https://sputnik.tj/20260708/maqomoti-talosh-aviatsiyai-grazhdani-kambud-suzishvori-1078863210.html
Мақомоти талош дорад Авиатсияи гражданӣ ба камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ нашавад
Мақомоти талош дорад Авиатсияи гражданӣ ба камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ нашавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд айни ҳол, бахши Авиатсияи граждании Тоҷикистон ба камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ нашудааст
2026-07-08T15:41+0500
2026-07-08T15:41+0500
2026-07-08T15:41+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
камбудӣ
авиатсияи гражданӣ
норасоӣ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075761101_0:1:1280:721_1920x0_80_0_0_2b75f481c62ed37c69f25d3e69321566.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Мушкили камбуди сӯзишворӣ айни ҳол дар Авиатсияи граждани Тоҷикистон ва ширкатҳои Ватанӣ нест, гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур.Вай гуфт, мушкилот дар таъмини сӯзишворӣ дар ояндаи пеш меояд.Бино бар вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон ба мушкилоти норасоии сӯзишворӣ рӯбарӯ мешавад. Айни ҳол роҳбарияти Авиатсияи граждани ва сохторҳои авиатсияи гражадании кишвар дар ин самт кор дорандд, то ин мушкилот, яъне норасоии сӯзишворӣ бартараф шавад”, - гуфт ӯ.Оқои Назарзода Ҳабибулло илова кард, ки айни ҳол ягон зарарӣ молиявӣ дар сохторҳои авиатсияи гражданӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нест.Ёдовар мешавем, ки мушкилоти норасоии сӯзишвории авиатсионӣ дар соли 2026 яке аз буҳронҳои умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Сабаби асосӣ — ихтилофот ва муноқишаҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна мебошанд, ки боиси маҳдуд шудани интиқол аз тариқи тангаи Ҳурмуз ва болоравии шадиди арзиши ин маҳсулот гардидаанд.Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта аст, ки дар Русия дар таъминоти бензину сӯзишвории дизелӣ мушкилиҳо ба назар мерасад. Барои Тоҷикистон низ ин вазъият душвор хоҳад буд, зеро қисмати зиёди маҳсулоти нафтӣ ва газро ҷумҳурӣ аз Русия ворид мекунад.Ахиран дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи "Таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он" баргузор гардид.Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва нафти хом бо мақсади коркард дар иқтидорҳои ватанӣ, назорати мунтазами нарху тарифҳо барои пешгирии ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш баррасӣ шуданд.Инчунин дар ин ҷаласа татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ барои истифодаи имкониятҳои алтернативии кам намудани талабот ба маводҳои сӯзишворӣ баррасӣ гардид.
https://sputnik.tj/20260707/kambudi-suzishvori-tojikiston-mavodi-sukht-vorid-1078843909.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075761101_203:0:1164:721_1920x0_80_0_0_83847dbe4d42d52db9acc09ba72f2c3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, камбудӣ, авиатсияи гражданӣ, норасоӣ, нақлиёт
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, камбудӣ, авиатсияи гражданӣ, норасоӣ, нақлиёт
Мақомоти талош дорад Авиатсияи гражданӣ ба камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ нашавад
Мақомот мегӯяд айни ҳол, бахши Авиатсияи граждании Тоҷикистон ба камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ нашудааст
ДУШАНБЕ, 8 июл - Sputnik. Мушкили камбуди сӯзишворӣ айни ҳол дар Авиатсияи граждани Тоҷикистон ва ширкатҳои Ватанӣ нест, гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур.
Вай гуфт, мушкилот дар таъмини сӯзишворӣ дар ояндаи пеш меояд.
Бино бар вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон Тоҷикистон ба мушкилоти норасоии сӯзишворӣ рӯбарӯ мешавад. Айни ҳол роҳбарияти Авиатсияи граждани ва сохторҳои авиатсияи гражадании кишвар дар ин самт кор дорандд, то ин мушкилот, яъне норасоии сӯзишворӣ бартараф шавад”, - гуфт ӯ.
Оқои Назарзода Ҳабибулло илова кард, ки айни ҳол ягон зарарӣ молиявӣ дар сохторҳои авиатсияи гражданӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон нест.
Ёдовар мешавем, ки мушкилоти норасоии сӯзишвории авиатсионӣ дар соли 2026 яке аз буҳронҳои умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Сабаби асосӣ — ихтилофот ва муноқишаҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна мебошанд, ки боиси маҳдуд шудани интиқол аз тариқи тангаи Ҳурмуз ва болоравии шадиди арзиши ин маҳсулот гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта аст, ки дар Русия дар таъминоти бензину сӯзишвории дизелӣ мушкилиҳо ба назар мерасад. Барои Тоҷикистон низ ин вазъият душвор хоҳад буд, зеро қисмати зиёди маҳсулоти нафтӣ ва газро ҷумҳурӣ аз Русия ворид мекунад.
Ахиран дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи "Таъминоти сӯзишворӣ дар бозори истеъмолӣ ва танзими нархи он" баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани дастрасии бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ, роҳандозии диверсификатсияи воридоти маҳсулоти сӯзишворӣ ва нафти хом бо мақсади коркард дар иқтидорҳои ватанӣ, назорати мунтазами нарху тарифҳо барои пешгирии ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши он дар нуқтаҳои фурӯш баррасӣ шуданд.
Инчунин дар ин ҷаласа татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ барои истифодаи имкониятҳои алтернативии кам намудани талабот ба маводҳои сӯзишворӣ баррасӣ гардид.