“Ҷои нигаронӣ нест”: мақомоти Тоҷикистон дар бораи буҳрони сӯхт

© Sputnik / Сергей Самохин
/ Обуна шудан
Хадамоти зиддиинҳисории назди давлати Тоҷикистон, рух додани буҳрони эҳтимолии сӯхт дар кишварро баъид медонад
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Пештар Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки захираҳои фаровардаҳои нафтии кишвар барои ду моҳи оянда кифоят мекунад.
Ҳайдаралӣ Шарифзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ гуфт, ки Тоҷикистон беш аз 90 дарсади фаровардаҳои нафтии худро аз Русия ворид мекунад; кишваре, ки дар пайи таҳаввулот ва буҳронҳои моҳҳои ахир, худ низ бо камбуди сӯхт рӯбарӯ шудааст.
“Дар бозори дохилии худи Русия камбуди фаровардаҳои нафтӣ ба вуҷуд омада ва қимати чаканаи онҳо рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст. Ин вазъият бидуни шак ба кишвари мо низ таъсир мерасонад”, - гуфт ӯ.
Бар асоси омори гумрукӣ, Тоҷикистон 91,1 дарсад фаровардаҳои нафтии худро аз Русия, 2,8 дарсад аз Беларус, 1,9 дарсад аз Туркманистон, 1 дарсад аз Қазоқистон, 0,9-дарсадӣ аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва 1,5 дарсади боқимондаро аз дигар кишварҳо ворид мекунад.
Ба гуфтаи раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз нимаи аввали моҳи май, замоне ки бозор нишонаҳои ноустувориро нишон дод, ин ниҳод ширкатҳои воридкунандаи фаровардаҳои нафтӣ ва гази моеъро гирди ҳам овард ва дар бораи вазъи мавҷуда ба онҳо тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз нимаи аввали моҳи май, замоне ки бозор нишонаҳои ноустувориро нишон дод, ин ниҳод ширкатҳои воридкунандаи фаровардаҳои нафтӣ ва гази моеъро гирди ҳам овард ва дар бораи вазъи мавҷуда ба онҳо тавзеҳ дод.
“Пас аз он, Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат бар нархи сӯхтро ташдид намуда, ҳар рӯз гузориши вазъи бозорро ба ҳукумат пешниҳод мекунад”, - гуфт Ҳайдаралӣ Шарифзода.
Бештар ва гаронтар
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ширкати русии “Газпромнефт Тоҷикистон”, бузургтарин воридкунандаи бензин ва сӯхти дизелӣ, бо истинод ба маълумоти Агентии байналмилалии Argus хабар дод, ки миёнаи қимати ҳар як тон бензини ирсолӣ ба Тоҷикистон дар истгоҳи Бекобод аз моҳи феврал то миёнаи моҳи июн ба 555 доллар ё 92 дарсад афзоиш ёфта ва миёнаи қимати сӯхти дизелӣ низ ба 642,5 доллар ё 104 дарсад расидааст.
“Аз сӯи дигар, масрафи фаровардаҳои нафтӣ дар дохили кишвар сол ба сол дар ҳоли афзоиш аст. Барои намуна, масрафи моҳонаи бензин ба 38,2 ҳазор тон расидааст, дар ҳоле ки ин рақам дар соли 2022 танҳо 15 ҳазор тон буд, яъне 66 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин масрафи моҳонаи сӯхти дизелӣ ҳоло ба 52,4 ҳазор тон расидааст, дар ҳоле ки дар соли 2022 ин рақам 26 ҳазор тон буд, яъне 100 дарсад рушд кардааст”, - гуфт раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон.
Бар асоси омори гумрукӣ, Тоҷикистон дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ 599,5 ҳазор тон фаровардаҳои нафтиро ба арзиши 494,7 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 825 доллар барои ҳар тон ворид кардааст. Ин рақам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 35,9 ҳазор тон бештар буда, миёнаи қимати воридот низ 38 доллар ё 4,8 дарсад афзоиш ёфтааст.
“Бозигарон”
Сӯхти дизелиро ба Тоҷикистон 30 ширкат ворид мекунанд. Ин ширкатҳо дар нимаи аввали соли 2026 300,2 ҳазор тон сӯхти дизелӣ ба арзиши 236,8 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 789 доллар барои ҳар тон ворид кардаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 35,4 ҳазор тон бештар буда, миёнаи қимати воридоти он низ 32 доллар ё 4,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
45,4 дарсад аз сӯхти дизелии воридотии Тоҷикистонро ширкати русии “Газпромнефт Тоҷикистон” таъмин мекунад. Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон 6,1 дарсад, ширкати “Эмом импорт-экспорт” 5,8 дарсад, “Сетан” 4,7 дарсад, “Темур ойл” 4,5 дарсад, “Тоҷ Тур” 2,9 дарсад ва дигар ширкатҳо дар маҷмӯъ 30 дарсад аз воридоти ин фаровардаро дар ихтиёр доранд.
