https://sputnik.tj/20230925/haqiqat-tarkish-majro-shimol-gharb-norohatkunanda-1059582128.html
"Зери болишт шуд". Ҳақиқат дар бораи таркиши "Маҷрои Шимолӣ" барои Ғарб нороҳаткунанда аст
"Зери болишт шуд". Ҳақиқат дар бораи таркиши "Маҷрои Шимолӣ" барои Ғарб нороҳаткунанда аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло муфаттишон мегӯянд, ки то охири соли ҷорӣ парвандаро ба анҷом мерасонанд, аммо нагуфтанд алайҳи касе айб ё онро чун ҳамеша анҷомшуда эълон мекунанд
2023-09-25T17:59+0500
2023-09-25T17:59+0500
2023-09-25T19:49+0500
ғарб
сиёсат
русия
газ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/02/1051815098_0:49:1146:694_1920x0_80_0_0_cb2dab845cdebc00a1cd2125588f82ee.jpg
Расо як сол пеш дар қаъри баҳри Балтика лӯлаҳои гази "Маҷрои шимолӣ" тарконда шуда буданд. Давоми як сол тафтишот метавонист ҳадди ақалл изи ҷинояткоронро пайдо кунад, ки ба чунин иншооти муҳими инфрасохтори Аврупо ҳамла кардаанд. Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, натоиҷи ин солро чунин ҷамъбаст кард: “Дар бораи "Маҷрои шимолӣ" - ин боз як мисол <...> аст, ки чӣ гуна муҳимтарин далелҳоро зери фарш мегузоранду боз як дурӯғи дигар омода мекунанд, то баъдтар тавонанд нақшаҳои геополитикии худро бар он созанд". Ӯ рӯйхати ҳодисаҳои шабеҳеро пешкаш кард, ки онҳоро низ кӯшиш мекунанд, зери зири фарш тоза кунанд: куштори мардуми осоишта дар Буча, заҳролудшавии Скрипал дар Солсбери, қазияи Навалний, таркиши лӯлаи аммиаки Толятти-Одесса ва ғайра. Чун ҳамеша дар ин гуна ҳолатҳо, расонаҳои ғарбӣ ҳамчунон вонамуд мекунанд, ки барои онҳо "ин қазия ҳамчун сир боқӣ мемонад". Сарфи назар аз мавҷудияти ангезаҳои возеҳ, изҳороти оммавии мансабдорони баландпояи ҳукумати ИМА дар бораи сарнавишти лӯлаҳои газ, як қатор далелҳои зиёд ва ҳатто сарфи назар аз мавҷудияти тафтишоти ҳамаҷонибаи лауреати ҷоизаи Пулитсер Сеймур Ҳерш. Дар аввал, Ғарб кӯшиш кард, ки хулосаҳои Ҳершро нодида бигирад ва баъд фаҳмиданд, ки мавзӯъ доғтар мешавад, онҳо тасмим гирифтанд, ки ҳадафҳоро аз иттиҳомоти зидди Иёлоти Муттаҳида ба Украина ё ҳатто беҳтараш, ба баъзе "тарафдорони Украина", ки гуё ба давлат ягон алоқае надоштанд, гузаронанд.Гузашта аз ин, тактикаи асосии бадном кардани тафтишоти Ҳерш ин буд, ки шореҳони ғарбӣ баъзе нуқоти тафсилотро интихоб карданд - ба монанди тарҷумаи ҳоли раҳбари НАТО Йенс Столтенберг, ки воқеан аз ҷониби Ҳерш дар ҳолати дахлдор зикр шуда буд, бидуни шарҳи ҷузъиёт. Аммо ба муаллифони навиштаҳои хандаовар дар бораи “фаъолони тарафдори Украина” додани чунин саволҳо маъмулӣ нест ва дар бораи ҷузъиёт низ гуфтан ғайриимкон аст.