https://sputnik.tj/20231006/lukashenko-ima-tahdid-ukraina-1059830555.html
Лукашенко: ИМА бо таҳдид Украинаро ба ҳамла тела дода истодааст
Лукашенко: ИМА бо таҳдид Украинаро ба ҳамла тела дода истодааст
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳбарони Киевро дар он айбдор мекунад, ки ҳамлаи ҷавобияшон суст аст, изҳор дошт раисҷумҳури Белорус
2023-10-06T18:35+0500
2023-10-06T18:35+0500
2023-10-06T18:35+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
белорус
александр лукашенко
амалиёт
низомӣ
владимир путин
украина
ҳамлагарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053032302_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_62044cb454ff0de7689de81ed32cff44.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бо таҳдиди қатъи пуштибонӣ ИМА Украинаро ба ҳамлаи ҷавобӣ шитоб дода истодааст, гуфт президенти Белорус, Александр Лукашенко. Вай дар доираи сафари корӣ ба вилояти Брест бо хабарнигорон суҳбат карда, қайд намуд, ки феълан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раҳбарияти Украинаро барои ҳамлаи сусти ҷавобӣ сарзаниш мекунад ва паёмҳои якмарон дар ин бора мефиристад. Ахиран мақомоти ИМА буҷаи муваққатиро қабул карданд, ки аз он бандҳои расонидани кумаки молӣ ба Украина хориҷ карда шуданд, гуфт ӯ. "Мӯҳтавои ин паём аст, ки бачаҳо, тезтар, дар миқёси васеътар ҳамла кунед ва ҷавонони бештарро ба он ҷо партоед. Паём ҳам не, амали мушаххас барои куштани бештари украиниҳо мебошад", - гуфт Лукашенко. Президенти Белорус гуфт, нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳамлаи ҷавобии худ дармонданд, хатти ҷабҳа дар ҳолати пешин боқӣ мондааст. Ҳозир марҳилаи дуюми амалиётро таҳия доранд, ки то 8 ҳафтаро фаро мегирад, гуфт ӯ. Президент таъкид кард, ки амрикоиҳо украинҳоро тела медиҳанд, ки шитоб кунанд, зеро ин низоъ эътимоди мақомоти Амрикоро зиёд намекунад ва барояшон ин ҷо як навъ пирӯзӣ лозим аст. Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украинӣ, ки аз моҳи июни соли равон идома дорад, дар ҳеч самте пешрафте наовард. Вай зикр намуд, ки тайи ин муддат Украина ҳудуди 90 ҳазор низомиро талаф дода, танҳо тонк беш аз 550 адад нобуд карда шуд.
https://sputnik.tj/20230911/zelenskiy-nokhush-hamlai-javobi-artish-ukraina-etirof-1059330132.html
белорус
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053032302_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_03c97346dca33911fccf087441f919b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, киев, роҳбарият, украина, александр лукашенко
има, киев, роҳбарият, украина, александр лукашенко
Лукашенко: ИМА бо таҳдид Украинаро ба ҳамла тела дода истодааст
Роҳбарияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳбарони Киевро дар он айбдор мекунад, ки ҳамлаи ҷавобияшон суст аст, изҳор дошт раисҷумҳури Белорус
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Бо таҳдиди қатъи пуштибонӣ ИМА Украинаро ба ҳамлаи ҷавобӣ шитоб дода истодааст, гуфт президенти Белорус, Александр Лукашенко.
Вай дар доираи сафари корӣ ба вилояти Брест бо хабарнигорон суҳбат карда, қайд намуд, ки феълан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раҳбарияти Украинаро барои ҳамлаи сусти ҷавобӣ сарзаниш мекунад ва паёмҳои якмарон дар ин бора мефиристад.
Ахиран мақомоти ИМА буҷаи муваққатиро қабул карданд, ки аз он бандҳои расонидани кумаки молӣ ба Украина хориҷ карда шуданд, гуфт ӯ.
"Мӯҳтавои ин паём аст, ки бачаҳо, тезтар, дар миқёси васеътар ҳамла кунед ва ҷавонони бештарро ба он ҷо партоед. Паём ҳам не, амали мушаххас барои куштани бештари украиниҳо мебошад", - гуфт Лукашенко.
Президенти Белорус гуфт, нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳамлаи ҷавобии худ дармонданд, хатти ҷабҳа дар ҳолати пешин боқӣ мондааст. Ҳозир марҳилаи дуюми амалиётро таҳия доранд, ки то 8 ҳафтаро фаро мегирад, гуфт ӯ.
Президент таъкид кард, ки амрикоиҳо украинҳоро тела медиҳанд, ки шитоб кунанд, зеро ин низоъ эътимоди мақомоти Амрикоро зиёд намекунад ва барояшон ин ҷо як навъ пирӯзӣ лозим аст.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои украинӣ, ки аз моҳи июни соли равон идома дорад, дар ҳеч самте пешрафте наовард.
Вай зикр намуд, ки тайи ин муддат Украина ҳудуди 90 ҳазор низомиро талаф дода, танҳо тонк беш аз 550 адад нобуд карда шуд.