Тоҷикистон барои ду моҳ захираи сӯзишворӣ дорад

© Sputnik / Константин МихальчевскийЗаправка автомобилей на автозаправочной станции в Крыму.
Заправка автомобилей на автозаправочной станции в Крыму. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2026
Обуна шудан
Вазири энергетикаи Тоҷикистон таъкид кард, ки тибқи созишномаи байниҳукуматӣ содироти маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон давом дорад
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ маҳсулоти нафтӣ 114 ҳазор тонна зиёдтар ворид шуд, ки ин 2,4% зиёдтар аст.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои вай, афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ин аз он шаҳодат медиҳад, ки талабот сол аз сол зиёд мешавад.
Вай илова кард, ки имрӯзҳо мушкилиҳо дар истеҳсол ва роҳҳои логистикӣ ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон ҷой доранд.
“Имрӯза мо маҳсулоти нафту газӣ барои ду моҳи оянда захира дорем. Новобаста аз ин мо даҳсолаҳо бо баъзе шарикон ҳамкорӣ дорем, аз ҷумла бо Федератсияи Русия ва ҳаррӯза ҳамкорӣ карда истодаем”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки тибқи созишномаи байниҳукуматӣ содироти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон давом дорад.
Далер Ҷумъа дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки новобаста аз ин баъзе мушкилиҳо ҷой доранд ва ҳоло ҷониби Тоҷикистон бо дигар давлатҳои содироткунанда аз ҷумла Қазоқистон, Туркманистон, Ироқ, Эрон ва Белоруссия ҳамкориро ба роҳ мондааст.
Вазири тоҷик қайд кард, ки ҳукумат тамоми чораҳоро меандешад, ки маҳсулоти нафтӣ сари вақт ба Тоҷикистон барои фаъолияти мунтазами ҳамаи соҳаҳои иқтисодии кишвар ворид шавад.
Самолет авиакомпании Сомон Эйр. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2026
Мақомоти талош дорад Авиатсияи гражданӣ ба камбуди сӯзишворӣ рӯбарӯ нашавад
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта аст, ки дар Русия дар таъминоти бензину сӯзишвории дизелӣ мушкилиҳо ба назар мерасад. Барои Тоҷикистон низ ин вазъият душвор хоҳад буд, зеро қисмати зиёди маҳсулоти нафтӣ ва газро ҷумҳурӣ аз Русия ворид мекунад.
Оқибатҳои он аллакай эҳсос шуда, тайи ҳафтаи ахир нархи бензин ва сӯзишвори дизелӣ дар ҷумҳурӣ аз 0,4 то 2,3 сомонӣ боло рафт.
Дар Душанбе 1 литр бензини нави АИ-92 11 сомониву 30 дирам нарх дошт. Як ҳафта пеш нархи он ба 10 сомониву 90 дирам, се ҳафта пеш – 10 сомониву 40 дирам баробар буд.
Тайи як ҳафта 1 литр сӯзишвории дизелӣ аз 11 сомонӣ то 13 сомониву 30 дирам гарон шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои ахир талош дорад истеҳсоли сӯхтро дар дохили кишвар ба роҳ монад. Барои мисол Тоҷикистон дар Данғара бузургтарин корхонаи полоиши нафт бунёд кард ва ҳоло барои таъмини он ба нафти хом бо Эрон ва Узбекистон ва Қазоқистон гуфтугӯ дорад.
Лентаи хабарҳо
0