Масалан, қобилияти аҷиби "беллингкетҳо" (созмонҳои таҳқиқотӣ)-и гуногун барои кушодани мукотибаи телефонӣ ва гуфтушунид ногаҳон нопадид шуд - бо кадом сабабе, ки онҳо дар мавриди иттиҳом алайҳи Русия ин корро мекунанд, аммо дар худи Аврупо ё дар Украина ин малакаҳо барои онҳо кор намекунанд. Ё ба ёд орем, ки фарзияи аввалини тахрибкорӣ аз тарафи ҷонибдорони украинӣ, ки бо яхтаи "Андромеда" ба "Маҷрои Шимолӣ" наздик шуда буданд, тавассути шабакаҳои телевизионии давлатии Олмон ва рӯзномаи Die Zeit садо дода буданд. Баъдан ин хабарро садҳо расонаҳои ғарбӣ такрор карданд. Ҳадди аққал касе ба худ суол ддод, ки рӯзноманигорони олмонӣ чунин ҷузъиётро аз куҷо омӯхтаанд, масалан, ҳатто тақсими нақшҳо дар гурӯҳи тахрибӣ: капитан, ду ғаввос, ду ёвар ва як духтур! Баъд аз ҳама, чунин тахмин кардан мантиқ аст, ки танҳо иштирокчиёни ин ширкат метавонанд чунин тафсилотро донанд - ва ҳеҷ каси дигар! Ё бояд иқрор шавем, ки муаллифони "сенсасия" ин ҳамаро аз ҳаво баровардаанд. Бо вуҷуди ин, аз рӯи шарҳҳои ночиз аз тафтишот, ин фарзияи мушаххас ҳамчун асоситарин ҳисобида мешавад. Ростӣ, хандаовар будани ақидаро, ки гуё ин гуна кори мураккабро дар қаъри баҳр як гуруҳи ҳаводори режими Киев анҷом дода метавонад, муфаттишон низ майл доранд, ки онро эътироф кунанд. Ғарб барои дур кардани таваҷҷуҳ аз хулосаҳои Ҳерш ҳатто ба ҳадде мерасад, ки овозаҳо паҳн мекунанд, ки гуё хадамоти иктишофии Ҳолланд чанд моҳ пеш аз ҳамлаҳои террористӣ Созмони истихбороти ИМА-ро дар бораи нақшаҳои Украина барои анҷом додани он ҳушдор дода бошад. Дуруст, дар ин ҷо ҳам муаллифони ин фарзияҳо ба душворӣ дучор мешаванд. Саволе ба миён меояд: агар чи дар ИМА ва ҳам дар Аврупо ҳама дар бораи тахриби дар пешистода нағз медонистанд, пас барои пешгирӣ кардани онҳо чӣ халал расонд? Оре, шумо наметавонед саволҳои заҳматталабро диҳед!Ҳоло муфаттишон бо хушҳолӣ мегӯянд, ки умед доранд, то охири соли ҷорӣ парвандаро ба анҷом расонанд. Ин суханони прокурори Шветсия Матс Люнгквистро бисёр мақомҳои матбуоти Ғарб такрор карданд. Ростӣ, онҳо то охири сол нияти онро, ки алайҳи касе айб эълон карданиянд ва ё ба таври дигар фақат ба охир расондани тафтишот аст, муайян накарданд. Яъне онро зери гилем нопадид мекунанд, тавре ки гуфт Лавров.Ба ин кӯшишҳо Русия, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бахшида ба солгарди таркишҳоро даъват кардааст, фаъолона муқовимат хоҳад кард. Мо дар бораи он ки дар баҳри Болтик тахрибкорӣ ташкил ва ба амал баровардааст, ҳеҷ гоҳ ягон шубҳаи махсус надоштем ва надорем. Аммо муҳим он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳамлаи террористиро фаромӯш накунад. Ҷинояткорон, новобаста аз он ки чанд сол мегузараду дар кучо набошанд, бояд ҷазо гиранд.
