https://sputnik.tj/20260414/noni-duum-tojikiston-kartoshka-rusiya-vorid-1076834776.html
Нони дуюм: чаро Тоҷикистон картошкаро аз Русия ворид мекунад
Нони дуюм: чаро Тоҷикистон картошкаро аз Русия ворид мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон яке аз истеъмолкунандагони пешсафи картошка дар ҷаҳон аст. Аммо, азбаски кишвар наметавонад ниёзҳои худро пурра қонеъ кунад, қисман ин сабзиҷотро аз Русия ворид мекунад
2026-04-14T18:11+0500
2026-04-14T18:11+0500
2026-04-14T19:31+0500
дар тоҷикистон
таҳлил
коршинос
картошка
кишоварзӣ
сабзавот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103070/23/1030702350_0:299:3072:2027_1920x0_80_0_0_582d4702c6f7264613978278de4079f2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Соли 2025, дар Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион тонна картошка истеҳсол шудааст, ки ба ҳисоби миёна 118 кг барои як сокини кишвар рост меояд.Коршиносон қайд мекунанд, ки ин рақам нисбат ба бисёр кишварҳо хеле баландтар аст. Аммо, ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ барои пурра қонеъ кардани талаботи афзоянда кофӣ нест. Аз ин рӯ, камбуди картошка бо воридоти он аз дигар кишварҳо ҷуброн карда мешавад.Русия яке аз таъминкунандагони асосии Тоҷикистон бо картошка ба ҳисоб меравад. Соли гузашта ҷумҳурӣ аз Русия беш аз 40 000 тонна картошка ворид кард ва интизор меравад, ки чунин ҳаҷми маҳсулот имсол ҳам ворид хоҳад гардид. Ин ҳаҷми маҳсулот, дар муқоиса бо ҳаҷми умумии истеҳсолоти худи ҷумҳурӣ чандон калон нест, аммо он барои қонеъ кардани талаботи масалан, аҳолии 1,5 миллионнафараи Душанбе барои ду моҳи пурра кофӣ мебошанд.Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки чаро картошка дар Тоҷикистон маъмул гаштааст ва Русия бо ин чӣ иртибот дорад.Картошка чӣ гуна ба Осиёи Марказӣ расид?Маълум аст, ки пайдоиши картошка аз Амрикои Лотинӣ сарчашма мегирад ва он аввал ба Аврупо ва баъдан аз нимкураи ғарбӣ ба Русия расидааст. Аммо, на ҳама медонанд, ки ин растанӣ бо омадани русҳо ба Осиёи Марказӣ расидааст. Инро ҳам таърихшиносон ва ҳам сокинони дерина тасдиқ мекунанд."Картошка дар аввал ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ барои артиш оварда мешуд, зеро он дар таомҳои сарбозони рус маъмултарин буд. Баъдтар картошкаи овардагироҳамчун тухмӣ истифода намуданд ва маълум шуд, ки шароити доманакӯҳҳо, махсусан дар водиҳои Фарғона, Зарафшон, Рашт ва Чуйи давлатҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои парвариши ин зироат хеле мусоид аст", - шарҳ додба Sputnik Тоҷикистон таърихшинос ва шарқшиноси суғдӣ Ислом Раҳимов.Пиронсолон мегӯянд, ки аз сабаби таассуботи динӣ, тоҷикон ва узбекҳо муддати тӯлонӣ картошкаро номатлуб меҳисобиданд. Аммо солҳои 1930, пас аз коллективизатсияи кишоварзии шӯравӣ, хоҷагиҳои коллективӣ ва давлатӣ ба кишти картошка шурӯъ карданд. Ҳамин тариқ, ниёзи зиёд ба маводи хӯрока ин афсонаҳо ва таассубҳоро аз байн бурд.Дар хоҷагиҳои деҳоти Тоҷикистон картошкаро ҳам барои қонеъ кардани ниёзҳои аҳолии шаҳр ва ҳам ҳар як оила онро барои истеъмоли худаш мепарварад, зеро он як ғизои асосӣ аст."