Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми бонкии кишварро устовор медонад

© SputnikФирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана
Фирдавс Толибзода, глава Нацбанка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2026
Обуна шудан
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки новобаста аз вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон иқтисоди Тоҷикистон рушди босубот нишон додааст
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Вазъи иқтисоди ва молиявии кишвар дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” – Роман Рибалкин ва Максим Рибников баррасӣ шуд.
Дар ин дидор тарафҳо масъалаҳои марбут ба низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, суботи молиявӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид кард, ки сарфи назар аз фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар ҷумҳурӣ рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин гардида истодааст.
“Дар ин замина, Бонки миллӣ барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро идома медиҳад, – қайд кард Фирдавс Толибзода.
Ёдовар мешавем, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои кишвар бо Агентии байналмилалии рейтингии “S&P Global Ratings” ҳамасола бо мақсади баҳогузорӣ ва интишори рейтинги қарзии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.
Экономический рост. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Тоҷикистон новобаста аз вазъи нохуби иқтисоди ҷаҳонӣ устувории макроиқтисодӣ нишон додааст
Ахиран Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард.
Ҳамин тавр, Агентӣ рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" тасдиқ намуд ва дурнамои онро аз сатҳи "устувор" ба "мусбат" тағйир додааст.
"Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.
Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0