https://sputnik.tj/20230327/vazorat-khorija-rusiya-sharoit-bozsozi-majroi-shimol-elon-1055775354.html
https://sputnik.tj/20230204/olmon-begunoh-rusiya-hamalot-terrorist-majroi-shimoli-etirof-1054688164.html
https://sputnik.tj/20221002/sobiq-maqomdor-pentagon-gaz-1051816473.html
https://sputnik.tj/20230216/rusiya-ima-hamla-terroristi-majroi-shimoli-khomush-1054960989.html
ғарб
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Владимир Корнилов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/04/1021520460_230:0:771:541_100x100_80_0_0_37c3298035586c5c3ce18cf4b220ef49.jpg
Владимир Корнилов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/04/1021520460_230:0:771:541_100x100_80_0_0_37c3298035586c5c3ce18cf4b220ef49.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/02/1051815098_111:0:1036:694_1920x0_80_0_0_aa856d2df4a3b0cd85d9a8f8214a686f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Владимир Корнилов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102152/04/1021520460_230:0:771:541_100x100_80_0_0_37c3298035586c5c3ce18cf4b220ef49.jpg
ҳақиқат таркиши "маҷрои шимолӣ" ғарб нороҳат
ҳақиқат таркиши "маҷрои шимолӣ" ғарб нороҳат
"Зери болишт шуд". Ҳақиқат дар бораи таркиши "Маҷрои Шимолӣ" барои Ғарб нороҳаткунанда аст
17:59 25.09.2023 (Навсозишуда: 19:49 25.09.2023) Владимир Корнилов
сиёсатшинос
Ҳоло муфаттишон мегӯянд, ки то охири соли ҷорӣ парвандаро ба анҷом мерасонанд, аммо нагуфтанд алайҳи касе айб ё онро чун ҳамеша анҷомшуда эълон мекунанд
Расо як сол пеш дар қаъри баҳри Балтика лӯлаҳои гази "Маҷрои шимолӣ" тарконда шуда буданд. Давоми як сол тафтишот метавонист ҳадди ақалл изи ҷинояткоронро пайдо кунад, ки ба чунин иншооти муҳими инфрасохтори Аврупо ҳамла кардаанд.
Аммо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, натоиҷи ин солро чунин ҷамъбаст кард: “Дар бораи "Маҷрои шимолӣ" - ин боз як мисол <...> аст, ки чӣ гуна муҳимтарин далелҳоро зери фарш мегузоранду боз як дурӯғи дигар омода мекунанд, то баъдтар тавонанд нақшаҳои геополитикии худро бар он созанд".
Ӯ рӯйхати ҳодисаҳои шабеҳеро пешкаш кард, ки онҳоро низ кӯшиш мекунанд, зери зири фарш тоза кунанд: куштори мардуми осоишта дар Буча, заҳролудшавии Скрипал дар Солсбери, қазияи Навалний, таркиши лӯлаи аммиаки Толятти-Одесса ва ғайра.
Чун ҳамеша дар ин гуна ҳолатҳо, расонаҳои ғарбӣ ҳамчунон вонамуд мекунанд, ки барои онҳо "ин қазия ҳамчун сир боқӣ мемонад". Сарфи назар аз мавҷудияти ангезаҳои возеҳ, изҳороти оммавии мансабдорони баландпояи ҳукумати ИМА дар бораи сарнавишти лӯлаҳои газ, як қатор далелҳои зиёд ва ҳатто сарфи назар аз мавҷудияти тафтишоти ҳамаҷонибаи лауреати ҷоизаи Пулитсер Сеймур Ҳерш.
Дар аввал, Ғарб кӯшиш кард, ки хулосаҳои Ҳершро нодида бигирад ва баъд фаҳмиданд, ки мавзӯъ доғтар мешавад, онҳо тасмим гирифтанд, ки ҳадафҳоро аз иттиҳомоти зидди Иёлоти Муттаҳида ба Украина ё ҳатто беҳтараш, ба баъзе "тарафдорони Украина", ки гуё ба давлат ягон алоқае надоштанд, гузаронанд.
Гузашта аз ин, тактикаи асосии бадном кардани тафтишоти Ҳерш ин буд, ки шореҳони ғарбӣ баъзе нуқоти тафсилотро интихоб карданд - ба монанди тарҷумаи ҳоли раҳбари НАТО Йенс Столтенберг, ки воқеан аз ҷониби Ҳерш дар ҳолати дахлдор зикр шуда буд, бидуни шарҳи ҷузъиёт.
