Мутобиқсозии бозгардондаҳо аз Сурия, хушунат ва савдои одамон: Гузориши ҶТ дар СММ
12:01 11.11.2026 (Навсозишуда: 12:18 11.11.2026)

© Sputnik / Игорь Зарембо
/ Обуна шудан
Тоҷикистон ахиран дар мавзуъҳои ҳивзи ҳуқуқи инсон, хушунат дар оила ва савдои одамон ба СММ гузориш пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Тоҷикистон 381 нафар, аз ҷумла 291 кӯдак, аз минтақаҳои низоъ дар Сурия ва Ироқро ба ватан баргардонид.
Дар ин бора ҳайати Тоҷикистон зимни гузориш дар дафтари ҳуқуқи СММ иттилоъ дод.
Таъкид шуда, ки барои бозгаштаҳо барномаҳои барқарорсозӣ ва ҳамгироии дубора амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи мубориза бо савдои кӯдакон солҳои 2021–2025 42 парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.
Муайян карда шуд, ки ҳадафи асосии чунин ҷиноятҳо, ҳамчунон, ба таври ғайриқонунӣ ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдакон боқӣ мемонад, таъкид кард ҳайати Тоҷикистон.

Масъалаи савдои одамон ва коҳиши зӯргӯии шавҳарон
Давоми солҳои 2023–2025 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 157 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамонро оғоз намуданд.
Ин нуктаро ҳайати Тоҷикистон зимни гузориш дар дафтари ҳуқуқи башари СММ иттилоъ дода, афзуд, ки дар доираи ин парвандаҳо 193 нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд.
Дар ҳамин давра 626 ҷабрдида ошкор гардиданд, ки аз ин шумора 317 нафар барои гирифтани кумаки тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ ба муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ равона карда шуданд.

Дар Тоҷикистон зӯргӯии шавҳарон коҳиш ёфтааст.
Шумори ҳамсарҳое, ки нисбати хонумашон хушунат раво дидаанд, аз 31%-и соли 2017 ба 16% дар соли 2023 поин рафтааст, иттилоъ дод ҳайати Тоҷикистон зимни гузориш дар дафтари ҳуқуқи башари СММ.

Ҳудуди 12% занону духтарони 15 то 49-сола дар Тоҷикистон ҳадди ақал боре дар зиндагияшон дучори хушунат шудаанд.
Дар ин бора ҳайати Тоҷикистон зимни гузориши миллӣ дар дафтари ҳуқуқи башари СММ иттилоъ дод.
Аз ҷумла 1% аз зӯроварии ҷинсӣ, 10% аз зӯроварии ҷисмонӣ ва 2% аз ҳарду намуд ранҷ бурдаанд, афзуд манбаъ ва таъкид кард, ки омӯзишу пажуҳишҳо дар ин бора аз соли 2017 то 2023 гузаронда шудаанд.
Таъкид гардид, ки теъдоди ҷабрдидаҳо аз хушунати ҷисмонию ҷинсӣ аз 24%-и соли 2017 то ба 12% дар соли 2023 расонда шудаанд.