"Масирҳои баста": ҷангҳо дар Ховари Миёнаву Осиё ба тиҷорати Тоҷикистон чӣ таъсир доранд?

© AP / Vahid Salemi
Обуна шудан
Эксклюзив
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз эҳтимоли комилан аз байн рафтани транзити коло аз тариқи Эрон ва Афғонистон ҳушдор дод. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин як навъ муҳосираи иқтисодии Осиёи Марказиро ба вуҷуд меорад
ДУШАНБЕ, 31 июл – Sputnik. Дар натиҷаи ҷанги байни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида, инчунин низоъ байни Афғонистон ва Покистон, транзити мол тавассути ин ҷумҳуриҳо амалан қатъ шудааст.
Дар пайи ҷангҳои миёни Эрон ва Амрико, инчунин Афғонистон ва Покистон, транзити коло аз тариқи Эрон ва Афғонистон тақрибан аз байн рафтааст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
"Албатта, тоҷирони мо масирҳои алтернативии интиқоли колоро пайдо кардаанд, аммо хоҳ нохоҳ масирҳои нав вақти бештар мегиранд ва бешак ба гардиши тиҷорати хориҷӣ таъсир хоҳанд гузошт,” – гуфт ӯ.
Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пештар тавассути бандарҳои эронии Бандар Аббос ва Чобаҳор бо кишварҳои Шарқ, Ҷанубу Шарқи Осиё, Ҷануби Осиё, Ховари Миёна ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс муомилоти тиҷоратӣ анҷом медоданд.
Ин бандарҳои ҷанубӣ ҳамчунин барои интиқоли маҳмулаҳое истифода мешаванд, ки аз роҳи баҳр ва бидуни убур аз роҳҳои заминӣ ба дигар кишварҳои ҷаҳон фиристода мешаванд. Дар асл, онҳо дарвозаҳои ҷанубии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.
Аз сӯи дигар, дар пайи идомаи даргириҳои миёни Покистон ва Афғонистон, ки аз соли гузашта то имрӯз идома доранд, гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар, аз ҷумла ду гузаргоҳи асосии Турхам ва Чаман, баста шудаанд. Маҳз тавассути ин гузаргоҳҳо содироту воридоти Покистон ва ҳамчунин колоҳои дигар кишварҳои ҷаҳон аз роҳи бандарҳои Гводар ва Карочӣ ба Осиёи Марказӣ анҷом мешуд.
Чӣ гуна ҷангҳо дар Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ метавонанд ба тиҷорати Тоҷикистон таъсир расонанд, - дар матлаби Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хонед.
Омор чӣ мегӯяд?
Бо вуҷуди ин вазъият, омор ҳамоно аз рушди тиҷорати Тоҷикистон бо Эрон ва Афғонистон шаҳодат медиҳад. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Эрон ба 254,3 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,8% афзоишро нишон медиҳад. Воридот то 205,7 миллион доллар (+17,5%) афзоиш ёфта, содирот ба 48,6 миллион доллар (+4,7%) расид. Ғайр аз ин, молҳои Эрон 3,7%-и гардиши умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро ташкил доданд.
Бо вуҷуди ин, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ки транзити коло аз тариқи Эрон ба кишварҳои дигар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
“Бандари Аббос, ки дар наздикии Тангаи Ҳурмуз ҷойгир аст, ҳоло қариб истифода намешавад. Қисме аз колоҳо тавассути бандари Чобаҳор интиқол меёбанд, аммо агар вазъият бадтар шавад, ин масир низ баста хоҳад шуд”, - гуфт Хуршед Каримзода.
“Бандари Аббос, ки дар наздикии Тангаи Ҳурмуз ҷойгир аст, ҳоло қариб истифода намешавад. Қисме аз колоҳо тавассути бандари Чобаҳор интиқол меёбанд, аммо агар вазъият бадтар шавад, ин масир низ баста хоҳад шуд”, - гуфт Хуршед Каримзода.
Дар ҳамин давра, тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Афғонистон ба 59,2 миллион доллар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 6,5% афзоишро нишон медиҳад. Воридот 17,9 миллион долларро ташкил дод (+106,9%), дар ҳоле ки содирот 12% коҳиш ёфта, ба 41,2 миллион доллар расид. Саҳми Афғонистон дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тақрибан 1% ташкил дод.