Имрӯз таомҳои тоҷикӣ ва узбекиро бе картошка тасаввур кардан ғайриимкон аст. Он дар баробари равғани растанӣ, гӯшт, тухм ва сабзавот маҳсулоти аз ҳама бештар истеъмолшаванда мебошад. Картошка серғизо аст ва айни замон дар шаклҳои гуногун омода мегардад. Новобаста аз он ки бирён, пухта ё ҳамчун чипс истифода мешавад, талабгори зиёд дорад", - мегӯяд ошпази яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ Бахтиёр Раҳматуллоев,.Пешсафи истеҳсолоти ТоҷикистонБеш аз нисфи истеҳсоли картошкаи Тоҷикистон бавилояти Суғд ростмеояд. Соли 2025 хоҷагиҳо 753 ҳазортонна картошкаҷамъоварӣ карданд, ки 57,15%-и ҳаҷми умумиро дар кишвар ташкил дод. Ин минтақа на танҳо ниёзҳои се миллион нафар сокинони вилояти Суғд,балки қисман талаботи шаҳри Душанберо қонеъ мекунад.Имсол хоҷагиҳои вилояти Суғд нақша доранд, ки ҳосили картошкаи худро ба таври назаррас афзоиш диҳанд. Дар се ноҳияе, ки аксарияти картошка он ҷо корида мешавад, тақрибан 1500 гектар замини нав барои кишт омода карда шудааст.Чунончӣ, дар ноҳияи ҳосилхези Шаҳристон, тасмим гирифта шудаст, ки дар 500 гектар замин 20 чоҳ канда шавад, ки ба гуфтаи коршиносон, бояд оби заруриро барои обёрии ин заминҳо таъмин кунад. Кишоварзон қисми зиёди хароҷотро ба ӯҳда гирифтаандва дар ҳолати зарурӣ аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ хоҳанд шуд."Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Зарафшон садҳо ҳазор гектар заминҳои истифоданашуда мавҷуданд. Сатҳи дарёи Сир, ки дар наздикӣ ҷорист, хеле пасттар аз ин заминҳо аст. Обёрии замин сармоягузории назаррасро талаб мекунад, ки барои Тоҷикистон мушкил аст. Аз ин рӯ, ягона усули обёрӣ кандани чоҳҳо аст", - шарҳ дод сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон Шавкат Абдурасулзода.Намояндагони хоҷагиҳо, бо ба инобат гирифтани иқлими мулоими доманакӯҳҳо ва сифати мусоиди хок барои боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, дурнамои заминҳои навро умедбахш арзёбӣ мекунанд.Эътимоди онҳоро инчунин таҳқиқоти илмӣ, ки захираҳои фаровони обҳои зеризаминии на он қадар чуқурро нишон медиҳанд, афзун мекунад, ки хароҷотро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Кишоварзони маҳаллӣ интизоранд, ки дар соли аввал аз заминҳои нав то 300 сентнерӣ ҳосил гиранд.Русия воридкунандаи асосии картошка астРӯйхати кишварҳои воридкунандаи картошкаи Тоҷикистон Русия, Беларус ва Нидерландияро дар бар мегирад. Русия бузургтарин таъминкунандаи картошкабарои ҷумҳурӣ аст."Картошкаи русӣ дар кишвар ба шарофати анъанаҳои деринаи воридот байни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон маъмултар аст. Имрӯз тиҷорат ба талабот зуд посух медиҳад. Агар талабот вуҷуд дошта бошад ва таъмини картошка фоидаовар бошад, пас тоҷирон ба таъмини он манфиатдор ҳастанд", - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон муовини сардори идораи кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода.Дар соли 2025 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 40 000 тонна картошка ворид карда шуд. Ин ҳаҷм ночиз аст, аммо он пеш аз ҳама барои танзими нархҳо муҳим аст. Солҳои 2022-2023 давраҳое буданд, ки нархи 1 кг картошка ба 8-10 сомонӣ расид, ки ин ба қариб ҳар як оилаи тоҷик таъсир расонд. Аз ин рӯ, воридоти картошка барои бозори дохилӣ муҳим аст.