https://sputnik.tj/20260408/piruz-eron-ima-otashbas-elon-kardand-1076698024.html
Кӣ пирӯз шуд?: Эрон ва ИМА барои ду ҳафта оташбас эълон карданд
Кӣ пирӯз шуд?: Эрон ва ИМА барои ду ҳафта оташбас эълон карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран раисҷумҳури ИМА дар бораи оташбаси дуҳафтаина дар ҷанг бо Эрон эълон кард
2026-04-08T17:12+0500
2026-04-08T17:12+0500
2026-04-08T17:12+0500
вазъ дар ховари миёна: хабарҳои ахир
эрон
ховари миёна
оташбас
има
трамп
низоъ
ҷанг
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075754427_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_7dee2c997dda92a98ae4fb1ebe703e71.jpg
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп, ки як рӯз пеш Эронро ба"асри санг" таҳдид карда буд, ба оташбаси дуҳафтаина розӣ шуд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.Дар ин давоми ду ҳафта Ҷонибҳо созишномаеро баррасӣ хоҳанд кард, ки тибқи он Теҳрон аз ҳама гуна таҳримҳо озод мешавад ва ба ИМА ба Эрон барои товони ҷанг медиҳад ва назорати тангаи Ҳурмузро нигоҳ медорад.Дар иваз оташбас Теҳрон тангаи Ҳурмузро боз мекунад.Доналд Трамп ахиран дар шабакаи иҷтимоии Truth хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида бомбаборони Эронро барои ду ҳафта бо шарти кушодани фаврии тангаи Ҳурмуз бозмедорад.Шӯрои олии амнияти Эрон оташбасро тасдиқ кард.Дар изҳороти расмии Эрон гуфта мешавад, ки ин кишвар “ғалабаи бузург ба даст овард ва Амрикои ҷинояткорро маҷбур кард, ки нақшаи даҳ шарти ҷониби онҳоро қабул кунад”.Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчӣ дар як хабари алоҳида тасдиқ кард, ки дар давоми ду ҳафта киштиҳо метавонанд аз тангаи Ҳурмуз убур шаванд, ба шарте иқдомҳои худро бо низомиёни эронӣ ҳамоҳанг созанд.Расонаҳо ҳамчунин хабар доданд, ки музокироти мустақим байни Эрон ва ИМА рӯзи даҳуми апрел дар Покистон оғоз мешавад.Кохи Сафед тасдиқ кард, ки ИМА ин имкониятро баррасӣ доранд.Дар ҳамин ҳол, расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки Теҳрон пешниҳоди оташбасро “пас аз талошҳои ноумеди дипломатии Покистон” ва дахолати Чин қабул кард.Исроил, ҳам эълон кард, ки ба оташбаси дуҳафтаина ҳамроҳ мешавад.Вале маълум нест, ки оташбас кай эътибор пайдо мекунад.Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл Доналд Трамп ба Эрон барои боз намудани тангаи Ҳурмуз муҳлат дод ва изҳор дошт, ки дар сурате, тангаи Ҳурмуз боз нашавад “тамоми тамаддун дар як шаб мемирад”.Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, дар шарҳи оташбас байни ИМА ва Эрон, гуфт, ки равиши ҳамлаҳои хашмгинона ва беасос шикасти сахте ба бор овард."Ҳамаи изҳороти .. хашмгинтар, таҳқиромезтар, навиштани бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва"пирӯзӣ" наздик аст, ин мавқеъ бори дигар шикасти сахте хурд. Мисли ҳамлаи яктарафа, хашмгинона ва беасос.", - гуфт Захарова дар радиои Sputnik.Дар пайи эълони оташбас ҳама ҷонибҳои низоъ аз пирӯзии худ элон карданд. Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш аз пирӯзии ИМА таъкид кард. Эрон низ эълон кард, ки дар ҷанг пирӯз шудааст ва ИМА пешниҳодҳои онро қабул намудааст. Ҳатто Исроил ва АМА низ аз пирӯзӣ эълон карданд. Дар ҳамин ҳол, президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ахиран изҳор дошт, ки оташбас бо ИМА пешниҳодҳои ирсолкардаи Теҳронро ба назар мегирад."Оташбас бо қабули пешниҳодҳои Эрон ба вуҷуд омад ва натиҷаи хуни рехтаи шаҳиди бузурги мо Хоманаӣ ва иштироки мардуми мо буд. Аз имрӯз сар карда, мо якҷоя истодагарӣ хоҳем кард - ҳам аз ҷиҳати дипломатӣ ва ҳам аз ҷиҳати дифоъ", - навиштааст Пизишкиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ.Тоҷикистон низ аз созиши оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон истиқбол кард.“Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.Ҳамчунин Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад мерасонад.ВУХ-и Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват кард, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.
