Боевая работа системы дистанционного минирования Земледелие группировки войск Центр - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: Мақомоти Киев намехоҳанд аз ҷанг даст кашанд

© Sputnik / Evgenya NovozheninaМонумент Независимости Украины на площади Независимости в Киеве.
Монумент Независимости Украины на площади Независимости в Киеве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2026
Обуна шудан
Ҳама моро гунаҳкор мекунанд, аммо дар мулоқоти сеҷониба гӯшзад кардам, ки аз куҷо ин низоъ оғоз шуд, гуфт Путин.
ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Роҳбарияти кунунии Украина қатъи амалиёти ҷангиро намехоҳад, зеро ин интихоботро дар Украина зарур мегардонад.
Президенти Русия Владимир Путин инро дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқот бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт.
"Тасаввурот пайдо мешавад, ки мақомоти кунунии Киев қатъи амалиёти ҷангиро намехоҳанд, зеро онҳо бояд фавран интихобот баргузор кунанд", - гуфт Путин.
Президенти Русия изҳор дошт, ки бо нигоҳ ба оянда, Русия барои сулҳи дарозмуддат дар Украина талош мекунад.
"Онҳо ангезае надоранд, ки ба қатъи амалиёти ҷангӣ ва фароҳам овардани шароит барои сулҳи дарозмуддат, чунон ки ман аллакай гуфтам, ҳадафмандона ва чун дурнамо розӣ шаванд. Мо маҳз ҳамин чизро барои он талош мекунем. Агар мақомоти Украина ва сарпарастони онҳо ин воқеиятҳоро дарк кунанд, пас ман фикр мекунам, ки созишҳое, ки мо дар бораашон гап мезанем ва ман зикр кардам, амалӣ хоҳанд шуд", - гуфт Путин.
Ҳама моро гунаҳкор мекунанд, аммо дар мулоқоти сеҷониба гӯшзад кардам, ки аз куҷо ин низоъ оғоз шуд, гуфт Путин.

Ҳама аз табаддулоти ғайридавлатӣ оғоз шуд ва Русия 8 сол талош кард, ки бо муросо ин масоилро ҳал кунад, гуфт раисҷумҳури Русия.

Танҳо баъди эълони ҷониби Киев, ки аз роҳи сулҳомез низоъро ҳал нахоҳанд кард, истиқлоли он замон воҳидҳои маъмуриро эътироф кардему кумак кардем.
Трехсторонняя встреча Владимира Путина, Си Цзиньпина и Дональда Трампа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2026
Ҷанги ҳастаӣ ҳаргиз набояд оғоз гардад: изҳороти муштараки роҳбарони Русия, Чин ва ИМА
Гузаштҳо дар раванди музокирот вуҷуд доранд ва мо онҳоро ҷонибдорӣ кардем, гуфт Путин.

Ин гузаштҳо аз ҷониби ИМА пешниҳод шуданд, аммо ҷониби дигар, Киев ва аврупоиҳо зоҳиран чандон моил нестанд, ки низоъ хотима ёбад, изҳор дошт раисҷумҳури Русия.
Лентаи хабарҳо
0