https://sputnik.tj/20260322/rahmon-javononi-tarikh-farhang-arzishhoi-millat-omuzand-1076232282.html
Раҳмон: Ҷавонони мо бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллати худро омӯзанд
Раҳмон: Ҷавонони мо бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллати худро омӯзанд
Sputnik Тоҷикистон
Риаисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки мардуми кишварро зарур аст, то дучанд кор карда, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонанд
2026-03-22T11:21+0500
2026-03-22T11:21+0500
2026-03-22T11:21+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ҷавонон
таърих
илм ва фанноварӣ
сиёсат
наврӯз
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/15/1076229160_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_60655879c4b8f8da17b504631c19efce.jpg
ДУШАНБЕ, 22мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиаш ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе таъкид кард, ки тоҷикистониён вазифадоранд суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос доранд.Вай гуфт, тоҷикон бояд арзишҳояшонро омӯзанд, густариш диҳанд ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузоранд.Вай илова кард, ки тоҷикистониён бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад.“Дар ин росто, фаромӯш набояд кард, ки дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси баланди миллӣ, иродаи мустаҳкам, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва давлат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо – калонсолон ба ҳисоб меравад.”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.Вай илова кард, ки ҷавонони тоҷик бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худро омӯзанд ва онҳоро густариш диҳанд.Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар даврони истиқлолият тоҷикон худро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангӣ, соҳибкитобу соҳибдевон ва давлатдору ободгар дигарбора эҳё кардем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.“Мо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозем, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегардем ва Тоҷикистонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳем”, гуфт Раҳмон.
https://sputnik.tj/20260322/rahmon-davat-zakhiraho-tojikiston-oqilona-istifoda-1076221514.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/15/1076229160_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_e3b8a8990b66bec39c774e209bef1387.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, ҷавонон, таърих, илм ва фанноварӣ, сиёсат , наврӯз, фарҳанг
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, ҷавонон, таърих, илм ва фанноварӣ, сиёсат , наврӯз, фарҳанг
Раҳмон: Ҷавонони мо бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллати худро омӯзанд
Риаисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки мардуми кишварро зарур аст, то дучанд кор карда, давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонанд
ДУШАНБЕ, 22мар – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиаш ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе таъкид кард, ки тоҷикистониён вазифадоранд суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос доранд.
Вай гуфт, тоҷикон бояд арзишҳояшонро омӯзанд, густариш диҳанд ва онҳоро ба наслҳои оянда бо тамоми зебоиву шукӯҳашон ба мерос гузоранд.
Вай илова кард, ки тоҷикистониён бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад.
“Дар ин росто, фаромӯш набояд кард, ки дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси баланди миллӣ, иродаи мустаҳкам, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва давлат вазифаи муқаддаси ҳар яки мо – калонсолон ба ҳисоб меравад.”, - гуфт кишвардори Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки ҷавонони тоҷик бояд таърих, фарҳанг ва дигар арзишҳои ҷовидонии миллати худро омӯзанд ва онҳоро густариш диҳанд.
“Ҳамеша дар фикри азхудкунии илму дониш ва касбу ҳунар, соҳибӣ кардану обод намудани Ватан, пешрафти давлат ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ бошед”, - қад кард раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки дар даврони истиқлолият тоҷикон худро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангӣ, соҳибкитобу соҳибдевон ва давлатдору ободгар дигарбора эҳё кардем ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
“Мо бо ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул, заҳмати софдилона ва иродаи қавӣ нақшаҳои созандаи худро ҳатман амалӣ месозем, ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ноил мегардем ва Тоҷикистонро ба кишвари боз ҳам ободу пешрафта ва пойтахти он шаҳри Душанберо ба ойинаи ҳақиқии давлати тоҷикон табдил медиҳем”, гуфт Раҳмон.