Дар дарёи Панҷ ҷасадҳо пайдо каранд: ҷасади ронандаи раиси ВМКБ пайдо шуд

© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаПоиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж.
Поиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2026
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон эълон кард, ки дар дарёи Панҷ як ҷасад пайдо карданд, ки имкон доранд ба садамаи раиси ВМКБ марбут бошад
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ дар дарёи Панҷ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади ду нафар ҷинси мардро дарёфт карданд.
Қайд карда шудааст, ки дарёфти ҷасадҳо аз ҷойи ҳодисаи нохуш, ки бар асари садамаи нақлиётӣ Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳамроҳи дигарон ба дарё сарозер шудааст, тақрибан 20 километр поёнтар дарёфт карда шуд.
КҲФ Тоҷикистон таъкид кардааст, ки як ҷасади пайдокардашуда ин ронанда раиси ВМКБ будааст ва дигар то ҳол маълум нест.
Айни ҳол сохторҳои дахлдор барои муайян намудани шахсият тадбирҳо меандешанд.
Ин ниҳоди давлатӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади дарёфти ҷасадҳое, ки дар пайи ҳодисаи нохуш ба дарё сарозер гардидаанд, дар ин минтақа беш аз 200 нафар наҷотдиҳандагони КҲФ аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, Минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита, дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.
Поиски председателя ГБАО Алишера Мирзонабота. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Аз Дарвоз то Кӯлоб: 100 наҷотдиҳанда дар ҷустуҷӯи раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш
Корҳои ҷустуҷӯии аз мавзеи ҳодиса идома дошта, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.
Ба иттилои ВКД, ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.
“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.
ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Андуҳи Раҳмон аз ҳалокати Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.
Бояд гуфт, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0