Ҳамзамон, пас аз баста шудани гузаргоҳҳои марзии миёни Афғонистон ва Покистон, ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Покистон аз 35,3 миллион доллар дар нимсолаи аввали соли гузашта ба 16,7 миллион доллар дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст, ки 53 дарсад камтар мебошад.
Дар соли ҷорӣ содирот ба Покистон ба 1,1 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли гузашта 11 баробар афзоиш ёфтааст, аммо воридот аз Покистон ба 15,5 миллион доллар расида, 60 дарсад коҳиш нишон медиҳад.
Ба қавли яке аз бозаргононе, ки аз Покистон ба Тоҷикистон коло ворид мекунад, дар гузашта аз Покистон доруворӣ, биринҷ, меваҳои ситрусӣ, картошка, таҷҳизоти варзишӣ ва маҳсулоти чармӣ ба Тоҷикистон ворид мешуд.
“Имсол картошкаи Покистон ворид нашуд ва қимати он, бахусус дар Душанбе, аз 6 то 7 сомонӣ поёнтар наомад. Ҳамчунин яке аз сабабҳои гарон шудани афлесун ва помидор ҳамин буд, ки Толибон* иҷоза надоданд ин маҳсулот аз Покистон ворид шавад,” – гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҳоло ҳамлу нақли коло миёни ду кишвар ба сурати транзитӣ аз тариқи хоки Чин анҷом меёбад.
Вай афзуд, ки ҳоло ҳамлу нақли коло миёни ду кишвар ба сурати транзитӣ аз тариқи хоки Чин анҷом меёбад.
Дар пайи ихтилол дар фаъолияти бандарҳои Эрон, ҳаҷми тиҷорати хориҷии миёни Тоҷикистон ва Ҳинд низ коҳиш ёфтааст: аз 41,8 миллион доллар дар соли гузашта ба 39,3 миллион доллар дар соли ҷорӣ, яъне тақрибан 6 дарсад коҳиш.
Бино ба омори расмӣ, содироти Тоҷикистон ба Ҳинд, ки асосан маводи хоми дорусозӣ мебошад, ба 419,2 ҳазор доллар расида, нисбат ба соли гузашта 9 баробар афзоиш ёфтааст. Дар муқобил, воридот аз Ҳинд аз 41,7 миллион доллар ба 38,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки тақрибан 7 дарсад камтар мебошад.
Бино ба омори расмӣ, содироти Тоҷикистон ба Ҳинд, ки асосан маводи хоми дорусозӣ мебошад, ба 419,2 ҳазор доллар расида, нисбат ба соли гузашта 9 баробар афзоиш ёфтааст. Дар муқобил, воридот аз Ҳинд аз 41,7 миллион доллар ба 38,9 миллион доллар коҳиш ёфтааст, ки тақрибан 7 дарсад камтар мебошад.
Ҳинд то як-ду соли пеш тақрибан 90 дарсади ниёзи бозори шакари Тоҷикистонро таъмин мекард, аммо ҳоло ин саҳм ба 11,6 дарсад поён омадааст. Бо вуҷуди ин, Ҳинд ҳамоно бо дар ихтиёр доштани 29,9 дарсади бозори дорувории Тоҷикистон мақоми пешсафи худро нигоҳ доштааст.
Масирҳои алтернативӣ, аммо гаронтар
Дар ҳамин ҳол, идомаи даргириҳо дар Эрон, Покистон ва Афғонистон бозаргонҳоро водор кардааст, ки дар ҷустуҷӯи масирҳои алтернативӣ бошанд.
Ба гуфтаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, колоҳое, ки пештар аз тариқи бандарҳои Эрон ворид мешуданд, ҳоло аз тариқи кишварҳои дигар интиқол дода мешаванд.
“Пас аз баста шудани масири Эрон, колоҳо аз тариқи Туркманистон ва Озарбойҷон ворид мешаванд. Ин роҳҳо қаблан ҳам истифода мешуданд, аммо бозаргонҳо ҳамеша кӯтоҳтарин ва камхарҷтарин масирро интихоб мекунанд. Ҳоло қисми зиёди колоҳо аз тариқи Туркия, Қафқоз, баҳри Хазар, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон интиқол дода мешаванд,”, - гуфт Хуршед Каримзода.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ӯ, ин масирҳо хароҷоти иловагӣ доранд ва маҳз ҳамин яке аз сабабҳои болоравии нархи бархе аз колоҳо мебошад.
