https://sputnik.tj/20260718/tojikiston-sodiroti-zardolu-gelos-oluro-rusiya-oghoz-kard-1079046890.html
Тоҷикистон содироти зардолу, гелос ва олуро ба Русия оғоз кард
Тоҷикистон содироти зардолу, гелос ва олуро ба Русия оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин бастаи меваҳои тару тозаи Тоҷикистон - зардолу, гелос ва олу - тавассути корхонаи муштараки "Тоҷросэкпорт" ба Русия фиристода шуд
2026-07-18T19:21+0500
2026-07-18T19:21+0500
2026-07-18T19:21+0500
дар тоҷикистон
содирот
мева
русия
кишоварзӣ
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057137732_0:168:3045:1881_1920x0_80_0_0_852b48b4a1659ff8b23f343fb3d084b3.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Содироти меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ба Русия оғоз ёфт, хабар додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба Шабнам Ғиезода, мудири корхонаи муштараки "Тоҷросэкпорт".Ба гуфтаи Шабнам Ғиёзода аввалин бастаи меваҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 42 тонна ба Маскав равон шуд.Ин корхонаи муштарак моҳи майи соли 2026 аз ҷониби "Тоҷагропромэкспорт", як корхонаи давлатии Агентии содироти Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати тиҷоратии Русия "Солнечная Долина" таъсис ёфтааст.Тақрибан як моҳ барои омода кардани ҳуҷҷатҳо лозим шуд ва дар моҳи июн аввалин бори мавсимӣ ба Маскав фиристода шуданд: беш аз 31,6 тонна олу, 7,8 тонна зардолу ва 2 тонна гелос.“Намояндагони ширкати русӣ меваҳоро дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд шахсан интихоб карданд. Ба сифат, ва бастабандӣ диққат хос дода шуд”, - гуфт мудири ширкат.Тавре ки Ғиёзода қайд кард, шарикон ба сифати маҳсулот арзиш медиҳанд.Айни замон боркашонии дигари мева, аз ҷумла зардолу, олуча ва гелос, барои содирот омода мешавад. Дар тирамоҳ онҳо нақша доранд, ки навъҳои ангури рақобатпазир, ба монанди "Шоҳона", ба Русия содирот кунанд. Барои ин мақсад музокирот бо токпарварон оғоз шудааст.Ду шартнома аллакай бо ширкатҳои русӣ имзо шудааст ва корҳо дар бораи дигар маҳсулот идома доранд.Дар нимаи аввали соли 2026, Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 20% бештар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.Содироти ангур се маротиба афзоиш ёфта, ба Русия, Қазоқистон ва Узбекистон қариб 4300 тоннаро ташкил дод. Содироти гелос ва олу 40% ва содироти пиёз 20% афзоиш ёфт.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58170
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057137732_158:0:2889:2048_1920x0_80_0_0_249ae9047ad2d57473a7347d73bcc2d6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, содирот, мева, русия, кишоварзӣ, маскав
дар тоҷикистон, содирот, мева, русия, кишоварзӣ, маскав
Тоҷикистон содироти зардолу, гелос ва олуро ба Русия оғоз кард
Аввалин бастаи меваҳои тару тозаи Тоҷикистон - зардолу, гелос ва олу - тавассути корхонаи муштараки "Тоҷросэкпорт" ба Русия фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Содироти меваҳои тару тозаи Тоҷикистон ба Русия оғоз ёфт, хабар додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба Шабнам Ғиезода, мудири корхонаи муштараки "Тоҷросэкпорт".
Ба гуфтаи Шабнам Ғиёзода аввалин бастаи меваҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми 42 тонна ба Маскав равон шуд.
Ин корхонаи муштарак моҳи майи соли 2026 аз ҷониби "Тоҷагропромэкспорт", як корхонаи давлатии Агентии содироти Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати тиҷоратии Русия "Солнечная Долина" таъсис ёфтааст.
Тақрибан як моҳ барои омода кардани ҳуҷҷатҳо лозим шуд ва дар моҳи июн аввалин бори мавсимӣ ба Маскав фиристода шуданд: беш аз 31,6 тонна олу, 7,8 тонна зардолу ва 2 тонна гелос.
“Намояндагони ширкати русӣ меваҳоро дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд шахсан интихоб карданд. Ба сифат, ва бастабандӣ диққат хос дода шуд”, - гуфт мудири ширкат.
Тавре ки Ғиёзода қайд кард, шарикон ба сифати маҳсулот арзиш медиҳанд.
Айни замон боркашонии дигари мева, аз ҷумла зардолу, олуча ва гелос, барои содирот омода мешавад. Дар тирамоҳ онҳо нақша доранд, ки навъҳои ангури рақобатпазир, ба монанди "Шоҳона", ба Русия содирот кунанд. Барои ин мақсад музокирот бо токпарварон оғоз шудааст.
Ду шартнома аллакай бо ширкатҳои русӣ имзо шудааст ва корҳо дар бораи дигар маҳсулот идома доранд.
Дар нимаи аввали соли 2026, Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 қариб 20% бештар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст.
Содироти ангур се маротиба афзоиш ёфта, ба Русия, Қазоқистон ва Узбекистон қариб 4300 тоннаро ташкил дод. Содироти гелос ва олу 40% ва содироти пиёз 20% афзоиш ёфт.