Нони дуюм гарон мешавад? Дар Тоҷикистон кишти картошка кам шудааст

Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Обуна шудан
Қимати ин маҳсулот аз ҳоло дар бозорҳои кишвар гарон буда, тахмин меравад, дар пайи коҳиши кишт он на поён, балки боз гаронтар шавад
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз коҳиши кишти картошка изҳори ташвиш доранд.
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти хабарияш гуфт, ки дурнамо дар майдони 40 ҳазор гектар нақша шуда буд, аммо 33,5 ҳазор гектар ва ё 84% иҷро гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд ин маҳсулот нисбат ба соли қаблӣ 1365 гектар бештар кишт шуда бошад ҳам, аммо нисбат ба нақшаи соли ҷорӣ 6477 гектар кам аст.
Ҳакимзода гуфт, ки кишт дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, ки таъминкунандаи асосии ин маҳсулот барои пойтахт мебошанд, ташвишовар аст.
Ӯ барои мисол ноҳияи Нурободро овард, ки шароити хуб барои парвариши картошка дорад, аммо кишти он кам гаштааст.

“650 гектар дурнамо доштанд, аммо 226 гектар кам кориданд. Ба ҳар роҳ баҳона пеш меоранд, ки шароит нест ва ё об нест, аммо минтақаи созгор барои ин маҳсулот аст”,- гуфт Ҳакимзода.

Вазир гуфт, ки ҳатто барои чунин камбуд сардори Раёсати кишоварзии ноҳияро аз мақомаш барканор кард ва нисбат ба раҳбарони дигар ҷамоатҳо низ чораҷӯӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои ӯ, чунин ҳолат дар ноҳияҳои Файзобод 60%-и дурнамо, Рӯдакӣ, ки аз таъминкунандаи аслии пойтахт аст, ҳамагӣ 37% иҷро кардааст
Вай афзуд, аз ин минтақа дурнаморо танҳо Сангвору Лахш ва Рашт иҷро карда, аз Тоҷикобод 94% аст.
Номбурда гуфт, ки якмоҳа талаботи аҳолӣ ба картошка 86 – 90 ҳазор тонна картошка аст.
© SputnikРост стоимости картофеля в Таджикистане за последний месяц
Рост стоимости картофеля в Таджикистане за последний месяц - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Рост стоимости картофеля в Таджикистане за последний месяц
Тибқи оморҳо кишвар, дар шаш моҳи соли равон 27 ҳазору 548,8 тон картошка бо арзиши умумии 7 миллиону 130,6 ҳазор доллар ворид кардааст.
Тайи беш аз як моҳи ахир нархи ин маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон - шаҳри Душанбе аз 6 то 7, вилояти Суғд аз 4,5 то 6,5 сомонӣ, вилояти Хатлон аз 6,5 то 8 сомонӣ, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 8 то 10 сомонӣ ва бо ҳисоби миёна дар кишвар аз 6,3 то 7,9 сомониро ташкил дод.
Мақомот аз эҳтимоли поён наомадани нарх ва камбуди картошка дар моҳҳои пеши рӯ суҳбат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0