Картошкаи навъи “Жуковский”-и серталаб астДар Тоҷикистон асосан картошкаи дар дохили кишвар парваришёфтароҳамчун маводи тухмӣ истифода мебаранд. Ҳар як минтақаи картошкапарварии кишвар хоҷагиҳои тухмипарварӣ дорад, ки лӯндаҳои сертификатсияшударо парвариш мекунанд, ки нисбати тобоварӣ ба бемориҳо ва тозагии генетикӣ санҷида шудаанд ва ҳосили баландро кафолат медиҳанд.Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, хоҷагиҳои ин минтақа соли 2025 130 000 тонна маводи тухмӣ харидорӣ захира карданд. Аммо ба қавли мутахассиси маҳаллии кишоварзӣ Фирӯз Абдунабиев, миқдори ками тухмии картошка аз Русия, Беларус ва Нидерландия низ барои ниёзҳои деҳқонон ворид карда мешавад."Олимон навъи тухмии "Жуковский ранний"-ро, ки дар вилояти Калуга парвариш карда мешавад ва ба шароити доманакӯҳҳои водии Зарафшон мувофиқ аст, тавсия медиҳанд. Инҳо асосан навъҳои барвақтӣ мебошанд, ки баробари фаро расидани баҳор, яъне то нимаи моҳи март шинонда мешаванд. Онҳо ба сармо ва бемориҳо тобоваранд. Навъҳои картошкаи русӣ барои тайёр кардани пюре, картошкаи бирён ва чипс васеъ истифода мешаванд, ки ин барои саноати хизматрасонии хӯрокворӣ қулай ва фоидаовартар аст", - таъкид кард ӯ ва илова кард, ки ҳар як минтақа иқлими худро дорад, аз ин рӯ ҳангоми интихоби тухмӣ ба назар гирифтани ҳама омилҳо муҳим аст.Тибқи маълумоти хадамоти гумруки вилояти Суғд, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2026, минтақа 4600 тонна тухмии картошка ва 25 000 тонна картошкаи тару тоза асосан аз Русия ворид кардааст.Омор барои андешаСоли гузашта истеҳсоли картошка ба ҳар як сокини Тоҷикистон 118 кг картошка рост омад. Ин тақрибан ба 8-10 сатили маъмулӣё ҳосили аз як қитъаи тақрибан 3-4 ҳиссаҷамъоваришуда баробар аст.Бо назардошти он, ки қариб 90% тамоми истеҳсол ва воридоти картошка истеъмол карда мешавад, кишвар дар байни истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳон ҷой гирифтааст. Албатта, ин омор истеъмоли картошкаро дар ошхонаву дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ ба ҳисоб намегирад, яъне ин рақам метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.Барои муқоиса бояд қайд кард, ки дар Чин, ки пешсафи истеҳсолкунандаи картошка дар ҷаҳон аст, барои ҳар як нафар танҳо 66 кг картошкаи истеҳсолшуда рост меояд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54124
https://sputnik.tj/20230731/non-duum-garon-tojikiston-kisht-kartoshka-kam-1058543094.html
https://sputnik.tj/20260113/afghoniston-tojikiston-sabzijot-sodirot-1074469547.html
https://sputnik.tj/20251027/ghizo-asosi-sokinon-tojikiston-non-1072474180.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Неъмати Саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0e/1076834547_0:0:1024:1024_100x100_80_0_0_0162558bcc2949a82c6227d9c13cc89b.png
Неъмати Саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0e/1076834547_0:0:1024:1024_100x100_80_0_0_0162558bcc2949a82c6227d9c13cc89b.png
