Даъвати Раҳмон аз кишварҳои минтақа дар бораи сохтмони корхонаҳои бузурги полоиши нафт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаНеформальная Консультативная встреча глав государств Центральной Азии и Азербайджана.
Неформальная Консультативная встреча глав государств Центральной Азии и Азербайджана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок ва суханронӣ кард
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, пешниҳод намуд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ корхонаҳои бузурги коркарди нафт барои истеҳсоли маводи сухт сохта шаванд.
Вай гуфт, ки бо назардошти вазъияти имрӯза дар бозори энергетикии минтақа ва ҷаҳон сохтмони корхонаҳои бузурги полоиши нафт дар минтақа хеле муҳим аст.
Вай ҳамчунин шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.
Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани танишҳои геополитикӣ, тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва зуҳури таҳдиду хатарҳои нави амниятӣ давлатҳои минтақаро ба вокуниши муштарак ва муассир нисбат ба ин зуҳуроти манфӣ даъват намуд.
Ҳамзамон, раҳбари Тоҷикистон аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ
Вай изҳор дошт, ки ин раванд барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳо имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кард, ки масъалаҳои рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, энергетика, саноат, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун афзалиятҳои муштараки кишварҳои минтақа боқӣ мемонанд.
Ҳамчунин, кишвардори Тоҷикистон аз рушди робитаҳои фарҳангию гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими пояҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни мардумони минтақа арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро барои идомаи талошҳо барои татбиқи амалии қарорҳои муштараки қабулшуда таъкид намуд.
Лентаи хабарҳо
0