Ҷанг монеъ нашуд: Тиҷорати Тоҷикистон бо Эрон 14,8% афзудааст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТранспортно-логистический центр "Артем" в Приморье.
Транспортно-логистический центр Артем в Приморье. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2026
Обуна шудан
Новобаста аз мизони рушд, комиссияҳои байниҳукуматии кишварҳо талош дорад роҳҳои нави тиҷорат ва баланд бардоштани мизони додугирифтро пайдо кунад, гуфт вазири иқтисод
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Новобаста аз вазъи сисёсӣ ва фазои ноустувор дар Эрон тиҷорати Тоҷикистон бо ин кишвар афзудааст.
Давоми шаш моҳи гузашта кишварҳо 254,3 млн доллар додугирифт доштаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 32,5 млн доллар бештар аст, гуфт Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисод ва савдо.
Ӯ гуфт, новобаста ба вазъи сиёсӣ муносиботи тиҷорӣ бо Эрон хуб аст ва дар тиҷорати хориҷии кишвар дар ҷойи ҳафтум ва 4% тиҷорати хориҷии кишвар бо он рост меояд.
Ба иттилои манбаъ, ҳиссаи содирот нисбат ба воридот манфӣ боқӣ мемонад.
Агар дар ин давра ҷумҳурӣ ба маблағи 48,6 млн доллар молу маҳсулот содир карда бошад, 205,7 млн доллар воридот доштааст.
Международный контейнерный терминале в Маниле. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар бораи транзити ҳамлу нақли бор созишнома имзо карданд
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба Эрон асосан нахи пахта, ришта (калоба)-и пахтагину коғазӣ, алюминии аввалия мефурӯшад.
Тибқи оморҳои расмӣ зарфи шаш моҳи гузашта, Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 73,5 млн доллар нахи пахта содирот кардаастхаридори асосии нахипахтаи тоҷик Эрон буда, қариб 62% аз содирот ба он рост меояд.
Тоҷикистон бошад, аз Эрон аз маҳсулоти нафту кимиёӣ то хӯроквориву сохтмонӣ ворид мекунад.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки комиссияҳои байниҳукуматии кишварҳо талош дорад роҳҳои нави тиҷорат ва баланд бардоштани мизони додугирифтро пайдо кунад.
Яке аз чунин чораҳо имзои созишномаи муштарак миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон оид ба тақвияти робитаҳои минтақавӣ, инчунин мусоидат ба транзити байналмилалӣ ва ҳамкориҳо дар ҳамлу нақли боркашонии роҳи оҳан мебошад.
Интизор меравад, ки ин ташаббус ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият диҳад, ҳаракати молҳоро осон кунад ва нақши Афғонистонро ҳамчун маркази асосии транзитӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ тақвият диҳад.
Лентаи хабарҳо
0