https://sputnik.tj/20261117/tavsiyahoi-smm-tojikiston-huquq-bashar-1082247360.html
Тавсияҳои СММ ба Тоҷикистон: муҷозот барои хушунати хонаводагӣ сахт шавад
Тавсияҳои СММ ба Тоҷикистон: муҷозот барои хушунати хонаводагӣ сахт шавад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар доираи Шарҳи даврии универсалии СММ 248 тавсия гирифт. Он масъалаи ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии гендерӣ, ҳуқуқи гуруҳҳои осебпазир, ислоҳотиинститутсионалӣ ва ҳуқуқиро дарбар мегирад
2026-11-17T13:11+0500
2026-11-17T13:11+0500
2026-11-17T14:19+0500
дар тоҷикистон
смм
тавсия
ҳуқуқи башар
ҳуқуқи инсон
хушунат
ҳуқуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/05/1075037529_0:65:1370:836_1920x0_80_0_0_5d3b0a6257921d34f471ebf0ee2e1df6.jpg
ДУШАНБЕ,17 ноя -Sputnik. Дар давраи чоруми Шарҳи даврии универсалии (ШУД) Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, 95 давлат ба Тоҷикистон 248 тавсия пешниҳод карданд. Инро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева, Шараф Шерализода, дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории ШУД эълон кард.Давраи сеюми ШУД 234, дар давраи дуюм бошад, 203 тавсия пешниҳод шуда буд. Тавсияҳо афзуда истодаанд. Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи Миллии амал барои иҷроиши тавсияҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ карда буд. Ҷаласа ба қабули бахши тавсияҳои гузориш оид ба Тоҷикистон бахшида шуда буд ва ҳайати Тоҷикистонро вазири адлия роҳбарӣ мекард.Сегонаи гузоришгарон оид ба Тоҷикистон аз Ҷопон, Эстония ва Кот-д'Ивуар иборат буданд.Шерализода аз Шӯро, давлатҳои иштирокчии баррасӣ ва Котиботи ШУД изҳори сипос кард.Вай изҳор дошт, ки Душанбе омода аст, ки тавсияҳоро бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои миллӣ пурра ва созанда баррасӣ кунад.Қадами оянда дар ин раванд посухи Тоҷикистон хоҳад буд - кадом тавсияҳоро кишвар дастгирӣ мекунад ва кадомашро ба назар мегирад. Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Тоҷикистон зимни гузориши миллӣ дар дафтари ҳуқуқи башари СММ иттилоъ дода буд, ки ҳудуди 12% занону духтарони 15 то 49-сола дар Тоҷикистон ҳадди ақал боре дар зиндагияшон дучори хушунат шудаанд.Аз ҷумла 1% аз зӯроварии ҷинсӣ, 10% аз зӯроварии ҷисмонӣ ва 2% аз ҳарду намуд ранҷ бурдаанд, афзуд манбаъ ва таъкид кард, ки омӯзишу пажуҳишҳо дар ин бора аз соли 2017 то 2023 гузаронда шудаанд.Таъкид гардид, ки теъдоди ҷабрдидаҳо аз хушунати ҷисмонию ҷинсӣ аз 24%-и соли 2017 то ба 12% дар соли 2023 расонда шудаанд.Он нишон медиҳад, ки дар кадом соҳаҳои сиёсати ҳуқуқи башар тағйирот интизор шудан мумкин аст.
https://sputnik.tj/20261111/mutobiqsozii-bozgardondaho-suriya-guzorishi-jt-smm-1082012882.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/05/1075037529_85:0:1285:900_1920x0_80_0_0_a8130670a3138fec3464ed9ff040a1a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, смм, тавсия, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи инсон, хушунат, ҳуқуқ
дар тоҷикистон, смм, тавсия, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи инсон, хушунат, ҳуқуқ
Тавсияҳои СММ ба Тоҷикистон: муҷозот барои хушунати хонаводагӣ сахт шавад
13:11 17.11.2026 (Навсозишуда: 14:19 17.11.2026) Тавсияҳо масъалаи ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии гендерӣ, ҳуқуқи гуруҳҳои осебпазир, ислоҳоти институтсионалӣ ва ҳуқуқиро дарбар мегирад
ДУШАНБЕ,17 ноя -Sputnik. Дар давраи чоруми Шарҳи даврии универсалии (ШУД) Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, 95 давлат ба Тоҷикистон 248 тавсия пешниҳод карданд.
Инро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева, Шараф Шерализода, дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории ШУД эълон кард.
Давраи сеюми ШУД 234, дар давраи дуюм бошад, 203 тавсия пешниҳод шуда буд. Тавсияҳо афзуда истодаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи Миллии амал барои иҷроиши тавсияҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ карда буд.
Ҷаласа ба қабули бахши тавсияҳои гузориш оид ба Тоҷикистон бахшида шуда буд ва ҳайати Тоҷикистонро вазири адлия роҳбарӣ мекард.
Сегонаи гузоришгарон оид ба Тоҷикистон аз Ҷопон, Эстония ва Кот-д'Ивуар иборат буданд.
Шерализода аз Шӯро, давлатҳои иштирокчии баррасӣ ва Котиботи ШУД изҳори сипос кард.
Вай изҳор дошт, ки Душанбе омода аст, ки тавсияҳоро бо назардошти ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои миллӣ пурра ва созанда баррасӣ кунад.
Қадами оянда дар ин раванд посухи Тоҷикистон хоҳад буд - кадом тавсияҳоро кишвар дастгирӣ мекунад ва кадомашро ба назар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Тоҷикистон зимни гузориши миллӣ дар дафтари ҳуқуқи башари СММ иттилоъ дода буд, ки ҳудуди 12% занону духтарони 15 то 49-сола дар Тоҷикистон ҳадди ақал боре дар зиндагияшон дучори хушунат шудаанд.
Аз ҷумла 1% аз зӯроварии ҷинсӣ, 10% аз зӯроварии ҷисмонӣ ва 2% аз ҳарду намуд ранҷ бурдаанд, афзуд манбаъ ва таъкид кард, ки омӯзишу пажуҳишҳо дар ин бора аз соли 2017 то 2023 гузаронда шудаанд.
Таъкид гардид, ки теъдоди ҷабрдидаҳо аз хушунати ҷисмонию ҷинсӣ аз 24%-и соли 2017 то ба 12% дар соли 2023 расонда шудаанд.
Он нишон медиҳад, ки дар кадом соҳаҳои сиёсати ҳуқуқи башар тағйирот интизор шудан мумкин аст.