ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ба иттилои "Парс тудэй", Албек Иброҳимов шаҳрдори собиқи пойтахти Қирғизистон ба иттиҳоми фасоди молӣ боздошт шуд.
Бар асоси иттилооти мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Иброҳимов борҳо даъвати ниҳодҳои амниятии Қирғизистон барои посухгӯиро қабул накарда ва ҳангоми боздошт ҳушдор медод, тавоноии муқобила бо истифода аз силоҳро дорад.
Барои Иброҳимов се парвандаи ҷиноӣ барои нақзи қонунҳои тақсими будҷаи давлатӣ ва фасоди молӣ ташкил шудааст.
Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми боздошти Иброҳимов ба муддати як моҳ то итмоми ҳамаи раванди бозрсиро содир кард.
Аламосбек Отамбоев раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон билофосила нисбат ба боздошт Иброҳимов вокуниш нишон додаст.
"Бо таваҷҷуҳ ба нақзи қонунҳои кишвар дар равандаи бозрасии парвандаи Сафар Исҳоқов нахуствазири собиқ ва Кубаничбек Қулматов раиси собиқи хадамоти гумрукӣ, адолат ва садоқати ниҳодҳои давлатиро бовар намекунам", — гуфтааст вай.