Зардолу: чаро дар Тоҷикистон онро меваи тиллоӣ меноманд?

© unsplash / Emma MillerАбрикосы на деревянной подставке.
Абрикосы на деревянной подставке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Чидани зардолу ва хушк кардани он кори мушкил аст, аммо он ба даромади буҷаи оилавии бисёр оилаҳои минтақаи Суғд мусоидат мекунад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки бароҳат зиндагӣ кунанд
Дар забони тоҷикӣ маънои вожаи зардолу "олуи зард" аст, аммо бисёр сокинони ҷумҳурӣ ин ҳарфи "д"-ро дар ин вожа мепартоянд ва он маънои дигар мегирад. Яъне "зар"-ро ба вуҷуд меорад, ки маънояш "тилло" ё "ганҷ" аст. Ин аҳамияти махсуси меваро барои некӯаҳволии оилаҳои тоҷик таъкид мекунад.
Таърих нишон медиҳад, ки тоҷикон аз замонҳои қадим ба савдои зардолу шуғл доштанд. Меваи хушк ба саросари кишварҳо дар Роҳи бузурги Абрешим интиқол дода мешуд.
Чаро маҳз зардолу? Танҳо аз он сабаб, ки он ягона меваест, ки муддати тӯлонӣ вайрон намешавад ва дар шакли зардолуи хушк метавонад солҳои зиёд дар шароити маъмултарин, дар анбор нигоҳ дошта шавад. Шарт ин аст, ки ҷои нигоҳдошти зардолуи хушк мунтазам шамол дода шавад, он ҷо сард бошад ва аз ҳашарот ва хояндаҳо холӣ бошад. Ғайр аз ин, талабот ба ин мева ҳеҷ гоҳ кам намешавад: он ҳамеша дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот дорад, зеро он маҳсулоти муҳими ғизоӣ, бахусус дар кишварҳои туркӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки чаро зардолу дар Тоҷикистон асъори устувор ҳисобида мешавад ва ин мева дар байни дигар бахшҳои кишоварзӣ чӣ ҷойгоҳе дорад.

Кони зардолу

Беш аз 90% боғоти зардолуи Тоҷикистон дар қисмати шимолии Тоҷикистон, дар вилояти Суғд, қисмате аз водии Фарғона, ки дорои шароити мусоиди иқлимӣ барои боғдорӣ мебошад, ҷойгир шудаанд. Боғҳои васеъ инчунин дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров паҳн шудаанд.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Афзоиши назарраси тиҷорати Тоҷикистон бо Русия
Бо вуҷуди ин, сокинони Исфара зардолупарварони аслӣ ҳисобида мешаванд. Дар ин ҷо ҳар як оила на фақат боғи назди хонаҳои худ дорад, балки боғҳои васеъ, ки аз ҷониби деҳқонон бо меҳр дар доманакӯҳҳо ва дар соҳили дарёи маҳаллӣ тӯл мекашанд. Дар Исфара ин мева ганҷ ҳисобида мешавад, зеро некӯаҳволии оилаҳо асосан аз ҳосили он вобаста аст.
Ва гарчанде ки солҳои охир дар минтақаҳои ҷанубии кишвар низ боғҳои зардолу пайдо шудаанд (чун сокинонаш дарк кардаанд, ки парвариши ин мева то чӣ андоза фоидаовар аст), ҳеҷ нафарро наметавон бо устодони зардолухушккунии Исфара, ки ҳама нозукиҳои корро медонанд, муқоиса кард. Ва ҷои тааҷҷуб нест. Ҷамъоварӣ ва хушк кардани зардолу чунон кори душвор ва заҳматталаб аст, ки на ҳама омодаанд ба он даст зананд. Аз ин рӯ, дар дигар минтақаҳо боғҳо аксар вақт ба иҷора дода мешаванд ва маҳз деҳқонон ва соҳибкорони Исфара иҷорагири асосӣ мебошанд.
Масалан, Яҳёхон Убайдуллоев ҳамин корро мекунад. Ӯ дар деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ки зиёда аз 40 000 нафар аҳолӣ дорад, зиндагӣ мекунад. Дар ин ҷо ягон корхона вуҷуд надорад ва ягона кооперативи истеҳсолии кишоварзӣ танҳо 500 сокинро ба кор ҷалб карда метавонад. Аксар сокинон барои муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд. Аммо, одамоне ҳастанд, ки боғҳои зардолуи хоҷагиҳои деҳқониро иҷора мегиранд ва ҳар мавсим даромади хуб ба даст меоранд.
Яҳёхон ҳар тобистон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафар мекунад. Тақрибан як моҳ ӯ ва оилааш зардолу мечинанд ва онро хушк мекунанд ва баъдан маҳсулотро асосан ба Русия содир мекунанд.
"Кор душвор аст, бояд аз субҳ то шом заҳмат кашем. Баъзан дар гармии тафсон кор мекунем, зоеъ нашавад. Аммо, ин меҳнат барои фоидааш меарзад. Як гектар боғи маъмулии зардолу тақрибан 8-10 тонна ҳосил медиҳад. Ин тақрибан 2-3 тонна зардолуи хушк аст, ки баъди пардохти иҷора ва дигар хароҷот, метавонад дар бозорҳои маҳаллӣ тақрибан 5-6 ҳазор доллар даромади тоза диҳад. Бо ҷалби қувваи кории кироя аз ҳисоби занони хонашин, ки барои ба даст овардани маблағи иловагӣ ниёз доранд, имкон дорад, ки дар як мавсим ҷамъоварӣ ва хушк кардани меваҳоро дар 3-4 гектар анҷом диҳем. Ин кори муфид аст", - мегӯяд соҳибкор.
Ба қавли Убайдуллоев, дар шароити бекорӣ, даромад аз зардолу муддати тӯлонӣ қисми муҳими буҷаи оилавии ӯ гаштааст.
Центральный рынок в Ташкенте. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Бештар зардолу: Тоҷикистон ба хориҷ 37 ҳаз. тонна хушкмева содирот кардааст
"Ва зарурати сафар ба кишварҳои дигар дар ҷустуҷӯи кор вуҷуд надорад", - таъкид кард ӯ.

