https://sputnik.tj/20261113/hamkori-farhang-hamkori-siyosi-1082101707.html
Ҳамкории фарҳангӣ пас аз ҳамкории сиёсӣ
Ҳамкории фарҳангӣ пас аз ҳамкории сиёсӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҷомӣ ва Навоӣ дар як кадр: Тоҷикистону Ӯзбекистон наздиктар мешаванд
2026-11-13T09:31+0500
2026-11-13T09:31+0500
2026-11-13T09:31+0500
дар тоҷикистон
абдураҳмони ҷомӣ
алишери навоӣ
ӯзбекистон
кино
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082103323_0:0:1080:608_1920x0_80_0_0_d22f0cc4af0d3e32cf4f83db71ce5cf8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноябр — Sputnik. Нахустнамоиши филми бадеӣ-таърихии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", ки синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон якҷоя таҳия кардаанд, дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон, дар Душанбе баргузор мегардад.Дар ин бора директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекистон амалӣ шудааст.Нахустнамоиши махсус дар кинотеатри "Ватан"-и Душанбе мегузарад. Дар он аъзои Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, гурӯҳи эҷодии филм, олимон, ходимони фарҳанг, рӯзноманигорон ва ҳаводорони синамо иштирок мекунанд.Достони ду абармардФилм ба ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст. Он дӯстӣ, муносибати устоду шогирд ва саҳми онҳоро дар рушди адабиёт, илм ва ҳунар нишон медиҳад. Воқеаҳо солҳои 1469–1492 дар шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳирот ва Астаробод, мегузаранд.Дар маркази сужа талоши ду мутафаккир барои ҳалли осоиштаи низоъҳои сиёсӣ, таҳкими сулҳ ва рушди фарҳанг қарор дорад. Дар филм инчунин Султон Ҳусайн Бойқаро, Ҳасанбек (Узун Ҳасан), Ёдгор Мирзо, Маҷдуддин Хофӣ ва Паҳлавон Муҳаммад тасвир шудаанд. Воқеаҳоро наққоши машҳури он давра Камолиддин Беҳзод нақл мекунад.Ду киностудия, як лоиҳаНаворбардорӣ дар маконҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дар павилонҳои "Тоҷикфилм" ва "Ӯзбекфилм" гузаронида шуд. Дар таҳияи филм мутахассисони ҳар ду кишвар ва коршиносони хориҷӣ ширкат карданд. Барои эҷоди муҳити таърихӣ, либосҳо, ороиши чеҳра, реквизит, саҳнаҳои ҷанг ва эффектҳои махсус технологияҳои муосири филмсозӣ истифода шуданд.Филм дар жанри драмаи таърихӣ таҳия шуда, 144 дақиқа давом мекунад ва барои тамошобинони аз 7-сола боло пешбинӣ шудааст.Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон инчунин дар бораи ҷараёни наворбардорӣ, интихоби ҳунармандон, либосҳои саҳнавӣ, забони филм ва ҳамкориҳои минбаъдаи синамогарони ду кишвар савол доданд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/62698
абдураҳмони ҷомӣ
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/0b/0c/1082103323_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_3b4850e214495e1bc85db5214ea77ad1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, абдураҳмони ҷомӣ, алишери навоӣ, ӯзбекистон, кино
дар тоҷикистон, абдураҳмони ҷомӣ, алишери навоӣ, ӯзбекистон, кино
Ҳамкории фарҳангӣ пас аз ҳамкории сиёсӣ
Ҷомӣ ва Навоӣ дар як кадр: Тоҷикистону Ӯзбекистон наздиктар мешаванд
ДУШАНБЕ, 13 ноябр — Sputnik. Нахустнамоиши филми бадеӣ-таърихии "Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ", ки синамогарони Тоҷикистону Ӯзбекистон якҷоя таҳия кардаанд, дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон, дар Душанбе баргузор мегардад.
Дар ин бора директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон ва Президенти Ӯзбекистон амалӣ шудааст.
Нахустнамоиши махсус дар кинотеатри "Ватан"-и Душанбе мегузарад. Дар он аъзои Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ, гурӯҳи эҷодии филм, олимон, ходимони фарҳанг, рӯзноманигорон ва ҳаводорони синамо иштирок мекунанд.
Филм ба ҳаёт ва фаъолияти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бахшида шудааст. Он дӯстӣ, муносибати устоду шогирд ва саҳми онҳоро дар рушди адабиёт, илм ва ҳунар нишон медиҳад. Воқеаҳо солҳои 1469–1492 дар шаҳрҳои Хуросону Мовароуннаҳр, аз ҷумла Ҳирот ва Астаробод, мегузаранд.
Дар маркази сужа талоши ду мутафаккир барои ҳалли осоиштаи низоъҳои сиёсӣ, таҳкими сулҳ ва рушди фарҳанг қарор дорад. Дар филм инчунин Султон Ҳусайн Бойқаро, Ҳасанбек (Узун Ҳасан), Ёдгор Мирзо, Маҷдуддин Хофӣ ва Паҳлавон Муҳаммад тасвир шудаанд. Воқеаҳоро наққоши машҳури он давра Камолиддин Беҳзод нақл мекунад.
Наворбардорӣ дар маконҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дар павилонҳои "Тоҷикфилм" ва "Ӯзбекфилм" гузаронида шуд. Дар таҳияи филм мутахассисони ҳар ду кишвар ва коршиносони хориҷӣ ширкат карданд. Барои эҷоди муҳити таърихӣ, либосҳо, ороиши чеҳра, реквизит, саҳнаҳои ҷанг ва эффектҳои махсус технологияҳои муосири филмсозӣ истифода шуданд.
Филм дар жанри драмаи таърихӣ таҳия шуда, 144 дақиқа давом мекунад ва барои тамошобинони аз 7-сола боло пешбинӣ шудааст.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон инчунин дар бораи ҷараёни наворбардорӣ, интихоби ҳунармандон, либосҳои саҳнавӣ, забони филм ва ҳамкориҳои минбаъдаи синамогарони ду кишвар савол доданд.