Тағйироти кадрӣ дар вазорати дифоъ: Раҳмон комисарони ҳарбии 20 шаҳру навоҳиро иваз кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд воҳидҳои низомии Гвардияи миллии Тоҷикистон афсарони соҳибтаҷриба ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ҳамчунин бо қҚарорҳои ҳукумати кишвар дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва Хадамоти иҷрои муовинон-сарпарастони самти рақамикунонӣ ва технологияҳои муосир таъин карда шуданд.
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ сардорони як қатор раёсатҳо ва роҳбарони воҳидҳои низомӣ низ тағйир ёфтанд.
Қайд карда шудааст, дар вазорати дифоъ ба вазифаҳо ҷавоне, таъйин шуданд, ки ду ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбии дохил ва хориҷи кишварро хатм кардаанд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президент комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон, шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва Гулистони вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ, Кӯшониён, Хуросон, Темурмалик, Қубодиён, шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Леваканти вилояти Хатлон, комиссари ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, комиссарони ҳарбии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Файзобод ва шаҳри Вахдат иваз карда шуданд.
Заседание правительства республики Таджикистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Супориши Раҳмон дар бораи зудтар рақамисозии иқтисод ва тақвияти пардохтҳои ғайринақдӣ
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки тағйироти кадрӣ, ҳамчунин дар ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сурат гирифт.
Сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, роҳбарони якчанд отрядҳои сарҳадӣ ва раёсатҳои дастгоҳи марказии Қӯшунҳои сарҳадӣ иваз шуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ҷавон дидор кард ва онҳо ба хизмати софдилонаву содиқонаи давъат кард.
.
Лентаи хабарҳо
0