Бештар зардолу: Тоҷикистон ба хориҷ 37 ҳаз. тонна хушкмева содирот кардааст

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкЦентральный рынок в Ташкенте. Иллюстративное фото
Центральный рынок в Ташкенте. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2026
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон омори хушкмеваҳои содиркардаи кишварро давоми панҷ моҳи соли равон, ироа кард
ДУШАНБЕ, 30 июн - Sputnik. Бино ба додаҳои Вазорати кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бештар аз ҳама зардолу содирот карда шудааст.
Ҳамин тавр, давоми панҷ моҳи соли 2026 аз Тоҷикистон ба хориҷ наздик ба 37 ҳаз. тонна меваи хушк содирот карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, беш аз 11 ҳаз. тоннаашро зардолуи хушк ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра 1,2 ҳаз. тонна зардолуи тар содирод карда шудааст, хабар медиҳад, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Соли 2025 бошад, ба хориҷ 104 ҳаз. тонна меваи хушк содирот шуд, ки аз он 31 ҳаз. тоннааш зардолу мебошад. Инчунин дар давоми соли 2025 ба миқдори 6,5 ҳаз. тонна зардолуи тар содирот гардидаст.
Дар даҳаи аввали моҳи май танҳо аз вилояти Суғд, 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, якбора паст шудани ҳарорат дар якҷоягӣ бо боришоти тӯлонӣ беш аз нисфи ҳосилро нобуд кард.
Фермерское хозяйство в Дангаринском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2026
Русия хариди мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
"Озмоиши боғҳои зардолу дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Конибодом нишон дод, ки навдаҳое, ки нисбат ба маъмулӣ барвақттар шукуфта буданд, қариб пурра аз сармои даҳ рӯзи аввали моҳи март нобуд шудаанд", - гуфт ӯ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ва ин сабаб шуд, ки нархи зардолуи тар ва зардолуи хушк аллакай дар бозорҳои вилояти Суғд 30-40% боло рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0