Аммо ба муаллифони навиштаҳои хандаовар дар бораи “фаъолони тарафдори Украина” додани чунин саволҳо маъмулӣ нест ва дар бораи ҷузъиёт низ гуфтан ғайриимкон аст.
Масалан, қобилияти аҷиби "беллингкетҳо" (созмонҳои таҳқиқотӣ)-и гуногун барои кушодани мукотибаи телефонӣ ва гуфтушунид ногаҳон нопадид шуд - бо кадом сабабе, ки онҳо дар мавриди иттиҳом алайҳи Русия ин корро мекунанд, аммо дар худи Аврупо ё дар Украина ин малакаҳо барои онҳо кор намекунанд.
Ё ба ёд орем, ки фарзияи аввалини тахрибкорӣ аз тарафи ҷонибдорони украинӣ, ки бо яхтаи "Андромеда" ба "Маҷрои Шимолӣ" наздик шуда буданд, тавассути шабакаҳои телевизионии давлатии Олмон ва рӯзномаи Die Zeit садо дода буданд.
Баъдан ин хабарро садҳо расонаҳои ғарбӣ такрор карданд. Ҳадди аққал касе ба худ суол ддод, ки рӯзноманигорони олмонӣ чунин ҷузъиётро аз куҷо омӯхтаанд, масалан, ҳатто тақсими нақшҳо дар гурӯҳи тахрибӣ: капитан, ду ғаввос, ду ёвар ва як духтур! Баъд аз ҳама, чунин тахмин кардан мантиқ аст, ки танҳо иштирокчиёни ин ширкат метавонанд чунин тафсилотро донанд - ва ҳеҷ каси дигар!
Ё бояд иқрор шавем, ки муаллифони "сенсасия" ин ҳамаро аз ҳаво баровардаанд. Бо вуҷуди ин, аз рӯи шарҳҳои ночиз аз тафтишот, ин фарзияи мушаххас ҳамчун асоситарин ҳисобида мешавад.
Ростӣ, хандаовар будани ақидаро, ки гуё ин гуна кори мураккабро дар қаъри баҳр як гуруҳи ҳаводори режими Киев анҷом дода метавонад, муфаттишон низ майл доранд, ки онро эътироф кунанд.
Ғарб барои дур кардани таваҷҷуҳ аз хулосаҳои Ҳерш ҳатто ба ҳадде мерасад, ки овозаҳо паҳн мекунанд, ки гуё хадамоти иктишофии Ҳолланд чанд моҳ пеш аз ҳамлаҳои террористӣ Созмони истихбороти ИМА-ро дар бораи нақшаҳои Украина барои анҷом додани он ҳушдор дода бошад.
Дуруст, дар ин ҷо ҳам муаллифони ин фарзияҳо ба душворӣ дучор мешаванд. Саволе ба миён меояд: агар чи дар ИМА ва ҳам дар Аврупо ҳама дар бораи тахриби дар пешистода нағз медонистанд, пас барои пешгирӣ кардани онҳо чӣ халал расонд? Оре, шумо наметавонед саволҳои заҳматталабро диҳед!
Ҳоло муфаттишон бо хушҳолӣ мегӯянд, ки умед доранд, то охири соли ҷорӣ парвандаро ба анҷом расонанд. Ин суханони прокурори Шветсия Матс Люнгквистро бисёр мақомҳои матбуоти Ғарб такрор карданд.
Ростӣ, онҳо то охири сол нияти онро, ки алайҳи касе айб эълон карданиянд ва ё ба таври дигар фақат ба охир расондани тафтишот аст, муайян накарданд. Яъне онро зери гилем нопадид мекунанд, тавре ки гуфт Лавров.
Ба ин кӯшишҳо Русия, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро бахшида ба солгарди таркишҳоро даъват кардааст, фаъолона муқовимат хоҳад кард.
Мо дар бораи он ки дар баҳри Болтик тахрибкорӣ ташкил ва ба амал баровардааст, ҳеҷ гоҳ ягон шубҳаи махсус надоштем ва надорем. Аммо муҳим он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳамлаи террористиро фаромӯш накунад. Ҷинояткорон, новобаста аз он ки чанд сол мегузараду дар кучо набошанд, бояд ҷазо гиранд.