Муҷоҳид: Кишварҳои ҳамсоя бояд аз амнияту субот дар Афғонистон пуштибонӣ кунанд

© AP / Siddiqullah AlizaiЗабиулла Муджахид, архивное фото.
Забиулла Муджахид, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2026
Обуна шудан
Ҳукумати феълии Афғонистон мегӯяд, ки ҷилави қочоқбаронро гирифтааст ва аз кишварҳои ҳамсоя хост ташвиш накашанд
ДУШАНБЕ, 25 июл – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи расмии ҳукумати Толибон* ахиран нигарониҳои кишварҳои ҳамсоя дар бораи қочоқи маводи мухаддир ва нооромиҳо дар марзро беасос хонд, иттилоъ додааст TOLONews.
Вай таъкид кард, ки қочоқ дар Афғонистон куллан пешгирӣ шудааст.
Оқои Муҷоҳид аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки бояд аз амният ва субот дар Афғонистон пуштибонӣ кунанд.
Забиҳуллоҳ Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ки байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастанд ва нерӯҳои амниятӣ ва марзии онҳо, тафоҳум вуҷуд дорад.
"Бо кишварҳои дорои марзи муштарак дар Осиёи Марказӣ, бо нерӯҳои амниятии онҳо, бахусус нерӯҳои марзии онҳо, тафоҳум вуҷуд дорад. Дар ин тавр ҳолат изҳори ташвиш аз сӯйи кишварҳо баҷо ба назар намерасад бояд ба ҷои ташвиш итминон дошта бошанд ва аз субот ва амният дар Афғонистон ҳимоят кунанд", - гуфт сухангӯи ҳукумати Толибон*.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сергей Шойгу дабири шӯрои амнияти Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории “Интерфакс” афзуд, ки ҳолатҳои зиёди убури ғайриқонунӣ аз қаламрави Афғонистон ба қайд гирифта шудаанд, ки дар баъзе мавридҳо боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона бо марзбонони тоҷик шудаанд.
Международный контейнерный терминале в Маниле. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар бораи транзити ҳамлу нақли бор созишнома имзо карданд
"Дар марзҳои ҷанубӣ низ мушкилот вуҷуд доранд. Аввалин вазъияти муташанниҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст, ки дар он кӯшишҳои убури ғайриқонунии марз борҳо сабт шудаанд, ки аксар вақт боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона бо марзбонони тоҷик шудаанд", - илова кард Сергей Шойгу.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қаблан дар ҷаласаи муштараки Шӯрои Маҷлиси Парлумонии ин созмон гуфта буд, ки тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон рисолати асосии онҳост; амале, ки ба таъмини амнияти умумии минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0