг бо Русия дар сурати пирӯзияш дар Украина дар давоми даҳсолаҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт. Пушков дар ин робита изҳор доштааст, ки дар зим эҳтимоли ин низ, ки ИМА барои даргирӣ бо Русия фурсат нахоҳад дошт, зиёд мешавад. "Зеро бисёре аз номзадҳо ба курсии президентии ИМА на Русия, балки Чинро душмани аслии кишварашон медонанд", - гуфт ӯ. Вай илова намудаст, чолишҳои зиёде, ки пеши ИМА истодаанду якаҳукмронияшро дар ҷаҳон зери суол бурда истодаанд, эҳтимоли бархӯрди бевоситаи Вашингтон ва Маскавро коҳиш медиҳад. Ба ақидаи Пушков, муноқиша бо Русия, як қудрати ҳастаии пешсаф, ИМА-ро дар баробари ин чолишҳо қувват намебахшад, балки заиф мекунад. Зикр гардид, ки феълан дар ҷаҳон аллакай се бӯҳрон - Ховари Миёна, Украина ва эҳтимолан Шарқи Дур вуҷуд доранд.
https://sputnik.tj/20231009/medvedev-siloh-gharbi-isroil-1059867896.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/01/1033114167_0:3:2725:2046_1920x0_80_0_0_1824afe9073d5c9e0e9d9641f9cfbe61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, пушков, има, русия, кохи сафед, эҳтимол, ҷанг
шарҳ, пушков, има, русия, кохи сафед, эҳтимол, ҷанг
Посухи Пушков ба суханони генерали амрикоӣ Милли дар бораи ҷанг бо Русия
Ин изҳорот эҳсосоти доираҳои ҳокими ИМА-ро инъикос мекунад, ки новобаста аз тағйири қудрат дар Кохи Сафед боқӣ хоҳанд монд, бовар дорад сенатор
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Суханони генерали амрикоӣ Марк Миллӣ дар бораи муноқишаи эҳтимолӣ миёни ИМА ва Русия бояд ҷиддӣ гирифта шаванд.
Ин нуктаро сенатор Алексей Пушков дар саҳифааш дар Telegram баён доштаст.
"Ин изҳорот эҳсосоти доираҳои ҳокими ИМА-ро инъикос мекунад, ки новобаста аз тағйири қудрат дар Кохи Сафед боқӣ хоҳанд монд", - гуфт ӯ.
Милли қаблан изҳор дошта буд, ки эҳтимоли ҷанг бо Русия дар сурати пирӯзияш дар Украина дар давоми даҳсолаҳои наздик афзоиш хоҳад ёфт.
Пушков дар ин робита изҳор доштааст, ки дар зим эҳтимоли ин низ, ки ИМА барои даргирӣ бо Русия фурсат нахоҳад дошт, зиёд мешавад.
"Зеро бисёре аз номзадҳо ба курсии президентии ИМА на Русия, балки Чинро душмани аслии кишварашон медонанд", - гуфт ӯ.
Вай илова намудаст, чолишҳои зиёде, ки пеши ИМА истодаанду якаҳукмронияшро дар ҷаҳон зери суол бурда истодаанд, эҳтимоли бархӯрди бевоситаи Вашингтон ва Маскавро коҳиш медиҳад.
Ба ақидаи Пушков, муноқиша бо Русия, як қудрати ҳастаии пешсаф, ИМА-ро дар баробари ин чолишҳо қувват намебахшад, балки заиф мекунад.
Зикр гардид, ки феълан дар ҷаҳон аллакай се бӯҳрон - Ховари Миёна, Украина ва эҳтимолан Шарқи Дур вуҷуд доранд.