https://sputnik.tj/20260811/rahmon-hisor-iftitohi-gulgashti-duoi-modar-maktabu-kudakiston-1079599977.html
Раҳмон дар Ҳисор: Аз ифтитоҳи гулгашти навбунёди Дуои модар то мактабу кӯдакистон
Раҳмон дар Ҳисор: Аз ифтитоҳи гулгашти навбунёди Дуои модар то мактабу кӯдакистон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард
2026-08-11T15:09+0500
2026-08-11T15:09+0500
2026-08-11T15:09+0500
дар тоҷикистон
ҳисор
эмомалӣ раҳмон
иншоот
ифтитоҳ
мактаб
маориф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0b/1079596685_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_59277c3e15de02a6d38cafb07cea58a5.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Нахуст раисҷумҳури кишвар дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор дод.Дар ин бора Хаджамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст. Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст.Пас аз ифтитоҳи Гулгашти Дуои модар президенти Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор дод.Ба Президенти кишвар зимни ифтитоҳи ин ишоот иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, узви фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, мудири ширкати “Бунёдкор Сохтмон” Мироҷиддин Ёров бунёд гардидааст.Раҳбари давлат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд доду.Ҳачунин роҳбари кишвар дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии "Сафия"-ро мавриди истифода қарор дод.Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкор Исломиддин Абдуқодирзода бунёд ёфтааст.Дар муассиса 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 16 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд.Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.Дар инҷо раҳбари кишвар ба мақомот дастур дод, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон бо сару либос ва лавозимоти хониши ройгон таъмин карда шаванд.Ҳамчунин соҳибкор Исломиддин Абдуқодирзода ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки ояндаи наздик барои омӯзгорони муассисаи томактабӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад.Президенти кишвар дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дод.Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 мавриди истифода қарор гирифт.Ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид.Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 кушода шуд.Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 мавриди истифода қарор гирифт.Ҳамзамон дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича ифтитоҳ гардид.Инчқнин дар доираи тадбирҳо дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт.Инчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард.Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд.Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт.Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Барх мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт.Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ, дар умум бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Хамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ мумфарш карда шуд.Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд. То имрӯз 1848 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 102,2% нақшаро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260731/davati-rahmon-mintaqa-sokhtmoni-korkhonaho-poloishi-naft-1079375507.html
https://sputnik.tj/20260730/taghyiroti-kadri-vazorati-difo-rahmon-komisaroni-harbii-ivaz-1079345781.html
https://sputnik.tj/20260729/nigaronii-rahmon-bozori-sukht-dastur-prezident-vorid-suzishvori-1079311866.html
ҳисор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/0b/1079596685_71:0:1210:854_1920x0_80_0_0_67ab9dd61a71cf612a4abad900d6e912.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳисор, эмомалӣ раҳмон, иншоот, ифтитоҳ, мактаб, маориф
дар тоҷикистон, ҳисор, эмомалӣ раҳмон, иншоот, ифтитоҳ, мактаб, маориф
Раҳмон дар Ҳисор: Аз ифтитоҳи гулгашти навбунёди Дуои модар то мактабу кӯдакистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Нахуст раисҷумҳури кишвар дар маҳаллаи Камоли Хуҷандии шаҳраки Ҳисор Гулгашти навбунёди Дуои модарро мавриди истифода қарор дод.
Дар ин бора Хаджамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур бо мақсади фароҳам овардани муҳити созгор барои истироҳату фароғати сокинон бунёд гардида, ба яке аз мавзеъҳои зебову дилнишини маҳалла табдил ёфтааст. Дар маркази он муҷассамаи модар қомат афрохтааст.
Пас аз ифтитоҳи Гулгашти Дуои модар президенти Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисорро мавриди истифода қарор дод.
Ба Президенти кишвар зимни ифтитоҳи ин ишоот иттилоъ доданд, ки бинои мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, узви фаъоли Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, мудири ширкати “Бунёдкор Сохтмон” Мироҷиддин Ёров бунёд гардидааст.
Раҳбари давлат ба иқдоми соҳибкори ватандӯст баҳои баланд доду.
Ҳачунин роҳбари кишвар дар деҳоти Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии "Сафия"-ро мавриди истифода қарор дод.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкор Исломиддин Абдуқодирзода бунёд ёфтааст.
Дар муассиса 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 16 мураббия ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд.
Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад.
Дар инҷо раҳбари кишвар ба мақомот дастур дод, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон бо сару либос ва лавозимоти хониши ройгон таъмин карда шаванд.
Ҳамчунин соҳибкор Исломиддин Абдуқодирзода ба Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки ояндаи наздик барои омӯзгорони муассисаи томактабӣ хонаҳои истиқоматӣ бунёд мекунад.
Президенти кишвар дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дод.
Дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Шарора Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №144 мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамзамон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №145 дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор ифтитоҳ гардид.
Дар деҳаи Руҷони деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №78 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Ҳисор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124 кушода шуд.
Дар деҳаи Баракати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор бинои нави иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар идомаи тадбирҳо дар деҳаи Турдиқишлоқи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамзамон дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маҳаллаи Рӯдакии шаҳраки Ҳисор Муассисаи таҳсилоти томактабии Нури истиқлол барои 150 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар деҳаи Обигарми деҳоти Навобод Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Хадича ифтитоҳ гардид.
Инчқнин дар доираи тадбирҳо дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Меҳмонхона ва маркази солимгардонии Шаршара мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ бинои нави шуъбачаи милитсияи деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор ифтитоҳ ёфт.
Инчунин дар ҳамин рӯз дар деҳаи Ҳисори деҳоти Ҳисор бинои Қасри Ҳоким ифтитоҳ гардид. Иншооти мазкур дар доираи лоиҳаи азнавсозии Мамнуъгоҳи таърихиву фарҳангии Қалъаи Ҳисор бунёд гардида, ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими таърихию фарҳангӣ барои муаррифии тамаддуни қадимаи тоҷикон хизмат хоҳад кард.
Дар деҳаи Деҳи Нави деҳоти Мирзо Ризо Корхонаи коркарди оҳан ва пластикаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ҳоҷӣ Шариф ба фаъолият оғоз намуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 1 ҳазору 200 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.
Дар деҳаи Ситораи деҳоти Навобод корхонаи зотпарварии парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АРК АГРО мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ҳудуди деҳаи Ҳисори шаҳри Ҳисор корхонаи истеҳсоли масолеҳи хушки сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Барх мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар деҳаи Боғистони деҳоти Сомон корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Босфор Тиҷорат ифтитоҳ ёфт.
Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҳисор 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 5136 хонанда дар ду баст, 4 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 640 кӯдак, 8 корхонаи саноатӣ, 4 иншооти сайёҳӣ, 3 иншооти хизматрасонӣ, дар умум бо таъсиси қариб 700 ҷойи кории доимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Хамчунин, дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 58 км роҳ мумфарш карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Ҳисор бояд 1809 иншоот сохта мешуд. То имрӯз 1848 иншоот сохта ба истифода дода шуд, ки 102,2% нақшаро ташкил медиҳад.