Буҳрони маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон ҳам расид

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкАЗС, архивное фото
АЗС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Обуна шудан
Масъулони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон камбуди сӯзишворӣ дар Русия ба бозори сӯхти Тоҷикистон бевосита таъсир расондааст
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ба гуфтаи Ҳайдаралӣ Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ нооромиҳои сиёсӣ ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон “бевосита таъсир расондааст”.
Вай дар нишасти матбуотӣ гуфт, 91 дарсади маҳсулоти нафтии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба чанд корхонаи коркарди нафт дар Русия ин кишвар бо камбуд ё буҳрони сӯзишворӣ рӯ ба рӯ гардид.
Дар пайи он, дар Тоҷикистон, ки аксари маводи сӯхташро аз Русия ворид мекунад, нархи сӯзишворӣ боло рафт.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар нишасти матбуотӣ қайд карданд, ки ҳукумат талош дорад, воридоти сӯзишвориро аз дигар кишварҳо ба роҳ монад.
“Ягон ҷойи ташвиш нест. Соҳибкорони мо асосан бо Русия ҳамкорӣ мекарданд. Давлатҳои дигар ҳастанд, мавод ҳаст, таъминот мешавад,” – гуфт як намояндаи Хадамот дар нишасти матбуотӣ.
Ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар нимаи аввали имсол нархи сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон 54 дарсад афзуда, ҳоло як литри он аз 15 то 16,7 сомонист.
Заправка автомобилей на автозаправочной станции в Крыму. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2026
Тоҷикистон барои ду моҳ захираи сӯзишворӣ дорад
Нархи бензин ҳам дар ним сол 26 дарсад гарон шуда, як литри он то 12 сомонӣ арзиш дорад. Арзиши гази моеъ дар ним сол бетағйир мондааст.
Тибқи омори ин Хадамот, аз моҳи январ то июни имсол ба кишвар қариб 600 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, бензин ва сӯхти ҳавопаймо (керосин) ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан чил ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ин давра ҳамчунирн ба Тоҷикистон 241 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст.
Мақомоти Тоҷикистон таъкид доранд, ки 91% сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва боқимонда аз Беларус, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва кишварҳои дигар ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0