Тоҷикистон новобаста аз вазъи нохуби иқтисоди ҷаҳонӣ устувории макроиқтисодӣ нишон додааст

© Foto / Изображение сгенерировано ИИЭкономический рост.
Экономический рост. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон Агентии "Standard & Poor’s" хоҳиш кардааст, ки дурнамои худро нисбати ҷумҳурӣ вобаста ба устувор гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар давраи миёнамуҳлат баланд бардоранд
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин зимни мулоқот намояндагони Агентии рейтингии байналмилалии "Standard & Poor’s" дар Тоҷикистон барои дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар ба Агентии мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.
Вай дар ин мулоқот қайд кард, ки дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон устувории макроиқтисодӣ дар кишвар таъмин гардид.
Қайд карда шуд, ки дар соли 2025 суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,4%-ро ташкил дод.
Мақомдори тоҷик бо назардошти дар 5 соли охир зиёда аз 8 фоизӣ таъмин гардидани рушди иқтисодии кишвар аз Агентии рейтингии байналмилалии "Standard & Poor’s" дархост кард, ки дурнамои худро нисбати Тоҷикистон вобаста ба устувор гардидани рушди иқтисоди миллӣ дар давраи миёнамуҳлат баланд бардоранд.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Вазири иқтисод: Новобаста аз таъсири ду буҳрони глобалӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд кард
Дар доираи мулоқот ҳайати миссияи таҳлилгарони Агентӣ ба устувории макроиқтисодӣ ва дастовардҳои иқтисодии ноилгардидаи Тоҷикистон дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 баҳои сазовор дода, қайд намуданд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна иқтисоди миллӣ дар кишвар дар солҳои охир дар сатҳи баланд таъмин гардидааст.
Ҳамзамон дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0