Шаҳрдори пешини Бишкек аз маҳбас озод шуд: ба давлат 150 милиион сом пардохт кард

Кумитаи давлатии амнияти милии Қирғизистон хабар додааст, ки Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов бо тафтишот созиш кард – ӯ дар бораи ғайриқонунӣ тақсим кардани заминҳо шоҳидӣ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ҳукми ҳабси пешакии Суракматов бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек тағйир дода шуда, ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод гаштааст, иттилоъ додааст Sputnik Қирғизистон дар истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.
Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов, ки ба суистифода аз мансаб ва фасодкорию қаллобӣ муттаҳам аст, розӣ шудааст, бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад.
"Суракматов дар робита ба ҳолатҳои тағқсими ғайриқонунии замин дар ҳудуди Бишкек баёнот дода, аз 170 миллион сом хисорот 150 миллион сомашро пардохт кард. Хисороти боқӣ тибқи ҷадвал пардохт карда мешавад", - иттилоъ додааст КДАМ.
Таъкид шудааст, ки чорабиниҳои тафтишотӣ ва оперативӣ дар парвандаи ҷиноятӣ барои муайян кардани ҳамаи ашхоси ба он идома дорад.
Шаҳрдори Бишкек боздошт шуд
Ёдрас мешавем, ки шаҳрдори пешини Бишкек 26-уми май аз сӯи маъмурони КДАМ-и Қирғизистон боздошт шуда буд.
Азиз Суракматови солҳои 2018-2020 шаҳрдори Бишкек буд. Дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон низ буд. Соли гузашта дар пайи ҳаводиси моҳи октябри Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод.