https://sputnik.tj/20230920/davati-rahmon-az-jomeai-jahoni-baroi-tajdidi-sokhtori-nizomi-baynalmilalii-moliyavi-1059485864.html
Даъвати Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҷдиди сохтори низоми байналмилалии молиявӣ
Даъвати Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҷдиди сохтори низоми байналмилалии молиявӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар СММ гуфт, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад
2023-09-20T13:59+0500
2023-09-20T13:59+0500
2023-09-20T13:59+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
смм
таҷдид
таҷдиди сохтор
молия
има
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058858818_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_dd72c7cfeadc28826866568ae5eeb138.jpg
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорк таъкид кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзуи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мешавад.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Инчунин раҳбари кишвар таъкид намуд, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҳукумати кишвар барои рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имконоти маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад."Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад", - изҳор доштанд Президенти мамлакат.Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки тадбирҳои андешида набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қарор доранд.
https://sputnik.tj/20230920/afghoniston-iqtisodi-sabz-rahmon-bayden-mavqe-tojikiston-1059481855.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/10/1058858818_276:0:3007:2048_1920x0_80_0_0_7107416ffb2e48072edb9785d61dcbcc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, смм, таҷдид сохтор, байналмилалӣ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, смм, таҷдид сохтор, байналмилалӣ
Даъвати Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҷдиди сохтори низоми байналмилалии молиявӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар СММ гуфт, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор дар шаҳри Ню-Йорк таъкид кард, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзуи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб мешавад.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Инчунин раҳбари кишвар таъкид намуд, ки воқеияти феълии ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.
"Давлатҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то барои мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад", — гуфт Раҳмон.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон қайд кард, ки ҳукумати кишвар барои рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имконоти маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.
"Мо чунин мешуморем, ки дар баробари равона намудани маблағҳои дохилӣ фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад", - изҳор доштанд Президенти мамлакат.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки тадбирҳои андешида набояд боиси зиёд шудани қарзи кишварҳо гарданд, зеро ин яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мебошад.
Ёдовар мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қарор доранд.