Зардолу ҳамчун асъори устувор

Зардолу на танҳо барои худи мардум, балки барои кишвар низ манбаи даромад аст. Тибқи иттилои Оҷонсии содирот, дар соли 2025, Тоҷикистон 5000 тонна меваи тару тоза ва 30 000 тонна меваи хушкро ба хориҷа фурӯхта, 29,7 миллион доллар ба даст овардааст. Ҳеҷ меваи дигар барои кишвар ин қадар фоида намеорад.
Ғайр аз ин, коршиносон мегӯянд, ки ин омор даромад аз фурӯши зардолуи коркардшуда ё фурӯши ҷузъҳои алоҳидаи онро дар бар намегирад. Ба қавли онҳо, солона даҳҳо тонна донаки зардолу, инчунин шарбатҳо, мураббо ва дигар маҳсулоти қаннодӣ содир карда мешаванд. Ҳатто пӯчоқи донак, ки қаблан барои гармкунии оташдонҳо истифода мешуданд, ҳоло барои истеҳсоли маводи косметикӣ истифода мешаванд.
"Зардолу, ҳамчун моли дорои талаботи доимӣ, метавонад ба як механизми хуби ҳифзи иқтисодиёт аз таваррум, афзоиши эътимоди байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ табдил ёбад," – гуфт ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода.
Ӯ чораҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро барои рушди боғдорӣ ва токпарварӣ, ки асосан ба васеъ кардани майдонҳои боғоти зардолу ва афзоиши ҳосил бо истифода аз технологияҳои нав қайд кард.
Контейнеры в контейнерном терминале Владивостокского морского торгового порта.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Содирот кам шуду воридот ба маротиб зиёд: Табодули коло бо кишварҳои ИДМ афзоиш ёфт
Ба гуфтаи ин мақомдор, таваҷҷӯҳи махсус ба ҷорӣ намудани боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, инчунин истифодаи заминҳои лалмӣ бо обёрии қатрагӣ равона карда шудааст. Дар тӯли 10 соли охир, ин имкон дод, ки масоҳати боғҳои зардолу дар Суғд аз 39 000 то 51 000 гектар васеъ шавад.
Иваз кардани анъанаи бунёди боғот, ки ба бисёрсолагӣ ва андозаи дарахтон бо интизории ҳосили то 100-150 кг зардолу аз як дарахт такя мекард, мантиқӣ исбот шудааст. Деҳқонон дарк кардаанд, ки ҳосили боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, аз сабаби ҳаҷми ниҳолшинонӣ, аз ҳосили боғҳои анъанавӣ 10-12 маротиба зиёдтар аст.
"Дар ҳоле, ки боғи анъанавӣ аз 160 то 200 дарахт дорад, дар боғи интенсивӣ метавон аз 1500 то 3000 дарахтро дар як гектар ҷойгир кунед. Ин на танҳо ҳосили баландро ба бор меорад, балки ҷамъоварии онро қулай ва осон мекунад", - шарҳ дод Маҳмудзода.

