Ду кишвару як таърих: наворгирии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ" чӣ гуна сурат гирифт
16:01 17.11.2026 (Навсозишуда: 18:44 17.11.2026)

© Sputnik
Обуна шудан
Дар ин филм ҳудуди 80 ҳунарпеша аз Тоҷикистон ва Узбекистон нақшҳои аслӣ ва дигар нақшҳоро ифо кардаанд ва ба ғайр аз филми дуюнимсоата созандагон ният доранд, ки силсилафилми 8-9 қисмиро низ барои намоиш омода созанд
ДУШАНБЕ, 17 ноя -Sputnik. “Тоҷикфилм” пас аз панҷ сол аз такмили филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” хабар дод.
Он нахустин филми таърихӣ дар даврони истиқлоли Тоҷикистон шуд. Чунон ки коргардонҳои филм гуфтанд, дар аввал нақша буд, ки истеҳсолот се сол давом кунад.
Ба қавли мудири “Тоҷикфилм” Муҳаммадсаид Шоҳиён, далели аслии тӯлонӣ будани таҳияи филмро вижагии худи филм номид, зеро аз нигориши филмнома гирифта то филмбардорӣ ва ҳатто сармоягузории он, ҳама чиз бояд миёни ду кишвар таҳия, ҳамоҳанг ва ниҳоӣ мешуд.
“Ду сол рӯйи филмнома кор шуд. Филмнома бояд дар шӯроҳои ҳунарии ду кишвар ба тасвиб мерасид. Танҳо дар Тоҷикистон, ҳашт донишманд, пажӯҳишгар ва мушовир дар таҳияи филмнома ширкат карданд ва аз беш аз 1,4 ҳаз. асари адабӣ ва манбаъ истифода шуд.
Мо бо 18 вазоратхона, Академияи Улум, Иттиҳодияи нависандагон, Иттиҳодияи наққошон ва Иттиҳодияи тарроҳони Тоҷикистон сарукор доштем. Ҳамкорони ӯзбекистонии мо низ дар Тошканд бо ҳамин душвориҳо рӯбарӯ буданд”, - гуфт Муҳаммадсаид Шоҳиён.
Тасмим барои сохтани филми муштараки таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар соли 2021, ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, ба Тоҷикистон ва дидори ӯ бо ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон, эълон шуд.
Ин замоне буд, ки ду кишвари ҳамсоя равобити худро ба сатҳи болотаре иртиқо медоданд ва интизор мерафт ин филм низ дар таҳким ва густариши ин равобит нақши худро ифо кунад.
Мудири “Тоҷикфилм” бидуни ишора ба “дастури сиёсӣ”-и раҳбарони ду кишвар афзуд, ки пас аз гирдиҳам омадани гурӯҳҳои корӣ, баҳсҳои тӯлонӣ дар бораи муҳтавои филм низ сурат гирифт, зеро ҳар тараф интизороти хоси худро дошт.
“Таърихро наметавон тағйир дод. Дар филм бояд ҷойгоҳи устодии Ҷомӣ ва шогирдии Навоӣ бар асоси манобеи таърихӣ ҳифз мешуд ва барҷастагии ҳар ду шахсият ба тасвир дармеомад. Баҳсҳо тӯлонӣ буд, аммо саранҷом ба тавофуқ расидем ва филмбардорӣ дар соли 2024 оғоз шуд”, - гуфт Муҳаммадсаид Шоҳиён.
Бар асоси манобеи таърихӣ, Абдурраҳмон Ҷомӣ дар пайдоиши адабиёти классикии ӯзбек, ба вижа дар парвариши бунёдгузори он, Алишери Навоӣ, нақши барҷастае дошт. Навоӣ яке аз бекҳои хирадманд ва рӯшанфикри дарбори Султон Ҳусайн Мирзои Темурӣ ва аз ҳомиёни фарҳанг ва адабиёти замони худ буд. Ӯ табъи шоирӣ дошт ва ба форсӣ шеър месуруд. Навоӣ ба тавсияи Ҷомӣ ба забони ӯзбекӣ шеър гуфт ва адабиёти классикии ӯзбек бо ашъори ӯ оғоз шуд.
80 рӯзи филмбардорӣ ва 1100 либос
Дар ин филми таърихӣ ҳудуди 40 ҳунарманд аз Тоҷикистон ва чунин теъдод аз Ӯзбекистон нақшҳои аслӣ ва дигар нақшҳоро ифо кардаанд, мегӯяд коргардони муштараки филм аз Тоҷикистон Файзуллоҳ Файзов.