“Масалан, барои интиқоли бор аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Қазоқистон бояд аз киштиҳои паром истифода кард, ки худ хароҷоти иловагӣ ба бор меорад,” – тавзеҳ дод ӯ.
Мушкили дигарро манбаи Sputnik Тоҷикистон инфрасохтори Туркманистон номид, зеро ин ҷумҳурӣ маҳдудиятҳои интиқоли мол тавассути роҳи оҳанро дорад.
“Вақте ҳаҷми колоҳои тиҷоратӣ зиёд мешавад, муддати тӯлонӣ дар он ҷо банд мемонанд. Шабакаи логистикӣ комил нест, зерсохтор маҳдуд аст; барои мисол, роҳи оҳан танҳо як хат дорад ва иқтидори боркашонии он низ маҳдуд мебошад,” – гуфт ӯ.
Ин бозаргон гуфт, колое, ки пештар дар 10 то 15 рӯз ба мақсад мерасид, ҳоло гоҳе то як моҳ дар ҳудуди Туркманистон банд мемонад.
Ин бозаргон гуфт, колое, ки пештар дар 10 то 15 рӯз ба мақсад мерасид, ҳоло гоҳе то як моҳ дар ҳудуди Туркманистон банд мемонад.
Ба гуфтаи раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, иваз шудани масирҳои қаблӣ бо масирҳои нав, ба ҷуз аз хароҷоти молиявӣ, хароҷоти замонӣ низ ба бор меорад.
“Дар ин миён, коҳиши вуруди колоҳо дар як фосилаи муайяни вақт комилан эҳсос мешавад. Ҳатто агар танҳо як рӯзи коҳиш дар ҳаҷми воридоти коло ба қайд гирифта шавад, ин ҳолат бевосита ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук таъсир мерасонад”, - гуфт ӯ.
“Дар ин миён, коҳиши вуруди колоҳо дар як фосилаи муайяни вақт комилан эҳсос мешавад. Ҳатто агар танҳо як рӯзи коҳиш дар ҳаҷми воридоти коло ба қайд гирифта шавад, ин ҳолат бевосита ба муҳимтарин самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук таъсир мерасонад”, - гуфт ӯ.
Агар ин масирҳо низ баста шаванд?
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки вазъи кунунӣ танҳо натиҷаи ҷангҳои миёни Эрону Амрико ё Афғонистону Покистон нест ва онро як ҳодисаи тасодуфӣ намеҳисобанд.
Ба андешаи онҳо, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш барои ҷилавгирӣ аз рушди долонҳои тиҷоратӣ ба сӯи Русия ва Чин, ки аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мегузаранд, намегузоранд, ки оташи ҷангҳо хомӯш шавад.
Ба андешаи онҳо, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш барои ҷилавгирӣ аз рушди долонҳои тиҷоратӣ ба сӯи Русия ва Чин, ки аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мегузаранд, намегузоранд, ки оташи ҷангҳо хомӯш шавад.
Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси масоили минтақа, мегӯяд, ки Иёлоти Муттаҳида тавони рӯёрӯии мустақим бо Эронро надорад, аммо ноамн нигоҳ доштани роҳҳои баҳрии тиҷорат, ки интиқоли колоҳоро аз минтақа ба хориҷ ва баръакс таъмин мекунанд, дар ниҳоят ба суди Вашингтон анҷом меёбад.
“Маводи сӯхт камчин мешавад ва нархи он боло меравад. Ҳамзамон нархи колоҳо, пеш аз ҳама маводи ғизоӣ, афзоиш меёбад, ки ин ба пайдоиши буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа меанҷомад. Ҳоло мо танҳо оғози ин равандро мебинем ва дурнамои он умедбахш нест,” – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ҳусейнов, агар ҷанг ба Туркия ва Қафқоз густариш ёбад, тамоми роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба самти ҷануб ва ғарб баста хоҳанд шуд. Минтақа дар асл дар муҳосираи нақлиётӣ қарор хоҳад гирифт, вазъияте, ки метавонад ба фалокати башарии ғайриқобили тасаввур бирасонад.
Ӯ дар поён афзуд, ки дар маҷмӯъ, баста шудани ин масирҳо ба маънои баста шудани роҳҳои тиҷоратӣ ба сӯи Русия ва Чин, ду рақиби асосии геополитикии Иёлоти Муттаҳида, хоҳад буд