Зардолу ҳамчун меваи афзалиятнок

Моҳи ноябри соли 2022, ҳукумати Тоҷикистон зардолуро ҳамчун маҳсулоти афзалиятнок дар доираи барномаи озуқавории СММ интихоб кард. Ҳадафе, ки дар қарори ҳукумат таъкид шудааст, мутобиқ кардани занҷири миллии истеҳсол, коркард ва содироти мева ба меъёрҳои байналмилалии экологӣ ва тиҷоратӣ мебошад.
Бо вуҷуди ин, бисёр ҳуҷҷатҳои дигар дар бораи рушди боғдорӣ дар Тоҷикистон зарурати рушди истеҳсоли меваҳои донакдорро таъкид мекунанд, ки зардолу дар он мақоми махсус дорад.
Выставка фруктовой продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2026
Суғд ҳамарӯза то 1000 тонна ба бозорҳои Русия маҳсулот содирот мекунад
Ин мева инчунин дар қарори ҳукумат аз 1 октябри соли 2024 ҳамчун як зироати асосии содиротӣ ва як қисми барномаи панҷсолаи рушди боғдорӣ, токпарварӣ ва истеҳсоли меваҳои ситрусӣ дар кишвар муайян карда шудааст. Дар ин барнома, ки барои татбиқаш қариб 700 миллион сомонӣ ҷудо шудааст, маҳз ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ диққати махсус дода мешавад.
Тибқи пешгӯиҳо, дар як гектар аз 1500 то 3500 дарахт шинондан мумкин аст, ки ҳосилро ҳадди ақал 300 сентнер зиёд мекунад. Ин 10 маротиба аз ҳосили боғҳои анъанавӣ зиёдтар аст. Дар доираи оғози барнома, дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 592 гектар боғҳо ва токзорҳои нав шинонда шуданд, ки 20%-и онҳо боғҳои интенсивӣ мебошанд.

Тоҷикистон дар сафи истеҳсолкунандагони пешбари зардолу

Тибқи маълумоти Оҷонсии омор, Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли зардолу дар ҷаҳон пас аз Туркия ва Узбекистон дар мақоми сеюм қарор дорад. Ҷумҳурӣ солона аз 200 то 350 ҳазор тонна мева истеҳсол мекунад. Аммо кишвар дар ягон омори ҷаҳонӣ шомил нашудааст.
Коршиносон инро бо душвории баҳисобгирӣ дар Тоҷикистон аз сабаби гуногунии шаклҳои кишоварзӣ шарҳ медиҳанд. Маълумот асосан дар асоси ҳаҷми зардолуи тару тоза ва хушки содиршуда тартиб дода мешавад. Он ҳаҷме, ки ба бозори дохилӣ ворид мешавад, дар ҳисобот дохил карда намешавад ва инчунин ҳаҷми талафот ҳангоми хушккунӣ низ дар гузоришҳо дохил карда намешавад.
Омори ҷаҳонӣ ба ҳосили навҷамъовардашуда асос ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, аксари зардолуи парваришёфта дар Тоҷикистон хушк карда шуда, сипас ҳамчун зардолуи хушк ба дигар кишварҳо содир карда мешаванд. Тааҷҷубовар нест, ки ин мева дуввумин (баъд аз пахта) маҳсулоти кишоварзии фоидаовари содиротии кишвар мебошад.
Мақоми Тоҷикистон ҳамчун истеҳсолкунандаи асосии зардолу бо мавҷудияти боғҳои калон дар кишвар тасдиқ карда мешавад. Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд (ки дар он ҷо асосан боғҳои зардолу мутамарказанд), масоҳати умумии ин боғҳо то аввали соли 2026 аз 51 000 гектар гузаштааст. Боз 5 000 гектар дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷойгиранд.
Сбор урожая черешни и вишни - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2026
Тоҷикистон содироти зардолу, гелос ва олуро ба Русия оғоз кард
Ҷолиб он аст, ки боғҳои кишвар 10%-и тамоми масоҳати боғҳои зардолу дар саросари ҷаҳонро ташкил медиҳад. Аз рӯи масоҳати боғҳо, Тоҷикистон баъди Туркия, Ӯзбекистон ва Эрон қарор дорад. Бо назардошти таҷрибаи бузург ва имконоти беназири истеҳсолии водии Фарғона, андоза ва таъми мева ва таваҷҷӯҳи афзояндаи ҳукумат ба рушди боғдорӣ, Тоҷикистон барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ имкониятҳои хуб дорад.
Айни замон зардолуи тоҷикӣ ба 26 кишвар содир карда мешавад, аммо харидорони асосӣ Русия ва Қазоқистон мебошанд. Маҳз ба ин ду кишвар беш аз 70%-и меваҳои хушк содир мешавад.
Русия, ки бо минтақаҳои он Тоҷикистон робитаҳои хуб дорад, аз рӯи имконоти логистикӣ хеле қулай ҳисобида мешавад. Таҳлилгарон боварӣ доранд, ки ин кишвар дар оянда ҳам макони асосии фурӯши меваҳои хушк барои ҷумҳурӣ боқӣ хоҳад монд. Зеро, чунон ки мегӯянд, аспҳоро дар нимароҳ иваз намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0