Афзоиши назарраси тиҷорати Тоҷикистон бо Русия

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон савдои хориҷии Тоҷикистон дар шаша моҳи соли равон ба 6,8 млрд доллар арсид
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода панҷяки савдои хориҷии Тоҷикистон ба Русия рост меояд.
“Гардиши мол байни Русия ва Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 23% афзуда, ба беш аз 1,3 млрд доллар баробар шудааст”, - қайд кард, Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Вай илова кард, ки дар савдои хориҷии Тоҷикистон Русия бо тақрибан 20% дар ҷои дуюм қарор дошта, зинаи аввалро Чин бо 26% гирифтааст.
Бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин мебошад, ки додугирифт бо ин кишвар 25,9% аз ҳаҷми воридоти Тоҷикистонро ташкил додааст. Баъд аз он Русия бо 23,7% қарор гирифтааст.
Бояд қайд кард, ки то соли гузашта Русия дар радифи аввали кишварҳое, қарор дошт, ки бо Тоҷикистон додугирифти тиҷоратӣ доранд.
Ба иттилои вазорати рушди иқтисод дар моҳҳои январ-июни соли 2026 гардиши савдои хориҷӣ 6,8 мдрд долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 44,2% ё беш аз 2 млрд. доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра содирот ба 1,5 млрд. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 65,4% ё 624,7 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Завод Современный высококачественный кирпич в Бустоне. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2026
БАОР: Тоҷикистон дар 10 соли охир босуръаттарин рушди иқтисод дар АвруОсиё дошт
Аз Тоҷикистон дар ин давра бештар фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо– 517 млн доллар (32,7%), маъданҳо – 451,7 млн доллар (29%), сурма – 144,3 млн доллар (9,1%), алюминий – 116,6 млн доллар (7,4%), нахи пахта – 47,1 млн. доллар (4,7%), мис маҳсулот аз он 40,7 млн доллар(2,6%).
Маҳсулоти Тоҷикистон ба самти Суис (Швейтсария) (32,2%) ва Чин (26,8%) мебошанд. Дар идома Туркия — 7,7%, Ӯзбекистон — 6,9%, Белжик — 4,8%, Русия — 4,6%, Ҳоланд — 4,3%, Қазоқистон — 3,6%, Эрон — 3,1% ва Афғонистон — 2,6% равон шудааст.
Воридоти мол бошад дар моҳҳои январ-июни соли 2026-ум 5,2 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли 2025-ум 38,8% ё 1,4 млрд. доллар зиёд гардидааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ, ба Тоҷикистон бештар мошин – 611,9 млн доллар (11,7%), фулузоти гаронбаҳо ва нимгаронбаҳо– 512,7 млн доллар (9,8%), маҳсулоти нафтӣ ва сӯзишворӣ – 494,7 млн доллар (9,4%), металлҳои сиёҳ– 457,9 млн доллар (8,7%) ва таҷҳизоти фанноварӣ – 457,6 млн доллар (8,7%) ворид шудааст.
Ҳамчунин, ба маблағи 851,1 млн доллар (16,2%) маҳсулоти хӯрока ворид шудааст, ки дар сафи пеш гандум ва ғалладонагиҳо қарор дорад, ки бо арзиши 171,6 млн доллар харидорӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0