Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Даъвати Трамп аз Аврупо ва Зеленский: Бо Русия созиш кунед

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп после встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях форума Азиатско-Тихоокеанского экономического сотрудничества (АТЭС) в Шэньчжэне.
Президент США Дональд Трамп после встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях форума Азиатско-Тихоокеанского экономического сотрудничества (АТЭС) в Шэньчжэне. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2026
Обуна шудан
Президенти ИМА Доналд Трамп аз номи худ ва ҳатои чинияш Си Ҷинпин гуфт, ҳама хоҳиши ҳалли зудтари буҳрони Украинаро доранд
ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Трамп аз раҳбарони аврупоӣ ва Зеленский даъват кардааст, ки бо Русия дар мавриди Украина ба созиш бирасанд.

Президенти ИМА зимни як тамос бо раҳбарони аврупоӣ ва Зеленский, изҳор дошт, ки президенти Русия Владимир Путин хоҳони сулҳ аст.
Ӯ онҳоро ташвиқ кард, ки бо Кремл ба созиш бирасанд, то тавонанд маблағҳоеро, ки ҳоло барои Украина сарф мекунанд, ба ниёзҳои худи аврупоиҳо равона созанд, навиштааст The Washington Post,

Тибқи иттилои ин нашрия, раҳбари Амрико аз дохили ҳавопаймои президентӣ ба телефони мобилии Ҷаред Кушнер занг задааст.
Кушнер дар он вақт, ҳамроҳ бо Стив Уиткофф, дар ҷаласаи як "эътилофи ихтиёриён" дар Берлин ширкат дошт.
Зимни мулоқоти сеҷониба бо президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Чин Си Ҷинпин - раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп гуфт, "итминон дорам, ки ҳама хоҳишманданд, ки ин низоъ ҳарчи зудтар ба поён расад".
Дар навбати худ, президенти Русия дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ҳама моро гунаҳкор мекунанд, аммо дар мулоқоти сеҷониба гӯшзад кардам, ки аз куҷо ин низоъ оғоз шуд".
Монумент Независимости Украины на площади Независимости в Киеве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Мақомоти Киев намехоҳанд аз ҷанг даст кашанд
Ӯ гуфт, роҳбарияти кунунии Украина қатъи амалиёти ҷангиро намехоҳад, зеро ин интихоботро дар Украина зарур мегардонад.
Президенти Русия изҳор дошт, ки бо нигоҳ ба оянда, Русия барои сулҳи дарозмуддат дар Украина талош мекунад.
Лентаи хабарҳо
0