“Бештари бозигарон мард ҳастанд. Метавон гуфт, як “филми мардона” сохта шудааст. Танҳо панҷ то шаш зан дар он нақш бозӣ кардаанд, зеро дар таърихи он даврон ва ҳатто дар манобеи таърихии замони Ҷомӣ ва Навоӣ, занон нақши камранге доранд. Ҳатто номи ҳамсари Ҳазрати Ҷомиро низ аз ашъори ӯ пайдо кардем”, - гуфт коргардон.
Вай афзуд, ки филмнома ба 110 саҳна тақсим шудааст, ки аз ин миён, 54 саҳна марбут ба Тоҷикистон ва 56 саҳна марбут ба Ӯзбекистон аст.
“Саҳнаҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, Қалъаи Ҳисор, обанбори Қайроқум, павилонҳои “Тоҷикфилм” дар Тоҷикистон ва шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро ва ҳамчунин манотиқи марзии Ӯзбекистон бо Афғонистон ва Туркманистон филмбардорӣ шуданд. Танҳо дар Тоҷикистон 1200 нафар дар саҳнаҳои ҷамъӣ ширкат карданд. Дар маҷмӯъ, филмбардорӣ фақат 80 рӯз замон бурд”, - гуфт коргардон.
Ба гуфтаи ӯ, акнун ду нусха аз филм дар ихтиёри коргардонҳо қарор дорад, ки яке ду соат ва 40 дақиқа ва дигаре панҷ соат аст.
“Пас аз намоиши нусхаи нахусти филм, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ омода шуда ва зернависи русӣ ва англисӣ низ дорад, бо ҳамтоёни худ дар Ӯзбекистон тавофуқ хоҳем кард, ки бо нусхаи комили филм чӣ кунем. Зоҳиран, як сериали ҳашт то нуҳқисматӣ сохта хоҳад шуд”, гуфт Файзуллоҳ Файзов.
Коргардони тоҷик мегӯяд, яке аз мушкилоти сохтани филм, набуди либос, кафш ва дигар васоил ва аносири таърихӣ буд, ки барои бозсозӣ ва намоиши фазои он даврон зарурат дошт.
“Либосҳои таърихӣ аз даврони Борис Кимиёгаров боқӣ монда буданд. Агар пеш аз мо як филми таърихӣ сохта мешуд, шояд бо ин мушкил рӯбарӯ намешудем. Тамоми либосҳо пора ва ғайриқобили истифода буданд. Вай афзуд, ки дар маҷмӯъ, 1100 даст либоси таърихии нав ва 400 ҷуфт кафш барои филм дӯхта шуд, ки наққошон ва тарроҳон дар ин замина ҳамкорӣ карданд”, гуфт коргардон.
Буҷаи филм
Дар оғоз ҳазинаҳои филм миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба нисбати 40 ба 60 тақсим шуда буд, зеро қарор буд бештари саҳнаҳо дар кишвари ҳамсоя филмбардорӣ шаванд.
“Аммо баъдан тасмим гирифтем, ки ҳар кишвар ҳазинаҳои гурӯҳи худро бар уҳда бигирад. Бар асоси иттилооте, ки ҳамкорони мо дар ихтиёрамон гузоштаанд, Ӯзбекистон ҳудуди 2,5 миллион доллар барои филм ихтисос додааст. Ин ки чӣ миқдор аз ин пул ҳазина шуда, барои мо рӯшан нест”, - гуфт мудири “Тоҷикфилм”.
Вай афзуд, ки давлати Тоҷикистон дар соли 2024 барои ин филм 11,8 млн сомонӣ ихтисос дод ва баъдан ин рақам ба 14, 6 млн сомонӣ расид, ки аз ин миён, 13, 2 млн сомонӣ харҷ шудааст.
“Ин маблағ тамоми ҳазинаҳои сафарҳои корӣ, дастмузди ҳунармандон, дӯхти либос ва кафш, ҳазинаҳои умури фаннӣ, саҳнаҳои ҷамъӣ ва дигар маворидро дарбар мегирад. Барои намуна, мо 40 ҳазор доллар барои корҳои графикӣ ҳазина кардем. Дар ин миён, ҳатто ниҳодҳои зирабт низ баррасиҳои худро дар бораи ин маболиғ анҷом доданд”, гуфт мудири “Тоҷикфилм”.
