Аз Дарвоз то Кӯлоб: 100 наҷотдиҳанда дар ҷустуҷӯи раиси ВМКБ ва ҳамроҳонаш

© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаПоиски председателя ГБАО Алишера Мирзонабота.
Поиски председателя ГБАО Алишера Мирзонабота. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Обуна шудан
Беш аз 100 корманди КҲФ Тоҷикистон ҷустуҷӯи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва ҳамроҳонаш, ки дар мошин ба дарёи Панҷ сарозер шуданд, идома доранд
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки то ҳол ҷасади раиси ВМКБ ва ҳамроҳашро, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ ба дарёи Панҷ сарозер шуданд, пайдо нашудааст ва ҷустуҷӯи онҳо идома дорад.
Дар ин бора Ориф Нозимиён, роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, хабар додааст.
КҲФ Тоҷикистон хабар додааст, ки бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ тамоми тадбирҳоро амали менамояд.
Қайд карда шудааст, ки бо мақсади дарёфти ҷасадҳое, ки дар пайи ҳодисаи нохуш ба дарё сарозер гардидаанд, дар ин минтақа беш аз 100 нафар наҷотдиҳандагони КҲФ аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, Минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита, дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.
© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаПоиски председателя ГБАО Алишера Мирзонабота.
Поиски председателя ГБАО Алишера Мирзонабота. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Инчунин корҳои ҷустуҷӯӣ аз мавзеи ҳодиса оғоз гардида, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар минтақаҳо ҷараён дорад.
Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.
Ба иттилои ВКД, ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Андуҳи Раҳмон аз ҳалокати Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.
ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.
Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.
Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0