Бозори бензин ҳашт бозигар дорад. Ин ширкатҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ 243,2 ҳазор тон бензин ба арзиши 196,2 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 807 доллар барои ҳар тон ворид кардаанд, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 1,8 ҳазор тон бештар аст. Миёнаи қимати воридоти бензин низ 61 доллар ё 8,2 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ширкати русии “Газпромнефт Тоҷикистон” дар ин бозор низ бо 45,1 дарсад бузургтарин саҳмро дар ихтиёр дорад. Ширкати “Темур ойл” 22,3 дарсад, Агентии захираҳои моддии давлатӣ 13,3 дарсад, “Эмом импорт-экспорт” 7,5 дарсад, “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” 5,8 дарсад, “Октан сервис” 4,1 дарсад ва дигар ширкатҳо бо 1,9 дарсад дар бозори воридоти бензин фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин, дар шашмоҳаи нахусти соли ҷорӣ 11 ҳазор тон равғанҳои молиданӣ ба арзиши 16,1 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 1464 доллар барои ҳар тон, инчунин 40,4 ҳазор тон сӯхти реактивӣ ба арзиши 43 миллион доллар ва бо миёнаи қимати 1066 доллар барои ҳар тон ворид шудааст.
Арзиши умумии фаровардаҳои нафтии воридшуда ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 599,5 миллион доллар расидааст.
Семоҳаи ноустувор
Бар асоси арзёбиҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, бозори фаровардаҳои нафтӣ, бахусус бензин ва сӯхти дизелӣ, дар семоҳаи дуюми соли 2026 бо ноустуворӣ рӯбарӯ буда, аз оғози моҳи май қимати чаканаи ин маҳсулот дар нуқтаҳои фурӯши сӯхт рӯ ба афзоиш доштааст.
Миёнаи қимати чаканаи бензини навъи AI-92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯхт аз 11,6 то 12,0 сомонӣ ва қимати сӯхти дизелӣ аз 15,50 то 16,50 сомонӣ будааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ қимати ҳар як литр бензин аз 12,10 то 12,60 сомонӣ ва қимати сӯхти дизелӣ то 16 сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Пештар Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон эълом карда буд, ки захираҳои фаровардаҳои нафтии кишвар барои ду моҳи оянда кифоят мекунад. Аммо он чи дар гузоришҳои расмӣ камтар ба он ишора мешавад, ин аст, ки нишонаҳои камбуд дар ин бозор рӯз ба рӯз бештар ошкор мегардад; пеш аз ҳама, бо пайдо шудани навбатҳои тӯлонӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯхт.
Ҳабибуллоҳ Абдуллоҳзода, раиси Раёсати танзими инҳисороти табиии Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар посух ба суоли Спутник Тоҷикистон гуфт, ки таъмини бозори дохилӣ ҳоло ба авлавияти асосии ниҳодҳои зидахл табдил ёфтааст.
“Мақомоти масъул, аз ҷумла Вазорати энержӣ ва манобеи об ва Ожонси захираҳои моддии давлатӣ, бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Роҳкорҳои ҷойгузине вуҷуд доранд, ки метавонанд мушкили моро ҳал кунанд ва намегузоранд вазъ ба як буҳрони шадид табдил ёбад”, - гуфт ӯ.
Абдуллоҳзода афзуд, ки то кунун бозаргонони тоҷик асосан таҷрибаи ҳамкорӣ бо ҷониби Русияро доштаанд, аммо акнун бояд кишварҳои дигареро низ баррасӣ кунанд, ки имкони таъмини ин маҳсулотро доранд ва метавон бо онҳо ба тавофуқ расид.
“Бо вуҷуди ин, ҳамоно умедворем, ки вазъ, пеш аз ҳама дар Русия, ба ҳолати одӣ бозмегардад. Аммо дар шароити кунунӣ ҷойи нигаронии ҷиддӣ вуҷуд надорад”, - гуфт ӯ.
Бар асоси тавозуни индикативии таъмини фаровардаҳои нафтӣ ва гази моеъ барои соли 2026, ки миёни Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ва Вазорати энержии Русия танзим шудааст, воридоти 420 ҳазор тон бензин ва 450 ҳазор тон сӯхти дизелӣ аз Русия пешбинӣ гардидааст. Ин ҳаҷм дар муқоиса бо соли 2023, 250 ҳазор тон ё 40 дарсад бештар мебошад.