“Як дегу ду ошпаз”
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва ҳамзамон яке аз нависандагони филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, мегӯяд, ки дар таҷрибаи кории худ барои нахустин бор бо чунин вазъияте рӯбарӯ шудааст, ки як филмро ду тараф бисозанд, дуруст монанди ин ки бар сари як дег, ду ошпаз бо дидгоҳҳо ва таҷрибаҳои мутафовит қарор дошта бошанд.
“Ин ки дар ду кишвар бинишинем ва як филмнома бинависем, кори бисёр печидае буд. Тасаввур кунед, ки як ғизоро ду нафар мепазанд; ду коргардон, ду филмбардор, ду тарроҳи саҳна, ду наққош... Дар ин миён, ман ва Рустам Ҷобиров, ҳамтои ӯзбекистониям, нақши ҳамоҳангкунанда миёни гурӯҳҳои фаннӣ ва эҷодӣ, аз ҷумла мушовирон, забоншиносон ва адабиётшиносонро бар уҳда доштем”, гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки достони аслии филм дар бораи ду шоир ва ду мутафаккир аст, ки тасмим мегиранд аз вуқӯи як ҷанг ва хунрезӣ ё фитнае бузург миёни ду ҳоким ҷилавгирӣ кунанд ва сулҳ ва оштӣ ба армуғон оваранд.
“Дар зимн, достонҳо ва лаҳазоти бисёре аз зиндагии ин ду бузургворро низ дар филм гунҷондем. Умедворем, ки дар нишон додани бузургии онон муваффақ шуда бошем”, гуфт Сафар Ҳақдодов.
Риштаҳои парокандаро бо ҳам бофтан
Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки достони ду шахсияти бузург ва намоди дӯстии ҷовидонаи мардуми тоҷик ва ӯзбекро ривоят мекунад, дар замоне сохта шудааст, ки дар шабакаҳои интернетӣ, аз сӯйи бархе маҳофили хоси хориҷӣ, матолиби ихтилофбарангез дар бораи мавзӯъоти таърихӣ ва фарҳангӣ миёни тоҷикҳо ва ӯзбекҳо мунташир мешавад.
Зоҳиран, ҳадаф аз сохтани ин филм, таъкид бар ҳамзистии мусолиматомези ду миллат будааст, ҳамзистие, ки дастикам дар 500 соли гузашта идома дошта ва тасмим барои сохтани филм низ ба ҳамин манзур дар сатҳи раҳбарони ду кишвар гирифта шудааст.
Ва ин филм дастикам дар сатҳи созандагон ва ҳунармандоне, ки дар офариниши он саҳм доштанд, рисолати худро анҷом додааст, бовар дорад Қурбони Собир, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва бозигари нақши Абдурраҳмон Ҷомӣ.
Ва ин филм дастикам дар сатҳи созандагон ва ҳунармандоне, ки дар офариниши он саҳм доштанд, рисолати худро анҷом додааст, бовар дорад Қурбони Собир, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва бозигари нақши Абдурраҳмон Ҷомӣ.
“Дар рӯзҳои нахуст, ҳар касе кӯрпаро ба болои худ мекашид. Бачаҳои Тошканд мегуфтанд: “Мо бачаҳои Тошканд ҳастем” ва бачаҳои мо мегуфтанд: “Мо бачаҳои Душанбе ҳастем”. Аммо вақте на як рӯз ва ду рӯз, балки моҳҳо гузашт ва филмбардорӣ идома ёфт, саранҷом рӯзи охир ҳам фаро расид. Дилмурод, коргардони ӯзбекистонӣ, бо садои баланд эълон кард: “Филмбардорӣ тамом шуд!”
Ман фикр мекардам ҳоло ҳама васоили худро ҷамъ мекунанд ва мераванд. Аммо чунин нашуд. Чунон гиряву афғон ва оғӯш кашиданҳое оғоз шуд, ки забон аз тавсифи он оҷиз аст”, - гуфт Қурбони Собир.
Вай афзуд, ки мо ба сурати мувозӣ кор мекардем ва эҳсос намешуд, ки як гурӯҳ ҳастем, гӯё риштаҳое ҷудоафтода аз якдигар будем.
“Аммо дар рӯзҳои поёнии филмбардорӣ дар Бухоро, ин ду гурӯҳ ба як гурӯҳ табдил шуданд, ки барои таҳаққуқи як орзуи бузург талош мекард. Мо наметавонистем дар бораи дӯстӣ ва рафоқат филм бисозем, аммо худамон дӯст ва рафиқ набошем. Хушбахтона, ин иттифоқ афтод ва филм ба ҳадафи худ расид”,- боварӣ дорад ҳунарманд.