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103070/23/1030702350_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_e6655310df2cf0b689683ef8fa255fde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Неъмати Саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0e/1076834547_0:0:1024:1024_100x100_80_0_0_0162558bcc2949a82c6227d9c13cc89b.png
дар тоҷикистон, таҳлил, коршинос, картошка, кишоварзӣ, сабзавот
дар тоҷикистон, таҳлил, коршинос, картошка, кишоварзӣ, сабзавот
Нони дуюм: чаро Тоҷикистон картошкаро аз Русия ворид мекунад
18:11 14.04.2026 (Навсозишуда: 19:31 14.04.2026) Эксклюзив
Тоҷикистон яке аз истеъмолкунандагони пешсафи картошка дар ҷаҳон аст. Аммо, азбаски кишвар наметавонад ниёзҳои худро пурра қонеъ кунад, қисман ин сабзиҷотро аз Русия ворид мекунад
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Соли 2025, дар Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион тонна картошка истеҳсол шудааст, ки ба ҳисоби миёна 118 кг барои як сокини кишвар рост меояд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки ин рақам нисбат ба бисёр кишварҳо хеле баландтар аст. Аммо, ҳаҷми истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ барои пурра қонеъ кардани талаботи афзоянда кофӣ нест. Аз ин рӯ, камбуди картошка бо воридоти он аз дигар кишварҳо ҷуброн карда мешавад.
Русия яке аз таъминкунандагони асосии Тоҷикистон бо картошка ба ҳисоб меравад. Соли гузашта ҷумҳурӣ аз Русия беш аз 40 000 тонна картошка ворид кард ва интизор меравад, ки чунин ҳаҷми маҳсулот имсол ҳам ворид хоҳад гардид.
Ин ҳаҷми маҳсулот, дар муқоиса бо ҳаҷми умумии истеҳсолоти худи ҷумҳурӣ чандон калон нест, аммо он барои қонеъ кардани талаботи масалан, аҳолии 1,5 миллионнафараи Душанбе барои ду моҳи пурра кофӣ мебошанд.
Sputnik Тоҷикистон таҳқиқ кард, ки чаро картошка дар Тоҷикистон маъмул гаштааст ва Русия бо ин чӣ иртибот дорад.
Картошка чӣ гуна ба Осиёи Марказӣ расид?
Маълум аст, ки пайдоиши картошка аз Амрикои Лотинӣ сарчашма мегирад ва он аввал ба Аврупо ва баъдан аз нимкураи ғарбӣ ба Русия расидааст. Аммо, на ҳама медонанд, ки ин растанӣ бо омадани русҳо ба Осиёи Марказӣ расидааст. Инро ҳам таърихшиносон ва ҳам сокинони дерина тасдиқ мекунанд.
"Картошка дар аввал ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ барои артиш оварда мешуд, зеро он дар таомҳои сарбозони рус маъмултарин буд. Баъдтар картошкаи овардагироҳамчун тухмӣ истифода намуданд ва маълум шуд, ки шароити доманакӯҳҳо, махсусан дар водиҳои Фарғона, Зарафшон, Рашт ва Чуйи давлатҳои имрӯзаи Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои парвариши ин зироат хеле мусоид аст", - шарҳ додба Sputnik Тоҷикистон таърихшинос ва шарқшиноси суғдӣ Ислом Раҳимов.
Пиронсолон мегӯянд, ки аз сабаби таассуботи динӣ, тоҷикон ва узбекҳо муддати тӯлонӣ картошкаро номатлуб меҳисобиданд. Аммо солҳои 1930, пас аз коллективизатсияи кишоварзии шӯравӣ, хоҷагиҳои коллективӣ ва давлатӣ ба кишти картошка шурӯъ карданд. Ҳамин тариқ, ниёзи зиёд ба маводи хӯрока ин афсонаҳо ва таассубҳоро аз байн бурд.
"Ва имрӯз қариб ҳар як оила дар заминҳои наздиҳавлигии худ картошка мекорад", - мегӯяд Раҳимов.
