https://sputnik.tj/20230518/tahrim-dushanbevu-maskav-tasir-1057205405.html
Олими тоҷик: Ғарб барои халалдор кардани равобити Тоҷикистону Русия шонсе надорад
Олими тоҷик: Ғарб барои халалдор кардани равобити Тоҷикистону Русия шонсе надорад
Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, агротехникӣ ва бисёри дигар майдони бузург доранд
2023-05-18T13:39+0500
2023-05-18T13:39+0500
2023-05-18T13:39+0500
душанбе
маскав
дар тоҷикистон
русия
равобит
осиёи марказӣ
сиёсат
таҳримҳо
"валдай"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳамкориҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз оғози амалиёти вижа ба таври ҷиддӣ таҳким ёфт, гуфт муовини мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров ба хабаргузории Aif.ru.Ба гуфтаи ӯ, таҳкими муносибот дар заминаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ на танҳо дар мисоли Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи Ҳайдаров, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф низ фаъолона инкишоф ёфта, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ифтитоҳ хоҳанд шуд. Ташаккули маҷмааҳои муштараки агросаноатӣ низ умедбахш аст ва Тоҷикистон аз ин фаъол шудани муносибатҳо хеле хушнуд аст, афзуд Рустам Ҳайдаров. "Русия барои мо муҳимтарин бозор аст", - гуфт ӯ дар заминаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ.Ба қавли ӯ, ҳоло лоиҳаҳои таъсиси марказҳои махсусро дар Тоҷикистон баррасӣ доранд, ки дар онҳо ин маҳсулот аз тамоми гӯшаву канори кишвар оварда шуда, баъдан мустақиман ба Русия фиристода мешаванд. Вай инчунин як соҳаи калони ояндадор — саноати маъдани кӯҳиро бо дарназардошти миқдори зиёди канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон ва таҷрибаи бузурги Русия дар ин соҳаро қайд намуд. Олими тоҷик: ИМА ба зӯргӯӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардаастСиёсатшиноси тоҷик зимни суханронӣ дар бораи имконоти логистикии афзоиши гардиши тиҷорат таъкид кард, ки Тоҷикистон дар ташаббуси стратегии Чин “Як камарбанд – як роҳ” ширкат мекунад. "Бо дарназардошти он, ки ҳоло Русия ва Чин низ тиҷорати худро густариш медиҳанд, ин зерсохторро ду кишвар метавонанд барои тиҷорати мутақобила истифода баранд. Масалан, ба шарофати сармоягузории Чин роҳе сохта шуд, ки аз шимол ба ҷануби Тоҷикистон мебарад", - афзуд ӯ.Ҳайдаров бо ишора ба масъалаи таъсири таҳримҳои Ғарб ба равобит гуфт, тиҷорати амрикоӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ёдовар мешавем, ки севумин конфронси Осиёи Марказӣ дар Клуби "Валдай" дар Томск ба поён расид, ки дар он 60 коршинос аз 10 кишвари ҷаҳон рушди равобити Русия ва Осиёи Марказиро як сол пас аз оғози амалиёти вижа ва чӣ гуна таъсиргузор будани таҳримҳои Ғарб ба ин равобитро баррасӣ карданд.
душанбе
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
равобит, душанбеву маскав,
равобит, душанбеву маскав,
Олими тоҷик: Ғарб барои халалдор кардани равобити Тоҷикистону Русия шонсе надорад
Русия ва Тоҷикистон барои тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, агротехникӣ ва бисёри дигар майдони бузург доранд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ҳамкориҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз оғози амалиёти вижа ба таври ҷиддӣ таҳким ёфт, гуфт муовини мудири Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров ба хабаргузории Aif.ru.
Ба гуфтаи ӯ, таҳкими муносибот дар заминаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ на танҳо дар мисоли Тоҷикистон мушоҳида мешавад.
Ба гуфтаи Ҳайдаров, ҳамкориҳо дар соҳаи маориф низ фаъолона инкишоф ёфта, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи Русия ифтитоҳ хоҳанд шуд.
"Тақрибан ҳар моҳ ҳайатҳои ҳам вазоратҳои федеролӣ ва ҳам аз минтақаҳои Русия ба назди мо меоянд. Дар соҳаи иқтисод ва рушди сохторҳои муштараки тиҷоратӣ ҳамкорӣ вуҷуд дорад. Масъалаи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон - таъсиси туризми муштарак лоиҳаҳо дар ин самт таҳия мешавад", - қайд кард ӯ.
Ташаккули маҷмааҳои муштараки агросаноатӣ низ умедбахш аст ва Тоҷикистон аз ин фаъол шудани муносибатҳо хеле хушнуд аст, афзуд Рустам Ҳайдаров.
"Русия барои мо муҳимтарин бозор аст", - гуфт ӯ дар заминаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ.
Ба қавли ӯ, ҳоло лоиҳаҳои таъсиси марказҳои махсусро дар Тоҷикистон баррасӣ доранд, ки дар онҳо ин маҳсулот аз тамоми гӯшаву канори кишвар оварда шуда, баъдан мустақиман ба Русия фиристода мешаванд.
Вай инчунин як соҳаи калони ояндадор — саноати маъдани кӯҳиро бо дарназардошти миқдори зиёди канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон ва таҷрибаи бузурги Русия дар ин соҳаро қайд намуд.
Сиёсатшиноси тоҷик зимни суханронӣ дар бораи имконоти логистикии афзоиши гардиши тиҷорат таъкид кард, ки Тоҷикистон дар ташаббуси стратегии Чин “Як камарбанд – як роҳ” ширкат мекунад.
"Бо дарназардошти он, ки ҳоло Русия ва Чин низ тиҷорати худро густариш медиҳанд, ин зерсохторро ду кишвар метавонанд барои тиҷорати мутақобила истифода баранд. Масалан, ба шарофати сармоягузории Чин роҳе сохта шуд, ки аз шимол ба ҷануби Тоҷикистон мебарад", - афзуд ӯ.
Ҳайдаров бо ишора ба масъалаи таъсири таҳримҳои Ғарб ба равобит гуфт, тиҷорати амрикоӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
"Дар ин замина дучори таҳримҳо шудан барои мо ғайриимкон аст. Барои ҳамин мо дар ин бора хеле ором ҳастем. Аз ин рӯ, ман фикр мекунам, ки Ғарби шонсе надорад, ки ба ҳамкориҳои мо бо Русия ба навъе халал расонад", - хулоса кард коршинос.
Ёдовар мешавем, ки севумин конфронси Осиёи Марказӣ дар Клуби "Валдай" дар Томск ба поён расид, ки дар он 60 коршинос аз 10 кишвари ҷаҳон рушди равобити Русия ва Осиёи Марказиро як сол пас аз оғози амалиёти вижа ва чӣ гуна таъсиргузор будани таҳримҳои Ғарб ба ин равобитро баррасӣ карданд.