https://sputnik.tj/20260729/nigaronii-rahmon-bozori-sukht-dastur-prezident-vorid-suzishvori-1079311866.html
Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ
Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури кишвар дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулин дастур дод, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд
2026-07-29T11:41+0500
2026-07-29T11:41+0500
2026-07-29T11:41+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
бозори нафт
газу нафт
эмомалӣ раҳмон
ҳукумат
дастур
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1c/1079302504_438:43:2048:949_1920x0_80_0_0_cd9097aab4282a59e19d3517fbb2a9e2.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Хадамоти зиддиинҳисории назди давлати Тоҷикистон, рух додани буҳрони эҳтимолии сӯхт дар кишварро баъид медонад.Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Шарифзода, зимни нишасти матбуотии ахир таъкид кард, ки Тоҷикистон беш аз 90%-и маҳсулоти нафтии худро аз Русия мехарад, ки худ ба наздикӣ аз сабаби мушкилот бо Украина бо норасоии сӯзишворӣ рӯбарӯ гардидааст, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ҷамъбасти нимсолаи аввали сол. Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳар сурат бо бӯҳрони сӯзишворӣ рӯбарӯ нест, зеро кишвар барои ду моҳи оянда маҳсулоти нафтии кофӣ дорад. Дар ҳоле ки кишвар қисми зиёди фаровардаҳои нафти худро аз Русия (тақрибан 91,1%) ворид мекунад, он инчунин аз Беларус (2,8%), Туркманистон (1,9%), Қазоқистон (1%), Ӯзбекистон (0,9%) ва Қирғизистон (0,9%) таъминот мегирад ва 1,5%-и боқимонда аз дигар кишварҳо ин маҳсулот харидорӣ мекунад.Бар асоси омори гумрукӣ, Тоҷикистон дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ 599,5 ҳазор тон фаровардаҳои нафтиро ба арзиши 494,7 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 825 доллар барои ҳар тон ворид кардааст. Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 35,9 ҳазор тон бештар буда, миёнаи қимати воридот низ 38 доллар ё 4,8 дарсад афзоиш ёфтааст.Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нимаи аввали имсол нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон 54 дарсад афзуда, ҳоло як литри он аз 15 то 16,7 сомонист.Нархи бензин ҳам дар ним сол 26 дарсад гарон шуда, як литри он то 12 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши гази моеъ дар ним сол бетағйир мондааст.Тибқи омори ин Хадамот, аз моҳи январ то июни имсол ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан чил ҳазор тонна зиёд мебошад.Дар ин давра ҳамчунин ба Тоҷикистон 241 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.
https://sputnik.tj/20260718/nigaroni-maqomoti-tojikiston-buhroni-sukht-1079043079.html
https://sputnik.tj/20260708/maqomoti-talosh-aviatsiyai-grazhdani-kambud-suzishvori-1078863210.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/1c/1079302504_406:0:2048:1231_1920x0_80_0_0_2ede1d9af85fd6a2fe2e7c5bcfd48a55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, бозори нафт, газу нафт, эмомалӣ раҳмон, ҳукумат, дастур, энергетика
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, бозори нафт, газу нафт, эмомалӣ раҳмон, ҳукумат, дастур, энергетика
Нигаронии Раҳмон аз бозори сӯхт: Дастури президент барои зудтар ворид кардани сӯзишворӣ
Раисҷумҳури кишвар дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулин дастур дод, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ахири ҳукумат ба масъулинро вазифадор намуд, ки бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи маводи сӯхт ва барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба кишвар тадбирҳои амалӣ андешанд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур ҳамчунин дастур ба масъулин дастур додааст, ки вазъи таъмини устувори бозори дохилӣ бо маводи сухтро таҳлил намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Хадамоти зиддиинҳисории назди давлати Тоҷикистон, рух додани буҳрони эҳтимолии сӯхт дар кишварро баъид медонад.
Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ Ҳайдаралӣ Шарифзода, зимни нишасти матбуотии ахир таъкид кард, ки Тоҷикистон беш аз 90%-и маҳсулоти нафтии худро аз Русия мехарад, ки худ ба наздикӣ аз сабаби мушкилот бо Украина бо норасоии сӯзишворӣ рӯбарӯ гардидааст, изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ҷамъбасти нимсолаи аввали сол.
Вай гуфт, ки Тоҷикистон дар ҳар сурат бо бӯҳрони сӯзишворӣ рӯбарӯ нест, зеро кишвар барои ду моҳи оянда маҳсулоти нафтии кофӣ дорад. Дар ҳоле ки кишвар қисми зиёди фаровардаҳои нафти худро аз Русия (тақрибан 91,1%) ворид мекунад, он инчунин аз Беларус (2,8%), Туркманистон (1,9%), Қазоқистон (1%), Ӯзбекистон (0,9%) ва Қирғизистон (0,9%) таъминот мегирад ва 1,5%-и боқимонда аз дигар кишварҳо ин маҳсулот харидорӣ мекунад.
Бар асоси омори гумрукӣ, Тоҷикистон дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ 599,5 ҳазор тон фаровардаҳои нафтиро ба арзиши 494,7 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 825 доллар барои ҳар тон ворид кардааст. Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 35,9 ҳазор тон бештар буда, миёнаи қимати воридот низ 38 доллар ё 4,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нимаи аввали имсол нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон 54 дарсад афзуда, ҳоло як литри он аз 15 то 16,7 сомонист.
Нархи бензин ҳам дар ним сол 26 дарсад гарон шуда, як литри он то 12 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши гази моеъ дар ним сол бетағйир мондааст.
Тибқи омори ин Хадамот, аз моҳи январ то июни имсол ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан чил ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳамчунин ба Тоҷикистон 241 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.