Афғонистон ба Тоҷикистон сабзиҷот содирот мекунад

© SputnikФестиваль картофеля в Душанбе. Иллюстративное фото
Фестиваль картофеля в Душанбе. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2026
Обуна шудан
Масъулони Иттиҳодияи сабзиҷоти тозаи Нангарҳор мегӯянд, ки айни замон ҳар рӯз қариб 20 мошини боркаш бо маҳсулот ба Узбекистон ва Тоҷикистон интиқол дода мешавад
ДУШАНБЕ, 13 янв - Sputnik. Пас аз баста шудани гузаргоҳи марзии Турхам дар марзи Покистону Афғонистон, тоҷирони афғон содироти сабзиҷоти тозаи Нангарҳорро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз карданд, иттилоъ додааст ToloNews.
Масъулони Иттиҳодияи сабзиҷоти тозаи Нангарҳор мегӯянд, ки айни замон ҳар рӯз қариб бист мошини боркаш ба сӯи Узбекистон ва Тоҷикистон равон ҳастанд.
"Дар муқоиса бо гузашта, деҳқонон ҳоло аз фоидаи бештар ба даст меоранд ва нархҳо низ боло рафтаанд. Маҳсулоти онҳо дар бозорҳои Узбекистон ва Тоҷикистон бо асъори худӣ фурӯхта мешавад. Аммо тоҷирон кореро мекунанд, ки барои онҳо фоидаовар аст", - гуфт Станегул Шерзод, муовини раиси Иттиҳодияи сабзиҷот ва меваҳои тару тозаи Нангарҳор.
Аз сӯйи дигар, масъулони раёсати зироат, обёрӣ ва молдории Нангарҳор, мегӯянд, ки дар ин вилоят қариб чор ҳазор гектар замин дар 12 ноҳия барои кишти картошка ҷудо карда шудааст, ки интизор меравад, ки беш аз 55 ҳазор тонна маҳсулот ба даст орад.
Фермер держит минеральные удобрения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2024
Бори аввал корхонаи “Азот”-и Тоҷикистон ба Афғонистон нуриҳои минералӣ содирот кард
Ҳасибуллоҳ, як тоҷир гуфтааст, ки картошкаи Нангарҳор ба Узбекистон ва Тоҷикистон содирот мешавад, аммо бо баста шудани гузаргоҳи марзи Турхам, дар бозор ҳеҷ мушкиле ба миён наомадааст, дар асл, бозорҳои мо беҳтар шудаанд.
Соҳибкорони Афғонистон мегӯянд, ки кишвари онҳо бояд дар соҳаи тухмпарварӣ ва маводи кимиёвӣ ҳамкорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0