Дар хоҷагиҳои деҳоти Тоҷикистон картошкаро ҳам барои қонеъ кардани ниёзҳои аҳолии шаҳр ва ҳам ҳар як оила онро барои истеъмоли худаш мепарварад, зеро он як ғизои асосӣ аст.
"Имрӯз таомҳои тоҷикӣ ва узбекиро бе картошка тасаввур кардан ғайриимкон аст. Он дар баробари равғани растанӣ, гӯшт, тухм ва сабзавот маҳсулоти аз ҳама бештар истеъмолшаванда мебошад. Картошка серғизо аст ва айни замон дар шаклҳои гуногун омода мегардад. Новобаста аз он ки бирён, пухта ё ҳамчун чипс истифода мешавад, талабгори зиёд дорад", - мегӯяд ошпази яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллӣ Бахтиёр Раҳматуллоев,.
Пешсафи истеҳсолоти Тоҷикистон
Беш аз нисфи истеҳсоли картошкаи Тоҷикистон бавилояти Суғд ростмеояд. Соли 2025 хоҷагиҳо 753 ҳазортонна картошкаҷамъоварӣ карданд, ки 57,15%-и ҳаҷми умумиро дар кишвар ташкил дод. Ин минтақа на танҳо ниёзҳои се миллион нафар сокинони вилояти Суғд,балки қисман талаботи шаҳри Душанберо қонеъ мекунад.
Имсол хоҷагиҳои вилояти Суғд нақша доранд, ки ҳосили картошкаи худро ба таври назаррас афзоиш диҳанд. Дар се ноҳияе, ки аксарияти картошка он ҷо корида мешавад, тақрибан 1500 гектар замини нав барои кишт омода карда шудааст.
Чунончӣ, дар ноҳияи ҳосилхези Шаҳристон, тасмим гирифта шудаст, ки дар 500 гектар замин 20 чоҳ канда шавад, ки ба гуфтаи коршиносон, бояд оби заруриро барои обёрии ин заминҳо таъмин кунад. Кишоварзон қисми зиёди хароҷотро ба ӯҳда гирифтаандва дар ҳолати зарурӣ аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ хоҳанд шуд.
"Дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Зарафшон садҳо ҳазор гектар заминҳои истифоданашуда мавҷуданд. Сатҳи дарёи Сир, ки дар наздикӣ ҷорист, хеле пасттар аз ин заминҳо аст. Обёрии замин сармоягузории назаррасро талаб мекунад, ки барои Тоҷикистон мушкил аст. Аз ин рӯ, ягона усули обёрӣ кандани чоҳҳо аст", - шарҳ дод сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳристон Шавкат Абдурасулзода.
Намояндагони хоҷагиҳо, бо ба инобат гирифтани иқлими мулоими доманакӯҳҳо ва сифати мусоиди хок барои боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, дурнамои заминҳои навро умедбахш арзёбӣ мекунанд.
Эътимоди онҳоро инчунин таҳқиқоти илмӣ, ки захираҳои фаровони обҳои зеризаминии на он қадар чуқурро нишон медиҳанд, афзун мекунад, ки хароҷотро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Кишоварзони маҳаллӣ интизоранд, ки дар соли аввал аз заминҳои нав то 300 сентнерӣ ҳосил гиранд.
Русия воридкунандаи асосии картошка аст
Рӯйхати кишварҳои воридкунандаи картошкаи Тоҷикистон Русия, Беларус ва Нидерландияро дар бар мегирад. Русия бузургтарин таъминкунандаи картошкабарои ҷумҳурӣ аст.
"Картошкаи русӣ дар кишвар ба шарофати анъанаҳои деринаи воридот байни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон маъмултар аст. Имрӯз тиҷорат ба талабот зуд посух медиҳад. Агар талабот вуҷуд дошта бошад ва таъмини картошка фоидаовар бошад, пас тоҷирон ба таъмини он манфиатдор ҳастанд", - гуфт ба Sputnik Тоҷикистон муовини сардори идораи кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода.
