https://sputnik.tj/20251027/ghizo-asosi-sokinon-tojikiston-non-1072474180.html
Омор: Ғизои асосии сокинони Тоҷикистон маҳсулоти нонӣ аст
Омор: Ғизои асосии сокинони Тоҷикистон маҳсулоти нонӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи додаҳои Оҷонсии омори кишвар, сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон аз деҳотиён зиёдттар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд
2025-10-27T18:51+0500
2025-10-27T18:51+0500
2025-10-27T19:08+0500
дар тоҷикистон
омор
нон
картошка
гӯшт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102972/09/1029720920_0:145:2780:1709_1920x0_80_0_0_6750a3d2aecb45ee123649b691e47f89.jpg
Ғизои асосии сокинони Тоҷикистонро маҳсулоти нонӣ ташкил медиҳад, ки моҳе қариб 14 кг-ро ташкил мекунад. Дар ин бора Оҷонси омори Тоҷикистон гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, ба ҳисоби миёна ҳар аъзои хонаводаи Тоҷикистон дар як моҳ, 3,48 кило картошка, 8,41 кило сабзавоту полезӣ, 2,6 киломева ва буттамева, хушкмева, 1,39 кило қанд ва маҳсулоти қаннодӣ будааст.Ҳамчунин моҳона ҳар сокин 2,05 кило гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 0,2 кило моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, 3,85 литр шир ва маҳсулоти ширӣ, 14 дона тухм ва 1,67 кило равғани растанӣ ва маргарин истеъмол намудаанд.Тибқи додаҳои ин ниҳод, сокинони шаҳр аз деҳотиён зиёдттар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд.Таъкид мешавад, ки агар сокинони деҳол моҳона 12,6 кило маҳсулоти нонӣ истеъмол кунанд, пас ба ҳар аъзои оилае, ки дар шаҳр зиндагӣ дорад, 16,29 кило рост меояд.Тафсилоти ғизономаи тоҷикистониҳоро, ки моҳе чӣ қадар гӯшту ширу тухму моҳӣ мехӯранд дар тасвирбаён бубинед.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102972/09/1029720920_154:0:2626:1854_1920x0_80_0_0_bd44c27e327dc9e9209cce843ced8128.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омор ғизо сокинон тоҷикистон маҳсулот нон
омор ғизо сокинон тоҷикистон маҳсулот нон
Омор: Ғизои асосии сокинони Тоҷикистон маҳсулоти нонӣ аст
18:51 27.10.2025 (Навсозишуда: 19:08 27.10.2025) Тибқи додаҳои Оҷонсии омори кишвар, сокинони шаҳрҳои Тоҷикистон аз деҳотиён зиёдттар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд
Ғизои асосии сокинони Тоҷикистонро маҳсулоти нонӣ ташкил медиҳад, ки моҳе қариб 14 кг-ро ташкил мекунад.
Дар ин бора Оҷонси омори Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ба ҳисоби миёна ҳар аъзои хонаводаи Тоҷикистон дар як моҳ, 3,48 кило картошка, 8,41 кило сабзавоту полезӣ, 2,6 киломева ва буттамева, хушкмева, 1,39 кило қанд ва маҳсулоти қаннодӣ будааст.
Ҳамчунин моҳона ҳар сокин 2,05 кило гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, 0,2 кило моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, 3,85 литр шир ва маҳсулоти ширӣ, 14 дона тухм ва 1,67 кило равғани растанӣ ва маргарин истеъмол намудаанд.
Тибқи додаҳои ин ниҳод, сокинони шаҳр аз деҳотиён зиёдттар маҳсулоти нонӣ истеъмол мекардаанд.
Таъкид мешавад, ки агар сокинони деҳол моҳона 12,6 кило маҳсулоти нонӣ истеъмол кунанд, пас ба ҳар аъзои оилае, ки дар шаҳр зиндагӣ дорад, 16,29 кило рост меояд.
Тафсилоти ғизономаи тоҷикистониҳоро, ки моҳе чӣ қадар гӯшту ширу тухму моҳӣ мехӯранд дар тасвирбаён бубинед.