Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев гуфт, силоҳи дода ба Киев то Исроил расид

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев
Зампред Совбеза РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ҳушдор дод, ки минбаъд силоҳи интиқолдодаи Ғарб ба Украина дар минтақаҳои доғ ҳарчи бештар истифода хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Дар Исроил силоҳеро, ки кишварҳои ғарбӣ ба режими Киев интиқол додаанд, фаъолона истифода мешавад, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев.
Вай дар саҳифааш дар Telegram аз оқибати бозиҳои НАТО ҳушдор дод.
Муовини раиси Шӯрои Амният ишора кард, ки дар оянда ин силоҳҳо ба мисли аслиҳаҳое, ки ҳангоми фирор аз Афғонистон дар он ҷо боқӣ мондаанд, дар ҳама нуқтаҳои доғ бидуни назорат истифода хоҳанд шуд.
Медведев ёдовар шуд, "мақомоти фасодзадаи Украина" ҳатто пеш аз рӯйдодҳои ҷорӣ ҳама чизеро, ки аз шарикони хориҷӣ гирифта буданд, фурӯхта буданд.
Американские ракеты Patriot размещены в Польше - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2023
Украина ё Афғонистон: Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо ба даст овард?
Вай қайд кард, ки Киев "ҳама чизеро, ки беназорат буд", аз ҷумла газ, нафт, ғизо ва маводро медуздид.
"Вазъият минбаъд танҳо бадтар мешавад. Мушакҳо, танкҳо ва ҳавопаймоҳоро ба зудӣ аз Киев дар бозори сиёҳ интизор шавед", ​​- афзуд муовини раиси Шӯрои Амният.
Ахиран узви Конгресс, Марджори Тейлор Грин, низ аз Пентагон хост, тафтиш кунад, ки ҷангиёни Ҳамос аслиҳаи амрикоиро аз куҷо дарёфт кардаанд, ки алайҳи Исроил истифода бурда истодаанд.
Грин суол гузоштааст, ки аслиҳаи амрикоиро онҳо аз Афғонистон дастрас карданд ва ё Украина.
Даргирии ҷадид миёни Исроил ва Ҳамос 7 октябри соли равон шиддат гирифта, тайи рӯзҳои охир ҳазорҳо куштаю маҷруҳ аз ҳарду ҷониб барҷой гузошт.
Лентаи хабарҳо
0