Дар соли 2025 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 40 000 тонна картошка ворид карда шуд. Ин ҳаҷм ночиз аст, аммо он пеш аз ҳама барои танзими нархҳо муҳим аст. Солҳои 2022-2023 давраҳое буданд, ки нархи 1 кг картошка ба 8-10 сомонӣ расид, ки ин ба қариб ҳар як оилаи тоҷик таъсир расонд. Аз ин рӯ, воридоти картошка барои бозори дохилӣ муҳим аст.
"Барои Тоҷикистон, ки картошка ҷузъи муҳими сабади истеъмолӣ аст, нигоҳ доштани нархҳои дастрас дар бозорҳо муҳим аст. Бе таъминоти хориҷӣ, танзими нархи онҳо душвор хоҳад буд, зеро истеҳсолот наметавонад бо истеъмол ҳамқадам бошад, зеро як қатор омилҳо, аз ҷумла афзоиши босуръатиаҳолӣ ва тағирёбии иқлим, ки боиси кам шудани захираҳои об мегардад, ба ин таъсиргузор мебошанд", - шарҳ дод Маҳмудзода.
Картошкаи навъи “Жуковский”-и серталаб аст
Дар Тоҷикистон асосан картошкаи дар дохили кишвар парваришёфтароҳамчун маводи тухмӣ истифода мебаранд. Ҳар як минтақаи картошкапарварии кишвар хоҷагиҳои тухмипарварӣ дорад, ки лӯндаҳои сертификатсияшударо парвариш мекунанд, ки нисбати тобоварӣ ба бемориҳо ва тозагии генетикӣ санҷида шудаанд ва ҳосили баландро кафолат медиҳанд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, хоҷагиҳои ин минтақа соли 2025 130 000 тонна маводи тухмӣ харидорӣ захира карданд. Аммо ба қавли мутахассиси маҳаллии кишоварзӣ Фирӯз Абдунабиев, миқдори ками тухмии картошка аз Русия, Беларус ва Нидерландия низ барои ниёзҳои деҳқонон ворид карда мешавад.
"Олимон навъи тухмии "Жуковский ранний"-ро, ки дар вилояти Калуга парвариш карда мешавад ва ба шароити доманакӯҳҳои водии Зарафшон мувофиқ аст, тавсия медиҳанд. Инҳо асосан навъҳои барвақтӣ мебошанд, ки баробари фаро расидани баҳор, яъне то нимаи моҳи март шинонда мешаванд. Онҳо ба сармо ва бемориҳо тобоваранд. Навъҳои картошкаи русӣ барои тайёр кардани пюре, картошкаи бирён ва чипс васеъ истифода мешаванд, ки ин барои саноати хизматрасонии хӯрокворӣ қулай ва фоидаовартар аст", - таъкид кард ӯ ва илова кард, ки ҳар як минтақа иқлими худро дорад, аз ин рӯ ҳангоми интихоби тухмӣ ба назар гирифтани ҳама омилҳо муҳим аст.
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки вилояти Суғд, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2026, минтақа 4600 тонна тухмии картошка ва 25 000 тонна картошкаи тару тоза асосан аз Русия ворид кардааст.
Соли гузашта истеҳсоли картошка ба ҳар як сокини Тоҷикистон 118 кг картошка рост омад. Ин тақрибан ба 8-10 сатили маъмулӣё ҳосили аз як қитъаи тақрибан 3-4 ҳиссаҷамъоваришуда баробар аст.
Бо назардошти он, ки қариб 90% тамоми истеҳсол ва воридоти картошка истеъмол карда мешавад, кишвар дар байни истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳон ҷой гирифтааст. Албатта, ин омор истеъмоли картошкаро дар ошхонаву дигар нуқтаҳои хӯроки умумӣ ба ҳисоб намегирад, яъне ин рақам метавонад ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Барои муқоиса бояд қайд кард, ки дар Чин, ки пешсафи истеҳсолкунандаи картошка дар ҷаҳон аст, барои ҳар як нафар танҳо 66 кг картошкаи истеҳсолшуда рост меояд.