https://sputnik.tj/20260617/anduhi-rahmon-halokati-raisi-vmkb-alisher-mirzonabot-1078360798.html
Андуҳи Раҳмон аз ҳалокати Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
Андуҳи Раҳмон аз ҳалокати Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард
2026-06-17T17:17+0500
2026-06-17T17:17+0500
2026-06-17T17:25+0500
дар тоҷикистон
алишер мирзонабот
эмомалӣ раҳмон
ҳамдардӣ
садама
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063439451_0:134:3074:1863_1920x0_80_0_0_8ccc876047ec22d51d660fb40dab8b9b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ кард, ки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамдардиаш ба хонаводаи раиси ВМКБ таъкид кардааст, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, хоҳони сабри ҷамил ба онҳо шуд.Қайд карда шудааст, ки бо супориши Роҳбари давлат Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар роҳбарону масъулон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд.Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.Ба иттилои ВКД, ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20260617/moshini-raisi-vmkb-daryo-sarozer-vkd-hodisa-1078359584.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/06/1063439451_128:0:2859:2048_1920x0_80_0_0_3ef9de96d54c97ba4a89c3721dc1ad56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, алишер мирзонабот, эмомалӣ раҳмон, ҳамдардӣ, садама, вмкб
дар тоҷикистон, алишер мирзонабот, эмомалӣ раҳмон, ҳамдардӣ, садама, вмкб
Андуҳи Раҳмон аз ҳалокати Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
17:17 17.06.2026 (Навсозишуда: 17:25 17.06.2026) Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ кард, ки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар натиҷаи садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз рух дод, ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ҳамдардиаш ба хонаводаи раиси ВМКБ таъкид кардааст, ки Алишер Мирзонабот аз ҷумлаи кадрҳое буд, ки вазифаҳои хизматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард.
Эмомалӣ Раҳмон ба наздикону пайвандони ӯ изҳори ҳамдардӣ карда, хоҳони сабри ҷамил ба онҳо шуд.
Қайд карда шудааст, ки бо супориши Роҳбари давлат Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар роҳбарону масъулон ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.
Ба иттилои ВКД, ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.
“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.
ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.
Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.
Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.