https://sputnik.tj/20260408/istiqboli-tojikiston-tavoffuqi-otashbas-ima-eron-1076692644.html
https://sputnik.tj/20260407/zarbaho-eron-ima-isroil-hadaf-giriftand-aks-1076664591.html
https://sputnik.tj/20260324/poyoni-jang-khovari-miyona-tramp-eron-1076273351.html
ховари миёна
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/04/1075754427_177:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_4199f4cbe930f134fd6250e57b1ad1e3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, ховари миёна, оташбас, има, трамп, низоъ, ҷанг, сиёсат
эрон, ховари миёна, оташбас, има, трамп, низоъ, ҷанг, сиёсат
Кӣ пирӯз шуд?: Эрон ва ИМА барои ду ҳафта оташбас эълон карданд
Ахиран раисҷумҳури ИМА дар бораи оташбаси дуҳафтаина дар ҷанг бо Эрон эълон кард
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп, ки як рӯз пеш Эронро ба"асри санг" таҳдид карда буд, ба оташбаси дуҳафтаина розӣ шуд, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
Дар ин давоми ду ҳафта Ҷонибҳо созишномаеро баррасӣ хоҳанд кард, ки тибқи он Теҳрон аз ҳама гуна таҳримҳо озод мешавад ва ба ИМА ба Эрон барои товони ҷанг медиҳад ва назорати тангаи Ҳурмузро нигоҳ медорад.
Дар иваз оташбас Теҳрон тангаи Ҳурмузро боз мекунад.
Доналд Трамп ахиран дар шабакаи иҷтимоии Truth хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида бомбаборони Эронро барои ду ҳафта бо шарти кушодани фаврии тангаи Ҳурмуз бозмедорад.
“Мо аз Эрон пешниҳоди даҳ шарт гирифтем ва онро заминаи қобили гуфтушунид мешуморем” –изҳор дошт Трамп.
Шӯрои олии амнияти Эрон оташбасро тасдиқ кард.
Дар изҳороти расмии Эрон гуфта мешавад, ки ин кишвар “ғалабаи бузург ба даст овард ва Амрикои ҷинояткорро маҷбур кард, ки нақшаи даҳ шарти ҷониби онҳоро қабул кунад”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчӣ дар як хабари алоҳида тасдиқ кард, ки дар давоми ду ҳафта киштиҳо метавонанд аз тангаи Ҳурмуз убур шаванд, ба шарте иқдомҳои худро бо низомиёни эронӣ ҳамоҳанг созанд.
Расонаҳо ҳамчунин хабар доданд, ки музокироти мустақим байни Эрон ва ИМА рӯзи даҳуми апрел дар Покистон оғоз мешавад.
Кохи Сафед тасдиқ кард, ки ИМА ин имкониятро баррасӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки Теҳрон пешниҳоди оташбасро “пас аз талошҳои ноумеди дипломатии Покистон” ва дахолати Чин қабул кард.
Исроил, ҳам эълон кард, ки ба оташбаси дуҳафтаина ҳамроҳ мешавад.
Вале маълум нест, ки оташбас кай эътибор пайдо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл Доналд Трамп ба Эрон барои боз намудани тангаи Ҳурмуз муҳлат дод ва изҳор дошт, ки дар сурате, тангаи Ҳурмуз боз нашавад “тамоми тамаддун дар як шаб мемирад”.
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова, дар шарҳи оташбас байни ИМА ва Эрон, гуфт, ки равиши ҳамлаҳои хашмгинона ва беасос шикасти сахте ба бор овард.
"Ҳамаи изҳороти .. хашмгинтар, таҳқиромезтар, навиштани бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва"пирӯзӣ" наздик аст, ин мавқеъ бори дигар шикасти сахте хурд. Мисли ҳамлаи яктарафа, хашмгинона ва беасос.", - гуфт Захарова дар радиои Sputnik.
Дар пайи эълони оташбас ҳама ҷонибҳои низоъ аз пирӯзии худ элон карданд.
Трамп дар шабакаи иҷтимоиаш аз пирӯзии ИМА таъкид кард. Эрон низ эълон кард, ки дар ҷанг пирӯз шудааст ва ИМА пешниҳодҳои онро қабул намудааст. Ҳатто Исроил ва АМА низ аз пирӯзӣ эълон карданд.
Дар ҳамин ҳол, президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ахиран изҳор дошт, ки оташбас бо ИМА пешниҳодҳои ирсолкардаи Теҳронро ба назар мегирад.
"Оташбас бо қабули пешниҳодҳои Эрон ба вуҷуд омад ва натиҷаи хуни рехтаи шаҳиди бузурги мо Хоманаӣ ва иштироки мардуми мо буд. Аз имрӯз сар карда, мо якҷоя истодагарӣ хоҳем кард - ҳам аз ҷиҳати дипломатӣ ва ҳам аз ҷиҳати дифоъ", - навиштааст Пизишкиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Тоҷикистон низ аз созиши оташбаси дуҳафтаина байни Амрико ва Эрон истиқбол кард.
“Умедворем, ки музокираҳои дар рӯзҳои наздик байни тарафҳои низоъ пешбинишуда ба сулҳи дарозмуддат ва ҳамаҷониба дар минтақа оварда мерасонанд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин Вазорати хориҷа таъкид кардааст, ки ин низоъ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъи мураккаби Ховари Миёнаро боз ҳам сангинтар мегардонад ва ба ҳамаи кишварҳои минтақа зарари ҷиддӣ хоҳад мерасонад.
ВУХ-и Тоҷикистон бори дигар аз тарафҳои низоъ даъват кард, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашида, роҳҳои сиёсӣ-дипломатиро дар асоси меъёрҳои бунёдии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Низомномаи СММ ба кор гиранд.